Шукурҷон Зуҳуров зимни сӯҳбатҳои худ дар ин замина иброз дошта буд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон куштори ин муҳоҷири тоҷик дар Федератсияи Русияро шадидан маҳкум намуда, аз масъулони шаҳри Санкт Петербурги Федератсияи Русия қотеона тақозо карда буд, ки сабабҳои ин ҳодисаро дар наздиктарин айём муайян ва омилони ин ҳодисаро ҳарчӣ зудтар пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашанд.
Муҳамадато Султонов, сухангӯйи МН зимни ташреҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов рўзҳои 6-7-8-декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт –Петербург пеш аз ҳама бо масъулоне, ки аз ин ҳодиса огоҳанд, мулоқот намуд. Ватанов бо ҳамроҳии муфаттише, ки кори ин қазияро бурда истодааст, ба ҷои воқеаи рухдода ба деҳаи «Новая»-и шаҳри Гатчино рафта, аз наздик ошно шуданд. Деҳа дар наздикии ҷангалзор воқеъ аст. Автомашинаи ба тамом сӯхта маҳз аз ҳамин ҷангалзор ёфт шудааст. Гуфтанист, тағойи марҳум Бахтиёр Расулов дар ҳодисаи куштори ҷиянаш Маҳмадалӣ Ватановро ҳамроҳи дорад.
Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки экспертизаи аввалин аз рўи ин ҳодиса рўзи 10 декабр маълум мегардад. То ба имрўз муайян шудааст, ки ҳодисаи сари буридаи шаҳрванди Тоҷикистони ягон асоси воқеӣ надорад. Танҳо пас аз ташхис дигар паҳлуҳои ин ҳодиса барои тафтишот равшан мегардад. Маҳмадалӣ Ватанов, ҳамчунин барои пурра равшанӣ андохтан ба ин қазия бо муовинони прокурори вилояти Ленинград Николай Егоров ва Сергей Есипов мулоқот анҷом дод. Зимни баррасии ин масъала ҷониби Санкт-Петер бург иброз намуд, ки қазияи мазкур албатта боиси нигаронии онҳо низ гардидааст ва ягон нафари солимақлро бетараф гузошта наметавонад. Онҳо ваъда доданд, ки дар кутоҳтарин мӯҳлат омилони ин ҳодиса пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Фиристодаи Маҷлиси намояндагон ҳамзамон оиди ҳамин қазия бо муовини раиси ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург А . Марков, сардори шўъбаи робитаҳои байналмиллалӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Науменко ва сардори шўъбаи тартиботи ҳуқуқӣ шаҳри мазкур Сергей Тимофеев дидору гуфтугӯ доштааст.
Бино ба иттилои Маҳмадалӣ Ватанов, то кунун дар Санкт-Петербург зиёда аз 74 ҳазор муҳоҷирини меҳнатии тоҷик кору фаъолият доранд. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо ҷониби Санкт-Петербург изҳор дошт, ки муҳоҷирони тоҷик нисбат ба дигар намояндагони миллатҳо хеле меҳнатдӯст ва ҳалиму хоксор буда, меҳнати софдилона доранд. Дар ин замина Руссия низ ба қувваи кории муҳоҷирони точик бештар ниёзманд аст ва хостори ин аст, ки тоҷиконе, ки хоҳиши кор дар кишвари онҳоро доранд, ҳадди ақал забони русиро донанд ва соҳиби касби махсусе бошанд.
Дар назар аст, ки фиристодаи парламенти Тоҷикистон, пагоҳ- рўзи 10 декабр бо муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар шаҳри Маскав дидору гуфтугӯ кунад.
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |