Инноватсия дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҳоло дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба иқтисоди инноватсионӣ такя мекунанд ва аз ин ҳисоб ба рушди босамари иқтисодӣ ноил мегарданд. Коршиноси масоили иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, иқтисоде, ки имрӯз дар Амрико ба вуҷуд омадааст, ба дониш такя мекунад ва инноватсия ном дорад. Лекин дар Тоҷикистон намедонанд, ки дониш ва инноватсия чист. Аз ин рӯ дар Амрико сатҳи самаранокии истифодабарии нерӯи истеҳсолӣ дар асоси дониш ва иттилооти имрӯза рушд меёбад. Аз ин рӯ агар қарзи хориҷии Амрико 130 дарсади ММД-ро ташкил диҳад ҳам, барои он кишвар чандон хатарнок нест. Зеро ҳар қадар самаранокии истеҳсолот дар асоси дониш рушд ёбад, ҳамон қадар фоизи қарз дар нисбати ММД камтар шудан мегирад. Вале агар сатҳи самаранокии иқтисодиёт паст бошад, расидани қарзи хориҷӣ ба 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ хатар дорад. Ба вижа барои Тоҷикистон ин нишондиҳанда ташвишовар аст, зеро на истеҳсолот ҳаст ва на инноватсия. Бар замми ин самаранокӣ ҳам вуҷуд надорад.
Коршиносон чунин мешуморанд, ки дар шароити имрӯза дар корхонаҳо сиёсати навоваронаро дар таъмини рушди босуръати иқтисодӣ бояд дар ҷои аввал гузоранд. Иқтисодшинос ва профессор Сафиувлоҳ Ҳабибов мегӯяд, таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки дар кишварҳои пешрафта бо якҷоя гардидани истеҳсолот ва илм як иқтисодиёти нав пайдо шудааст, ки он иқтисодиёти инноватсионӣ ё иқтисодиёти "дониш" ном дорад. Ин ҷадидтарин ва судмандтарин иқтисодиёт аст, ки бо хароҷоти кам ба даст овардани даромади зиёдро кафолат медиҳад". ӯ чунин мешуморад, ки агар дар Тоҷикистон низ ба масъалаи иқтисоди инноватсионӣ ё иқтисоди ба дастовардҳои илму дониш асосёфта аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд ва илмро бо истеҳсолот пайванданд, пояи иқтисоди кишвар мустаҳкам шуда, сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло хоҳад рафт.
Воқеияти рӯзгори мардум
Дар ҳоле аз инноватсия ва навоварии иқтисодӣ сухан меравад, ки вазъи воқеии Тоҷикистон тамоман ҳолати баръаксро ба худ касб кардааст. Кишоварзон ба ҷои он ки аз техникаҳои нав истифода кунанд, бештар ба каланду бели бобоӣ ниёз пайдо кардаанд. Замони шӯравӣ нисбатан вазъ беҳтар буд ва аксари истеҳсолгарон аз техникаву технология бештар кор мегирифтанд. Аммо имрӯз деҳқон техникаро иҷора гирад сӯзишворӣ намеёбаду сӯзишворӣ пайдо кунад, пул намеёбад, ки пардохт намояд. Ин вазъият на танҳо дар соҳаи кишоварзӣ, балки дар дигар соҳаҳо, аз ҷумла саноат низ ба назар мерасад. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон маҳсулоти хоми дохилиро мехаранд, аммо технологияи замонавӣ надоранд, ки онро хуб коркард карда, ба бозор бароранд ва дар баробари колои хориҷӣ рақобатпазир бошад. Ба таври мисол аз истеҳсоли кафшҳои тоҷик? метавон мисол овард, ки дар Тоҷикистон якчанд корхонаи коркарди он мавҷуд аст ва маҳсулоти асосӣ, яъне чармро аз дохил харидан имкон дорад, аммо кафшҳои тоҷикӣ на бо сифат ва на бо нарх ба пойафзоли хориҷӣ тоби рақобатро надоранд. Бо ин сабаб пӯсти хоми моро соҳибкорони чиниву қирғиз харидорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки аз рӯи қонуни иқтисод ҳар кишваре, ки маҳсулоти хом содир мекунад, суди зиёд ба даст намеорад. Аммо воқеият ин аст, ки Тоҷикистон дар гузашта ва имрӯз танҳо маҳсулоти хом содирот мекард ва мекунад. Пахта пурра коркард намешавад ва мо онро бо нархи нисбатан арзон мефурӯшему либоси пахтагинро аз дигар кишварҳо бо нархи гарон мехарем. Дар ҳоле, ки корхонаҳои истеҳсоли либоси пахтагӣ дар дохили кишвар мавҷуд аст. Аз алюминий низ чизе истеҳсол намекунем.
Вале ба андешаи коршиносон роҳандозӣ кардани баъзе технологияҳои нав имкон медиҳад, ки сатҳу сифати маҳсулоти Тоҷикистон беҳтар гардад ва дар бозорҳо рақобатпазир бошад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар як сӯҳбаташ гуфт, ки дар Тоҷикистон бисёр корхонаҳое ҳаст, ки як чанд мошинҳояшро иваз кунед, корхона ба кор медарояд. Корхонаҳое, ки маҳсулоташонро дар дохили Тоҷикистон истифода бурдан мумкин аст, назири корхонаи саноати хӯрокворӣ. Ҳоло Тоҷикистон қудрати дар бозори ҷаҳонӣ, ба хусус Аврупо рақобат кардандро надорад. Аз ин рӯ бояд кӯшиш кард, то ҳар чизе, ки дар дохил истеҳсоли он имкон дорад, аз хориҷ камтар ворид кунем. Феълан таҷҳизоти технологӣ дар бозорҳои Чин тақрибан 50 фоиз арзон шудааст. Шарт нест, ки ҳамаи мошинро иваз кунем. Ду-се дастгоҳи хуби чиниро оварда, маҳсулоти босифат истеҳсол кардан мумкин аст. Лекин барои анҷоми ин кор якумаш Вазорати кор мекардагӣ даркор, ки иродаи хеле бузурги сиёсӣ дошта бошад ва мақсад гузорад, ки ин хизматро барои Тоҷикистон ва беҳбудии зиндагии мардуми худ мекунад. Баъдан васоити молиявӣ лозим аст, ки барои он бояд барномаи мушаххас ва судманд мавҷуд бошад.
Ранг бину ҳол пурс...
Воқеан дар мағозаҳои Тоҷикистон вазъ тақрибан якранг аст. Чою томат аз Эрон, қанду шоколад аз Русия, гӯгирд аз Хитой. Аммо ба андешаи иддае аз таҳлилгарон нав кардани технология танҳо ин ҳанӯз гузаштан ба иқтисоди инноватсионӣ нест. Инноватсия ин ихтироот, кашфиёт ва навовариҳо дар соҳаи иқтисод аст, ки барои он пеш аз ҳама системаи пешрафтаи маорифу фанноварӣ лозим аст. Ниёз ба мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм вуҷуд дорад, ки дар ин ҷода Тоҷикистон тамоман омода нест. Истеҳсол ва коркарди дасгоҳу технологияҳо дар дохил яке аз принсипҳои асосии инноватсия аст, ки Тоҷикистон аз он фарсахҳо дур мебошад. Зеро ҳанӯз барои инноватсия шароит фароҳам нашудааст ва то ҳол мо дар ҳалли проблемаҳое мисли барҳам додани маҳдудияти барқ оҷиз мондаем. Дар ҳоле, ки гузаштан ба низоми иқтисоди бозорӣ, рушди бахши воқеӣ, инкишофи соҳибкории хурду миёна, баланд бардоштани сатҳи техникии истеҳсолот, беҳтар кардани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, боло бурдани дониши зеҳнии кормандон, зиёд кардани содирот ва кам кардани воридот аз проблемаҳое дигаре мебошад, ки то ҳалли худро наёбад, роҳ ба сӯи инноватсия боз нахоҳад шуд.
Исфандиёр ХАЛИЛӣ
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |