Ҳавошиносони тоҷик зимистони имсоларо барои Тоҷикистон сарду хунук пешгӯӣ мекарданд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Сардиҳо бар хилофи иқлими гарму мӯътадили кишвар, дар моҳи ноябр оғоз гардид. Рӯзи шанбеи 26-уми ноябр дар ҳамаи ҷумҳурӣ барф борид. Дар минтақаи Кӯлоб боридани барф баъд аз пешин сар шуда, то пешини рӯзи якшанбе идома ёфт. Ғафсии барф дар таҳдашт аз 20-сантиметр ва дар талу теппаҳо бошад аз 30-сантиметр ҳам баландтар буд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, сардии ҳаво шабона наздик ба 10-дараҷа мерасид. Аҳолӣ, ба хусус сокинони маркази шаҳру навоҳӣ, ки ҳанӯз ба зимистонгузаронӣ омода набуданду печҳои бобоиро васл накарда, аз ин мушкил ба мушкили дигар печиданд: аниқтараш интиқоли барқ низ ба таври реҷа беш аз як моҳ қавбл аз ин ба роҳ монда шуда буд ва ҳамагон «хунук хӯрданд». Хунуки оддӣ, не «сахт хунук» хӯрданд. Зеро, таври маълум, дар навоҳӣ барқ барои сокинон ҳамагӣ 2 ё 3-соат пагоҳиву бегоҳӣ ҳам ба ҳамин миқдор дода мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб бошад, саҳар аз соати 6 то соати 9 ва бегоҳӣ аз соати 18 то соати 22 қувваи барқ барои аҳолӣ интиқол меёбаду бас. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳр хонаҳои истиқоматӣ танҳо бо истифода аз нерӯи барқ гарм карда мешаваду халос. Биноҳои баландошёна, ки ҳамасола бо гази табиӣ таъмин мегаштанду дар фасли сармо каме ҳам бошад хонаҳоро гарм кардан мумкин буд, ҳамакнун бо иллати таъмири чоҳҳои газ дар ноҳияи Балҷувон, ягона мавзеи таъмини гази табиӣ барои аҳолии минтақа бо газ таъмин нестанд. Инчунин, шаҳриён мушкили маводи сӯхт ва гармидиҳӣ доранд.
Ангишт куҷо, таппак харида наметавонем…
Ин дар ҳолест, ки масъулини ҳукумати кишвар таъкид бар он мекунанд, ки роҳбарони шаҳру навоҳӣ ва мақомоти маҳаллӣ барои зимистонгузаронӣ ва пешгирӣ аз сармо аз ҳамаи чораҳо истифода баранд. Дуруст аст, ки телевизиони ҷумҳурӣ дар ин маврид сабтҳое ба намоиш мегузорад, ки дар фалон шаҳру фалон навоҳӣ идораҳои матлубот ва мақомоти маҳаллӣ зиёд ангишту ҳезум ва ҳар гуна маводи сӯзишворӣ захира кардаанду ба савдо баровардаанд ва гӯё мушкиле барои гузаронидани фасли сармо барои аҳолӣ вуҷуд надорад. Аммо, мутаассифона, «телевизионшик»-ҳо аз нарху навои маҳсулоти сӯзишворӣ, ба монанди ҳамон ангишту хезум ва таппак боре аз бозорҳо наворе нишон намедиҳанду фикру андешаи сокинонро ҳам пурсон намешаванд. Ба ҳамин монанд, сардори идораи матлуботи шаҳри Кӯлоб Тилло Ҷалилов низ иттилоъ дод, ки масъулини ин муассисаи давлатӣ ба миқдори 135-тона ангишти захиравӣ доранду дар ҳудуди шаҳр 4-5 нуқтаҳои савдои ин мавод. Ӯ мегӯяд, қиммати 1-кило ангишт ба 60-70-дирам баробар аст, вале сокинон қариб ки аз он харидорӣ намекунанд. Аммо бояд гуфт, ки то рӯзи душанбеи 28-уми ноябр дар ҳамаи шаҳр ягон нуқтаи фурӯши ин маҳсулотро дарёфт накардем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки тақрибан дар ҳамаи 10 навоҳии минтақа дар ҳоли ҳозир нуқтаҳои фурӯши ангишт мавҷуд нест. Аммо ҳезуму ба истилоҳ таппак, дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ ба савдо бароварда мешаванд. Вале нархи ин мавод хеле баланд мебошад. Барои мисол, дар бозори шаҳри Кӯлоб як бастаи ҳезуме, ки иборат аз 4-5-дона ҳезуми дарозиаш 40-50-сантиметру ғафсиаш ҳамагӣ 20-30-милиметра, 3-сомонӣ қиммат дорад. Таппак ҳам, агарчӣ дар бозор кам ба савдо мебароранд, аммо миёни савдогарон аз 50-дирам то ба 2-сомонӣ вобаста аз ҳаҷми он, ба фурӯш монда мешавад. Агарчӣ ин маводи сӯхтанӣ, ҳезуму таппак аз ҷониби савдогарон зиёд ба савдо бароварда шавад ҳам, вале бо ҷурми баланд будани қимматашон, аксари мӯҳтоҷон онро харидорӣ карда наметавонанд. Гумони ғолиб бар он аст, ки ҳукуматдоронро зарур аст пайи иҷрои супориши ҳукумат дар мавриди захира ва таъмини аҳолӣ бо маводи сӯҳтанӣ ва пешгирӣ аз сармо, ба қиммати он низ диққати ҷиддӣ диҳанд. Зеро эшон ба хубӣ медонанд, ки аксари аҳолӣ бе ҷойи коранду барои харидории ҳамон як бастачаи хурди ҳезуми 3-сомонӣ қудрат надоранд. Вагарна, агар бо пешгӯйи ҳавошиносон, зимистон сармо ояд, дигар… моро хунук мехӯрад.
Аслиддин Достиев
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |