Бахшҳо
02 дек 2011 06:29Гузориш

Шӯрои ВАО: «Мо бюрократ нестем»

Ҳич кас доимӣ боқӣ намемонад дар ин шӯро. Ҳатто Мову Шумо  ва он шахсоне, ки сари ин Шӯро сахт кор кардаанд…

Зинатулло Исмоилов барои маротибаи дуввум райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб гардида, зимнан дар ҷаласаи солонаи ин ниҳод ба Ойинномаи Шӯро тағйирот ворид нагашт. Ин дар ҳолест, ки дар оғози ин ҳамойиш журналистон ва бархе аз аъзоёни ин Шӯро атрофи тағйироти Ойиномаи Шӯрои ВАО баҳсу мунзираро шурӯъ карда буданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дирӯз 1-уми декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи мавсум ба «Тоҷикистон» ҳамойши марбут ба ҷамъбасти кори яксолаи Шӯрои ВАО сурат пазируфт.

Журналистони қаторӣ ҳам ҳақ доранд

Иноят Иноятов, ҳуқуқшинос ва ҳамзамон узви шӯрои мазкур дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» иброз дошт, ки дар баъзе ҷузъиётҳои ойинома ва ҳуҷҷатҳои дохилии шӯро, хусусан дар низомнома ва регламенти фаъолияти он баъзе мухолифатҳо вуҷуд доранд. Вале дар маҷмӯъ, ойиномаи Шӯрои ВАО ба талаботҳои қонунгузорӣ мувофиқат мекунанд, афзуд номбурда. Ӯ гуфт, бояд Шӯрои ВАО бо мақомотҳои давлатӣ ҳар чӣ зудтар ҳамкориҳояшро ба роҳ монад: «Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон тӯли фаъолияташ асосан масъалаҳои риоя гардидани меъёрҳои ахлоқиро баррасӣ намуд ва дар ин самт муваффақ ҳам шуд. Аз ҷумла он баҳсҳои ахлоқие, ки миёни журналистон, хонандагон ва идораҳои воситаҳои ахбори омма сурат гирифт, Шӯрои ВАО мусоидат намуд, ки чунин баҳсҳо то суд нараванд. Бо ин амали худ шӯрои мазкур тавонист то андозае озодии суханро таъмин намояд. Дар Шӯрои ВАО мушкилотҳо вуҷуд дранд. Дар байни хонанадагон тарғиби меъёрҳои ахлоқиро бояд дар сатҳи баландтар ба роҳ монанд. Мушкили дигар он аст, ки қисми зиёди журналистон дар бораи мақсаду ҳадафҳои Шӯрои ВАО ва меъёрҳои ахлоқии кори журналисти хабар надоранд. Ин ниҳод, ки имрӯз дар Тоҷикистон фаъолият дорад, аз ҷиҳати тарзи ташкил ва фаъолият ба шӯроҳҳои ВАО-и бисёр кишварҳои Аврупо наздикӣ ва монандӣ дорад. Асосан дар Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон татбиқи таҷрибаи шӯрои ВАО-и Финландия, давлати Ҳолланд,  Британияи Кабир, Олмон ва аз кишварҳои пасошӯравӣ- Озарбойҷон, Арманистон,  Гурҷистон ва Русия ба назар мерасад. Барои самаранок шудани фаъолияти Шӯрои мазкур ман пешниҳод мекунам, ки бояд иштироки рӯзноманигорон дар мақомоти роҳбарии ин шӯро таъмин карда шавад. Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон бояд бо мақомотҳои дахлдор, аз қабили кумитаи телевизион ва радио ва ҳамчунин бо вазорати фарҳанг ҳамкориҳояшон дар сатҳи баланд қарор дошта бошанд, вале мутаасифона чунин ҳамкорӣ имрӯзҳо ба назар намерасанд. Яке аз вазифаҳои асосии ин шӯро дар соли 2012 бояд ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо мақомотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорати адлия, вазорати фарҳанг ва кумитаи телевизион ва ридио  бошад».

Фаҳмиши «нодуруст»-и Раҷаби Мирзо

Ҳамзамон, Раҷаби Мирзо , сарвари маркази таҳлилии «Бозтоб»  ин гуфтаҳоро тақвият бахшида иброз намуд, ки дар ин Шӯро як қисми аъзоёнаш ба таври бюрократӣ боқӣ мондаанд: « Ин аз нигоҳи ҳуқуқӣ мухолифат мекунад ба ойинома ва аз нигоҳи сиёсию ахлоқӣ ҳам дуруст нест, бинобар ин, ман пешниҳод мекунам, ки дар ойинномаи Шӯро тағйирот ворид карда шавад». Профессор Иброҳим Усмонов пешниҳоди журналистро роҷеъ ба ворид намудани тағйирот ба ойиннома қабул намуд, вале гуфтаҳои ӯро ҷиҳати ба таври бюрократӣ боқӣ мондани бархе аъзоёни Шӯро  фаҳмиши нодурусти Раҷаби Мирзо унвон кард: «Ҳич кас доимӣ боқӣ намемонад дар ин шӯро.  Мову Шумо  ва он шахсоне, ки сари ин шӯро сахт кор кардаанд- Зафари Суфӣ, Қаршибоев, Зинатулло нафарони бюрократӣ нестанд…».

Зинатулло Исмоилов, зимни баромадаш қайд намуд, ки ташкили Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон дар шароите ба миён омад, ки дар ҷомеаи журналистон мухолифат зиёд буд. Баъзеҳо, ки мухолифи ин иқдом буданд, фикру андешаи худро ба он асоснок мекарданд, ки ташкили Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон мақоме мешавад, ки ба сензура ва маҳдудсозии фаъолияти онҳо равона мегардад, вале қабул гардидани меъёрҳои ахлоқии журналистӣ ҳеч гоҳ маънии маҳдудияти озодии суханро надорад. Ба қавли Зинатулло Исмоилов, вуҷуд доштани баҳсу мунозираҳо ва фикру андешаҳо  вобаста ба ин ё он мавзӯҳои муҳиме, ки дар ҷомеаи рӯзноманигорӣ аст, гумон мекунам  гувоҳӣ аз он медиҳад, ки мо худамон низ воқеан ҳам  аз он принсипҳое кор мегирем, ки дигаронро талқин мекунем:  ----

-Ҳарчанд Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ҳамчун механизми худтанзимкунандаи фаъолияти журналистон ҷиҳати ҳалли қазияи журналистон то додгоҳ фаъолият мебарад, вале дар ин маврид мо камбудиҳои зиёде  дорем,- афзуд Зинатулло Исмоилов. Номбурда қайд кард, ки теъдоди расонаҳое, ки Шӯрои ВАО-ро эътироф кардаанд, хушбахтона зиёд аст: « Мо ҳеч вақт барои аъзоёни худро зиёд кардан мисли бархе ташкилотҳои дигар пеши худ вазифа намегузоем. То ҳанӯз нашрияҳое, ки меъёрҳои ахлоқиро эътироф накардаанд-  Миллат, СССР ва Нигоҳ мебошанд».

Дӯстов: Хуб мешуд, агар ин Шӯро…

Саймиддин Дустов райиси шӯрои муҳаррирони «Нигоҳ» дар робита ба ин   иброз дошт, ки ахлоқи журналистӣ дар «Нигоҳ» болотар аз ҳама гуна меъёрҳои ахлоқии ин ташкилоти сунъӣ аст ва таҷрибаи 5 солаи  фаъолияти мо гувоҳӣ ин гуфтаҳо мебошад: «Шӯрои ВАО ташкилоти ба шеваи муқаррарии САҲА ношаффоф таъсисёфта аст, ки назди журналистон ва идораҳои воқеъан  мустақили миллӣ чандон арзиш надорад. Хуб мебуд, ки ин ташкилот сиёсатҳои   аъзояшро, ки: а) бар зидди давлатдории миллии тоҷикон равона шудааст; б) ба ғасби ғайриқонунӣ ва якбораи бозори рекломи Тоҷикистон нигаронида шудаанд, хотима бубахшад».

Ҳамзамон, масъулини кумитаи телевизион ва радиои кишвар пешниҳод намуданд, ки Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон минбаъд меъёрҳои риоя гардидани забони давлатиро низ дар фаъолияташ ба инобат гирад, зеро феълан дар расонаҳои кишвар тарзи нодурусти истифодаи калимаву ибораҳо ба назар мерасанд.

Алишер Зарифӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)