Райисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар як ҳамойиши байналмилалӣ ба Эрон парвоз кард.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, рӯзҳои 25-26-уми июн дар шаҳри Теҳрон Конфронси байналмилалӣ оид ба муборизаи зидди терроризм сурат мепазирад ва Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи ширкат ва суханронӣ дар ин ҳамойиш ба давлати исломӣ сафар кард.Манбаъ афзуд, райисҷумҳурро дар фурудгоҳи пойтахт мақомоти роҳбарикунандаи кишвар гусел карда, аснои сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев ҳамроҳӣ мекунанд.
Мӯҳр