Аз 5 то 9-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи чумҳуриявӣ оид ба бокс байни наврасони сини 16-17 сола доир мегардад.
Дар мусобиқа ҳайати дастаҳои ВМКБ, вилояти Суғд, Хатлон 1, Хатлон -2, Душанбе -1, Душанбе- 2, ва шаҳри Турсунзода ширкат мекунанд. Ба иттилои маркази матбуотии кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ, дар ин мусобиқа варзишгарон аз рӯи вазнҳои 46, 48, 50, 52, 54, 57, 60, 63, 66, 70, 75 ва аз 80кг боло қувваозмоӣ хоҳанд кард. Чорабинии мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20- солагии истиқлолияти кишвар баргузор мегардад.{jathumbnail off}
Мӯҳр