Инро танҳо нафароне пешниҳод карда метавонанд, ки дар мактаб хеле ва хеле бадхон будаанд.
Константин Ромодановский, сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, роҳандозии низоми раводидро бо кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ба мақсадҳои Русия оиди ҳамгироӣ бо ин кишварҳо «мухолиф» номид. Вай мегӯяд, дар ҳоле, ки Русия кӯшиш дорад, минтақаи ягонаи иқтисодии АвруОсиё ва минбаъд Иттифоқи АвруОсиёро ташкил намояд, ҷорӣ кардани низоми раводидро танҳо нафароне пешниҳод карда метавонанд, ки дар мактаб хеле ва хеле бадхон будаанд. Ромодановский яке аз сабабҳои мавҷудияти низоми бе раводидро миёни Русия ва Тоҷикистон, ҳолати демографии Русия ном мебарад. Сардори Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, бо такя ба таҳлили коршиносон изҳор доштааст, ки барои фаъолияти самараноки иқтисодиёти Русия, ин кишвар ҳамасола ба беш аз 330 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ниёз дорад. Мушкили асосиро дар раванди мавҷудаи муҳоҷирати корӣ ба Русия, Ромодановский вазъи ғайриқонунӣ доштани бисёре аз муҳоҷирон номид, ки дар натиҷаи он буҷети кишвар ҳамасола аз 40 миллиард рубл маҳрум мемонад.Аввали моҳи ҷорӣ Ромодановксий барои густариши фаъолияти қонунии муҳоҷирон пешниҳод карда буд, ки Русия барои муҳоҷирон нафақа диҳад. Ба гуфтаи ӯ, додани нафақа ин як роҳи ҳавасмандкунии муҳоҷирони меҳнатӣ ба фаъолияти шаффофу қонунӣ хоҳад буд: «Мо бояд барои муҳоҷирон шароите муҳайё кунем, ки онҳо бихоҳанд ба таври қонунӣ фаъолият кунанд. Масалан русиягиҳо манфиатдоранд, ки маоши «шаффоф» гиранд, то рӯзе соҳиби нафақа гарданд. Мо метавонем бо шаҳрвандони хориҷӣ низ чунин муносибат намоем».
Дар ин самт, рӯзе пеш аллакай парлумони Русия қарореро ба тасвиб расонд, ки тибқи он корфармо барои ҳифзи иҷтимоии муҳоҷири меҳнатӣ як маблағи муайянро пардохт хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, киаз Тоҷикистон дар Русия, ҳудуди 1 миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор карда, маблағи роҳикардаашон такягоҳи асосии иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад, вале масъалаи ҳифзи иҷтимоиашон аз ҷумла таъминоташон бо нафақа дар ватан ҳанӯз пурра равшан нест.
Мӯҳр