Аз борхалтаи марбут ба Р.М дар шаҳри Хуҷанд маводи мухаддир дарёфт гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, аснои баргузории як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Ғончӣ нашъаҷаллоб боздошт шуд. Ҳангоми кофтукоби шахсӣ аз ҷузвдони мутаалиқ ба Р.М ҳудуди 1 килову 04 грамм «ҳероин» сабту мусодира гардидааст.«Оиди ин ҳодиса нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200, қисми 4 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, ё прекурсорҳо бо мақсади соҳибият, ба каси дигар додан) боз гардида, тафтишот идома дорад»,- афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр