Бахшҳо
08 дек 2011 09:21Сиёсат

Р. Зоиров: Дар интихоботи президентӣ иштирок мекунем!

4-уми декабри соли равон анҷумани 12-уми Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) паси дарҳои пӯшида баргузор гардид.

Раҳматилло Зойиров, дубора раҳбари ҳизб барои 5 соли дигар интихоб гардид. Номбурда  зимни баргузории як нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ҷониби Шӯрои сиёсӣ номзадии 4 нафар: Р. Зойиров, Шӯҳрат Қудратов, Дилбар Самадова ва Амният Абдулназаров пешниҳод гардида, Д. Самадова ва А. Абдулназаров то замони овоздиҳӣ номзадии худро бозпас гирифтаанд. Раҳматилло Зойиров дар натиҷаи овоздиҳӣ райъи бештар гирифтааст.

Р. Зойиров хамчунин гуфт, ки сабаби паси дарҳои пӯшида сурат гирифтани анҷуман ин "баррасии масоили муҳим ва дохилиӣҳизбӣ" будааст.

"Бино бар мушоҳидаи ман аксарияти аъзои аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро тоҷикон ташкил дода, дар анҷуманҳо ҳам зоҳиран ҳузури тоҷикон бештар ба назар мерасад. Ин кори начандон дуруст аст. Мо дар анҷумани худ тоҷикон, русҳо, укроинҳо ва ӯзбакҳоро даъват намудем. Ҳадафи аслии мо ҷалби дигар халқиятҳо ба ҳизб аст. Аз ин хотир мо тасмим гирифтем, то дар ҲСДТ тағйири ном ворид бисозем", мегӯяд Раҳматилло Зойиров.

Аммо ин ягона паҳлуи тафовутпазири анҷумани ҲСДТ аз аҳзоби дигар набудааст. Пешвои сотсиал демократҳо ҳамчунин хабар дод, ки аз ин пас ҲСДТ ба Ҳизби умумимилии сотсиал демократҳо (ҲУСД) табдил ёбад. Қарор аст давоми 2 ҳафтаи дигар ҲУСД асноди лозимаро омода намуда, барои тағйири сабти ном ба Вазорати адлияи Тоҷикистон муроҷиат намояд. Раҳматилло Зойиров гуфт, ки ҳатто дар сурати рад гардидани пешниҳодашон аз ҷониби вазорати адлия ҲСДТ расман боқӣ монда, дар амал ҳамчун ҲУСД фаъолият хоҳад кард.

Раҳматилло Зойиров гуфт, ки ширкат дар интихоботи президентии соли 2013 яке аз аҳдофи аслии ҳизбаш буда, бо "сабабҳои муаяйн" номзад ба интихоботи райисҷумҳур эълон карда намешавад. Дар хамин ҳол, ӯ гуфт онҳо метавонанд ҳамчунин масъалаи номзади ягонаро низ баррасӣ кунанд.

Баровардани кишвар аз бӯҳрони иқтисодӣ, ислоҳоти маъмуриву ҳудудӣ ва ислоҳоти қонуни интихоботро номбурда яке аз нуктаҳои аслии барномаи ҳизбӣ арзёбӣ намуд.

Раҳматилло Зойиров гуфт, ки бовар дорад дар соли 2015 ҲСДТ яке аз аҳзоби парлумонӣ хоҳад шуд: "Мо барои ворид шудан ба парлумон омодагӣ дорем. Ин яке аз гомҳои ҷиддӣ буда, тасмимамон низ устувор аст. Дар сурати ворид нашудани намояндагони ҲУСД ба парлумон дар соли 2015 раҳбари вақти ҳизб ба истеъфо хоҳад рафт. На танҳо аз раҳбарияти ҳизб, балки аз сиёсат бояд даст кашад".

Дар робита ба изҳороти Раҳматилло Зойиров, Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари Анҷумани мили сиёсатшиносони Тоҷикистон (АМСТ) мегӯяд, ки вазъияти сиёсии Тоҷикистон дигаргуна аст. Ва дар кишвар бо ин вазъият на танҳо ҳизби ҳоким ҳатто аҳзоби сиёсӣ низ "обутоб" ёфтаанд. Инро метавон бо он арзёбӣ намуд, ки дар анҷуманҳо раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар баъзан ваъдаҳои пурсарусадо медиҳанд, ки дар натича иҷро намешавад.

Барои мисол мегирем, анҷумани қабл аз интихоботии ҳизбҳои сиёсиро, ба хусус ҲСДТ. Он замон раҳбарони аҳзоби сиёсӣ, ба вижа Раҳматилло Зойиров эълон доштанд, ки дар сурати баргузории шаффоф ҳатман вориди парлумон мешаванд ва дар сурати тақаллубкорӣ онҳо вазъиятро тағйир медиҳанд.

Зимнан, Абдулғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, ки барои ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон одат шудааст, ки сари ҳарчанд муддат аз худашон хабар бидиҳанд. Номбурда мегӯяд, ки

тасмимҳо ва изҳороти ҲСДТ бештар рабт дорад ба таҳавулоти минтақа. "Таъсири бевоситаи Бишкек аст. Дар Қирғизистон сотсиал демократҳо сари қудрат омаданд. Ин барои аҳзоби минтақа хеле муҳим аст. Барои ҳама рӯшан аст, ки Алмосбек Отамбоев бо ёрии Кремл сари қудрат омад. Аз ин хотир ҲСДТ ҳам талош дорад, то ба аҳзобаш халқиятҳои дигарро ҷалб намояд".

Ба бовари Абдулғанӣ Маҳмадазимов, ҲСДТ бо ин шева бештар ба арзишҳои пасошӯравӣ арҷ  мегузорад. Пас аз сари қудрат омадани сотсиал демократҳои қирғиз сотсиал демократҳои Тоҷикистон низ нерӯи тоза гирифтанд. Акнун ҲСДТ низ дар навбати худ мехоҳад, то аз ёрӣ ва пуштибонии Русия баҳраманд бошад.

Дар робита ба интихоботи ояндаи Тоҷикистон Абдулғанӣ Маҳмадазимов гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти дохилаи кишвар ҲСДТ наметавонад ҷонибдори зиёде пайдо намояд: "Дар Тоҷикистон вазъият дигар аст. Аҳзоби сиёсии кишвар на барои ҷалби чонибдорон, балки бештар барои боло бурдани мавқеи худ талош доранд. Дар дигар кишварҳо баръакс аст. Аз ин хотир изҳороти ҲСДТ маънои "мо ҳастем"-ро дорад", мегӯяд Абдулғанӣ Маҳмадазимов. Зеро, ҲСДТ ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар мавқеи аввал нест. Дар Тоҷикистон сотсиал демократҳо дар ҷойи 4-ум ва ё 5-ум қарор доранд. Ба назари ман онҳо феълан мехоҳанд, ки бо чунин изҳоротҳо чанд зина боло бираванд.

Мушкили аслии чанд зина боло рафтани ҲСДТ-ро Абдулғанӣ Маҳмадазимов дар ташаккул наёфтани синфи миёнаи ҷомеа арзёбӣ мекунад. Ба бовари номбурда ҲСДТро лозим аст, то барои пайдо кардани пуштибони бештар фаъолияти муассирро ба роҳ бимонад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз таҳлилгарон бурди асосии ҲСДТ ро дар устувории мавқеъгириҳои он арзёбӣ мекунанд. Гуфта мешавад, пас аз интихоботи  соли 2005 ва ба мушкил гирифтор шудани аҳзобе чун ҲДТ ва ҲСТ нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон як қадар эҳтиёткор шудаанд. Дар ин миён танҳо ҳизби Зойиров буд, ки гоҳ гоҳ бо изҳороти то андозае ҷасуронааш баромад мекард. Дуруст аст, ки чанд сол пеш онҳо низ ба мушкил гирифтор шуданд. Аз ҷумла, дар соли 2007 вазорати адлия бо чанд сабаб хостори муваққатан қатъ кардани фаъолияти ҲСДТ шуд. Баъдан бо кадом сабабе аз ин даъвои худ даст кашид. Бархе аз коршиносон гуфтанд, чунин мавқеъгириҳо нисбати ҲСДТ ба интихоботи ахири президентӣ дар соли 2006 рабт дорад, ки Зойирову ҳамҳизбиёнаш онро "ғайриқонунӣ" эълон карданд. Аз ин лиҳоз, ҳоло ки Зойиров мехоҳад ҳизби худро бо номи дигар сабти ном кунад, аз эҳтимол дур дониста намешавад, ки дар масъалаи сабти он мушкил пеш наояд."Агар онро ба ?айд нагиранд ҳам Зойиров худро ғолиб эҳсос хоҳад кард. Зеро мавзӯи наве хоҳад буд, ки боиси баҳси доираҳои сиёсии хориҷу берун мешавад. Аз ин лиҳоз шояд ҳисоби ҲСДТ низ ба ҳамин иттифоқ афтода. Вагарна ҲСДТ дар чанд соли ахир ҷасорати қаблии худро гум кардаву як қадар танҳо низ мондааст" мегӯянд таҳлилгарон.

Аммо ин фарзия то куҷо метавонад дуруст бошад, то ду ҳафтаи дигар посухи худро хоҳад ёфт... Интизор мешавем...

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)