Ҳоло бардоштамро, бале маҳз бардоштамро аз як барномаи телевизионӣ навиштан мехоҳам. Манзурам, «Эфири мустақим» (Прямой эфир)-и шабакаи телевизионии «Русия» аст, ки шоми 23.11.11 тариқи шабакаи РТР пахш гардид. Михаил Зеленский, муаллифи барнома зимни шарҳи қазияи халабонҳо гуфт, ки «чанд лаҳза пештар онҳоро аз «асорати тоҷикӣ» озод карданд. Баъдан, ба студия Владимир Садовничий, падари халабони маҳкумшуда ва ҳамакнун раҳогашта даъват шуд ва тамоми аҳли нишаст ӯро бо кафкубӣ пешвоз гирифтанд, мисли як қаҳрамон…
Умуман, тақрибан баъди ҳар ҷумла, ки аз сӯи муаллиф, падари Садовничий, Анатолий Кучерени адвокат, Евгений Ривенкои журналист ва ровии барномаи «Вести недели» ва дигар иштирокчиён гуфта мешуд, қарсак баланд мешуд. Қарсакҳои ахли студия ба хотири ман карсакзаниҳои вакилон ва вазирони тоҷикро овард… Фарқ танҳо ин аст, ки русҳо барои раҳоии як шаҳрвандашон қарс мезаданд, аъзои ҳукумати мо бошанд, барои аз як замин се ҳосил гирифтани деҳқон ва ё барзиёд иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии картошкаву пахта…
Дар ин барнома бо худи Садовничий аз Душанбе низ тамоси мустақим гирифта шуд.
Ӯ ба «пагондорону бепагон»-ҳо ишора намуд, ки муносибати ду кишвари дӯстро ба сардӣ кашиданд. Зимнан, Ғулом Бобоев, вакили дифои Владимир Садовничий ва Александр Руденко минатдории худро ба ЭМОМАЛӢ ШАРИПОВИЧ РАҲМОНОВ (адвокат ҳамин тавр гуфт) баён намуд, ки масъаларо «таҳти назорати қатъӣ» гирифт.
Дар ин барнома коршиносони даъватшуда аз иттиҳоди русҳо дар қиболи қазияи мазкур бо ифтихор сӯҳбат мекарданд ва ҳалолашон ҳам бод. Ба ин қазия ишора карда мегуфтанд, ки Русия қодир аст, дар ҳама ҳолат аз шаҳрванди худ дифоъ кунад.
Воқеан, қазияи лётчикҳо ҳеч шаҳрванди он кишварро бетараф нагузошт, аз мардуми оддӣ то ҳукумат сару садо баланд карданд. Ин «кишвари бузург» ҳатто аз амалҳои «булъаҷаб» низ даст накашид. Манзур аз миёни шаҳрвандони кишварҳои дигар боздошт ва ихроҷ кардани тоҷикон, силзадаву ВИЧ-у СПИД-олуд эълон кардани онҳо ва ғайраву ҳоказову ғайраҳо…
«Депортшудагон»-и рӯ ба раҳми Худо
Ҳарчӣ ҳам буд, дар ниҳоят шаҳрвандашон ба озодӣ баромад ва ӯро мисли қаҳрамон расонаҳо васфу тавсиф мекунанд, аммо даҳҳо муҳоҷири ихроҷшударо дар ватан чӣ гуна пешвоз гирифтанд? Бигзарем аз ин ва бияндешем, ки акнун онҳо панҷ сол ҳақи дигарбора муздурӣ рафтанро надоранд, оё ҳукумат барои дарёфти кор ба онҳо иқдоме мекунад?
Умед мебандем, ки ҳукумати Тоҷикистон аз қазияи халабонҳо ҳадди аққал ҳимоят намудан аз шаҳрвани худ дар дилхоҳ вазъиятро меомӯзад. Бубинед, Русия ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф накард, ки шаҳрвандаш гунаҳкор аст. Дар мо бошад, вазъ куллан дигар аст. Бале, мо тамоман аз русҳо фарқ мекардаем.
Шояд акнун вақте расида, ки шаҳрвандони мо ҳам вақти дар дилхоҳ кишвар қарор доштан, эҳсос кунанд, ки дар сурати сар задани нофаҳмие ворисони аҷдоди ориёӣ, наберагони Сомониён, аъзои ҳукумати давлати мустақилу соҳибихтиёре аз онҳо пуштибонӣ мекунанд.
Охир мо ҳам «бачаи ҷайра» нестем-ку. Ё хато кардам?
Абдулазизи Восеъ
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |