Бахшҳо

Сил Тоҷикистонро дигар "мағлуб" карда наметавонад

Дар қиболи ҳукми ду халабони рус, ки додгоҳи Қӯрғонтеппа онҳоро нахуст барои 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард, дар Русия боз аз ҷои дарднок барои Тоҷикистон панҷа заданд.
Боздошт ва ихроҷи муҳоҷирини тоҷик гӯё мақомоти он кишварро қонеъ накард, ки бархе мансабдорон ва сиёсатмадорони рус ҳар гуна иттиҳомотро ба ҳамватанони муздури мо "часпониданд". Нахуст онҳоро содиркунандаи бештари ҷиноёт дар кишварашон номиданд ва баъдан сардухтури №1-и Русия муҳоҷиронро паҳнкунандаи бемориҳои сироятӣ, аз қабили  ВИЧ/СПИД ва сил унвон кард. Дар чанд соли пеш низ бархе расонаҳои дохиливу хориҷӣ Тоҷикистонро макони "силзадаҳо" ба қалам дода буданд, аммо ахиран ин муносибат тағир хӯрда буд, то он ки Геннадий Онишенко ин масъаларо аз нав доғ накард. Аммо масъулини Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамеша чунин иддаоҳоро беасос ва бепоя хондаанд. Ин навбат ҳам посух чунин буд.



Сардухтури №1-и Русия дурӯғ мегӯяд


"Сару садоҳое, ки рӯзҳои охир алоқаманд ба мавзӯи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, аз ҷумла ба бемории вируси норасоии масунияти бадан ва сил мубтало будани онҳо ҳатто аз ҷониби кишварҳои ба мо дӯст бардошта мешавад, заминаи воқеӣ надорад", -изҳор дошт, Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон. Номбурда, ки дар ҷаласаи ҷумҳуриявие бо унвони "Дурнамои идоракунии татбиқи Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил" дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, дар солҳои ахир Тоҷикистон муваффақ шуд, то хуруҷи бемории силро дар кишвар боздорад. Мизони фавт аз касалии сил низ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода шудааст. Аз ин қабл Абдухолиқ Назаров, муовини директори хадамоти санитарии Тоҷикистон дар вокуниш ба суханони Геннадий Онишенко, раҳбари хадамоти беҳдошти Русия гуфта буд, ки шаҳрвандони кишвар пеш аз сафар ба хориҷ аз муоинаи тиббӣ барои муайян кардани ҳолатҳои бемории сил, ВИЧ ва СПИД мегузаранд. Ба қавли вай чунин эҳтимол ҳам мавҷуд аст, ки баъзеи онҳо дар Русия ба касалиҳои сироятӣ мубтало шаванд.


Зимнан, баъзе мутахассисони бахши беҳдоштӣ мегӯянд, шароити будубоши аксари муҳоҷирон дар Русия мояи нигаронист. Муҳоҷирон як бахши назарраси гурӯҳи хавфро ташкил медиҳанд, ки имкони сироятёбияшон ба сил бештар аст. Бахтиёр, як ҳамватани 26 солаи мо ҳам маҳз дар Русия ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Дар як сӯҳбат номбурда гуфт, ки 15 сол дар муҳоҷират буд ва вақте эҳсос кард, ки вазъи сиҳатияш бад мешавад ба Тоҷикистон баргашт. Ташхис маълум намуд, ки ба сили мутобиқшуда гирифтор шудааст. Соҳибназарон мегӯянд, Бахтиёр мисоли ягона нест, балки теъдоди афроде, ки аз Русия бемории силро "армуғон" меоранд, кам нестанд…


Абдухолиқ Назаров, муовини директори хадамоти санитарии Тоҷикистон ҳарфҳои Онишенкоро дар мавриди назорати нокофии тиббӣ дар қаламрави кишварҳои пасошӯравӣ рад намуд. Дар робита ?ктам Бобохоҷаев, раиси Маркази мубориза бо сили Тоҷикистон ҳам гуфт, ки барои ташхис ва пайдо кардани беморони сил дар ҷумҳурӣ тамоми шароит фароҳам шудааст. "Мо 97 озмоишгоҳ дорем, яъне дар ҳар минтақа як лабаратория". Бо кӯмаки таҷҳизоти муосир ҳамасола ҳудуди шаш ҳазор беморони нави сил бо назардошти онҳое, ки такроран ба қайд мерасанд ошкор мешавад.


Беморхонаҳои замонавӣ боз як қадами устувор алайҳи сил


Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ ҳам мегӯяд, Тоҷикистон бо кӯмаки шарикони хориҷӣ дар самти ошкор намудани афроди мубтало ба сил ва ҷилавгирӣ аз паҳншавии он пешрафтҳои назаррасе дорад. Яке аз ҳадафҳо дар самти мубориза бо сил бунёди табобатхонаҳои зиддисилӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Саидаҳтам Рустамов, сардухтури беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии бемории сил, воқеъ дар шаҳраки "Шифо"-и ноҳияи Ваҳдат ба "Озодагон" гуфт, ки таъмири асосии бинои беморхона ба охир расида, қарор аст 10-уми декабр расман ба истифода дода шавад. Ба гуфтаи сардухтур ин бино бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳхаз аст, аз ҷумла компютери томографӣ, ки мушкили табибони бемориҳои зиддисилиро осон мегардонад. "Бинои нав барои 220 бемори сили ғайришуш пешбинӣ шудааст".


Мавриди тазаккур аст, як бинои дигари шифохона соли 2009 ба истифода дода шуд.


Зимнан, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ маблағгузории таъмири асосии бинои беморхонаи зиддисилии вилояти Суғд низ ҳали худро ёфтааст. Дар маркази ВМКБ ҳам сохтмони беморхонаи зиддисилӣ идома дорад. Ҳамчунин дар шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон бунёди як табобатгоҳи муосири зиддисилӣ ҷараён мегирад.


Ба қавли Соҳибназар Раҳмонов онҳо дар доираи татбиқи Барнома муваффақ шудаанд, ки заминаи моддӣ-фаннии гузаронидани ташхиси саривақтии дарёфти бемории силро омода намоянд. "Аз ҳама муҳимаш барои омода намудани мутахассисон ба натиҷаҳои мусбие расидем. Танҳо дар якуним соли ахир зиёда аз 50 фтизиатр тайёр кардем. Ба соҳаи зиддисилӣ мутахассисони ҷавон таваҷҷӯҳи зиёд доранд".


Вазъи маҳбасхонаҳо ҳам таҳти назорат аст


Дар чанд соли гузашта вазъи беморони сил дар маҳбасхонаҳо низ аз мавзӯъҳои мавриди нигаронӣ маҳсуб мегардид. Аммо ба қавли мутахассисон ҳоло дар муассисаҳои ислоҳӣ низ вазъ пурра таҳти назорат аст. Рустам Нуров, сардори раёсати тиббии сараёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати адлия мегӯяд, агар соли 2004 дар қайди диспансерӣ 1800 нафар қарор дошт, пас ҳоло ин рақам ба 360 мерасад.


"Дар соли ҷорӣ 170 бемори нав сабти ном шуда, 40 нафари онҳо такроран бемор шудаанд. 17 нафар мубталои шакли мутобиқшудаи сил ҳастанд. Табобати ин навъи беморӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ аз оғози соли 2010 шурӯъ гардидааст".


Мизони вафти гирифторони сил дар маҳбасҳо низ солҳои охир тамоюлӣ поинравӣ дорад.


Зоҳир Абдуллоев, муовини раиси Маркази мубориза бо сили Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози бемориҳои сил дар маҳбасхонаҳо гуфт, ҳоло мошини ташхиси рентгенӣ дар ҳар шаш моҳ дар тамоми муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ташхис гузаронда ва афроди бемор дар утоқҳои вижа таҳти муроқибат қарор мегиранд. Дар ҳамин ҳол ба қавли Рустам Нуров маҳбусоне, ки мӯҳлати табобаташон дар муассисаҳои ислоҳӣ ба анҷом нарасида, аз зиндон раҳо мешаванд, бо кӯмаки маркази ҷумҳуриявии мубориза бо сил ва ташкилотҳои хориҷӣ идомаи табобатро мегиранд.


Мавриди тазаккур аст, ки маҳбасҳои Тоҷикистон ҳам дар радифи 15 ноҳияи таҷрибавӣ ба Барномаи ҷадиди мубориза бо навъи мутобиқшудаи бемории сил шомил гардидааст.


Пешгирии бемории сил, табобат ва барқарорнамоӣ аз дурнамои фаъолияти муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дар қиболи бемории сил унвон мешавад.


Тоҷикистон барои муқобила бо сил нерӯи кофӣ дорад


Муовини вазири тандурустӣ мегӯяд, натиҷаи татбиқи барнома имрӯз миёни тамоми қишри ҷомеа эҳсос мешавад. Имрӯз дар кишвар тамоми нерӯи зеҳниву ақлонӣ мавҷуд аст, ки ба ҳадафҳои ниҳоии "Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил" бирасем. Тоҷикистон имрӯз барои муқобила бо сил нерӯи кофӣ  дорад. "Мо тасмим гирифтем, аз ин ба баъд раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар дар баробари иҷрои нақшаи пахта ва дигар корҳои хоҷагӣ ҳатман нисбат ба бемории сил ҳам назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва президент ҳисобот бидиҳанд",-илова кард ҷаноби Раҳмонов.


Аммо муовини вазир ба кӯмаки шарикон ишора намуд, ки бидуни он мубориза бо бемории сил дар кишвар номумкин буда аст. "Имрӯз ба бахши зиддисилии вазорати тандурустӣ бо дастгирии шарикон бештар аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағ равона шудааст". Ин ҳам дар ҳоле, ки Тедл Меземир, масъули дафтари Сандуқи Ҷаҳонӣ ё Глобал Фонд дар Тоҷикистон гуфт, ин созмон барои муқобала бо сил дар Тоҷикистон ҳашт тарҳро рӯйи даст гирифтааст, ки ҳазинаи умумиаш 35 миллион долларро ташкил медиҳад".


Ҳамасола беш аз 800 мубталои бемории сил дар Тоҷикистон аз сӯи Сандуқи Ҷаҳонӣ бо маводди ғизоӣ ва дору таъмин мешаванд.


Дар мубориза бо сил бетараф набошед


Соҳибназар Раҳмонов мегӯяд, ҳукумати кишвар дар давраи буҳрони ҷаҳонӣ иқдоми вазорати тандурустиро дастгирӣ намуд ва дар шаҳру навоҳии кишвар шӯъба ва бахшҳои тандурустӣ фаъол шуданд. "Танҳо кормандони бахши тиб зиёда аз 50 ҳазор нафар ҳастанд (бо шумули ҳамшираҳо ва пизишкон) агар ҳар нафари мо барои дарёфти бемории сил саҳмгузор мебудем имрӯз дарёфти сил дар кулли минтақаҳои кишвар андаке зиёдтар мешуд. Рақамҳои расмии оморие ки дар Тоҷикистон ҳаст, ман бо масъулият мегӯям шояд воқеиятро инъикос накунад".


Муовини вазир ҳамчунин сару садоҳо дар мавриди аз бемории сил бештар ба ҳалокат расидани беморонро дар кишвар рад намуд. "Дар Тоҷикистон дар ҷои аввал сабаби фавт бемориҳои дилу рагҳо ҳастанд. Агар ҳамасола ҳудуди 33 ҳазор нафарро аз даст диҳем, наздик ба 16,5 ҳазораш бо иллати маризии дилу рагҳо мефавтанд".


Мутахасисони соҳаи тандурустӣ мегӯянд, пешгирӣ аз муосиртарин роҳи табобати сил мебошад. Ҳамчунин, ғизои дуруст, тозагӣ ва ихтиёр намудани тарзи ҳаёти солим кафолати сиҳатии ҳар нафар буда метавонад. Гузашта аз ин, дар ҳолатҳои нишонаҳои бемории сил-сулфаи давомнокияш бештар аз ду ҳафта, (аксар бо хориҷ кардани балғам), бемадорӣ, камшавии иштиҳо, баландшавии ҳарорати бадан сари вақт ба пизишкон муроҷиат намудан, дар самти ҷилавгирӣ аз бурузи ин беморӣ мусоидат мекунад. Зеро ба қавли мутахассисон агар барои табобати сили бори аввал дарёфтшуда ҳамагӣ 50 доллари амрикоӣ масраф шавад, пас як бемори шакли мутобиқшудаи он бо 7,5 ҳазор доллар муолиҷа мегирад. Муҳлати табобати шакли мутобиқшудаи сил аз 18 то 24 моҳ тӯл мекашад.


Абдулазизи ВОСЕЪ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)