Президентҳои Руссия, Қазоқистон ва Белорус эъломияи дар бораи таъсиси Комиссияи иқтисодии АвруОсиёро имзо карданд. Қарор аст, ки ин комиссия аз оғози моҳи январи соли оянда ба кор шурӯъ намояд. Нурсултон Назарбоев президенти Қазоқистон гуфтааст, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба ин иттиҳод шомил хоҳанд шуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон алҳол дар ин маврид тасмиме нагирифтааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин "Озодагон" ин ҳафта аз коршиносон пурсид:
Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшинос
Дар сурати ворид шудани Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё бурд он хоҳад буд, ки шояд баъзе маҳсулот, аз ҷумла, сӯзишворӣ, ғалла ва дигар молу маҳсулотро аз Русия ва дигар кишварҳо бо нархи нисбатан арзон дастрас карда тавонем. Инчунин эҳтимол меравад, баъзе мушкилоте, ки дар рафтуомади шаҳрвандон ба назар мерасад ва имрӯз мавриди фишор қарор доранд бартараф ё осонтар гардад. Яъне дар чорчӯбаи ин иттиҳод имкон дорад, ки баъзе масъалаҳои иқтисодӣ ҳаллу фасл гарданд. Вале дар айни замон бояд фаромӯш накунем, ки аз баски қудрати саноатии Русия ба маротиб аз Тоҷикистон бештар аст ва имкон дорад, ки иқтисоди пешрафтаи Русияву Қазоқистон иқтисоди моро пахш кунад. Албатта, заминҳои кишти пахтаи моро ишғол карда гирифта наметавонанд, вале дар иттиҳод рақобати иқтисодӣ ба вуҷуд меояд ва дар ин рақобат ба гумон аст, ки Тоҷикистон тоб оварда тавонад. Як чизи дигаре ҳаст, ки маро ҳамеша дар ташвиш мегузорад ва он ҳам бошад барвақттар ё бевақттар ин гуна падидаҳо ба эҷод шудани сохторҳои фавқулмиллии идоракунӣ оварда мерасонад. Маълум аст, ки дар ҳамин гуна сохторҳои фавқулмиллии идоракунандаи паҳноҳои ба ҳам омада овози ҳамон кишваре баланд аст, ки аз нерӯи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотии қавитар бархӯрдоранд. Дар ин ҳол Тоҷикистон на бо Русия, на бо Қазоқистон ва на бо Белоруссия рақобат карда наметавонад. Оё Тоҷикистон соҳиби имконоте мегардад, ки фикри худро гузаронида тавонад ва мавқеи худашро дифоъ карда тавонад? Ин як суоли ҷиддиест, ки ҷавоб барои он маълум нест. Ин барои Тоҷикистон хеле хатар дорад ва имкон дорад, ки рафта-рафта аз соҳибихтиёрии худ маҳрум гардад. Вақте аз соҳибихтиёрӣ маҳрум гашт, тамоми равандҳои дигари манфие, ки аз давраи шӯравӣ боқӣ мондааст, аз ҷумла паст рафтани худогоҳӣ, беэътино гаштани ҳадафҳои миллӣ ва ғайра ривоҷ меёбад. Агар Тоҷикистон аз соҳибихтиёрии худ гузашт кунад, ин як хатаре хоҳад буд, ки ба амнияти қавмӣ-этникӣ таҳдид мекунад. Ин ҳолат дар кишварҳои пасошӯравӣ ба назар мерасид ва мо худ дар Душанбе шоҳиди он будем. Ба фикри ман то он замоне, ки иқтисоди Тоҷикистон ба андозае мустаҳкам нагардад, то он лаҳзае, ки мардуми тоҷик аз ҳуввияти қавии миллӣ бархурдор нашаванд, то он лаҳзае, ки давлатдории тоҷикон ба сатҳи давлатдории дар пояи давлатҳои то ҳадде пешрафтаи ҷаҳон нарасад, бо ҳар кадоме аз кишварҳои узви иттиҳодияҳо робитаи ҳасанаи дуҷонибаро барқарор кунад ва то замоне, ки ҳамвазни он кишварҳо нагардад, бояд аз ворид шудан ба ҳама гуна паҳноҳои ҳамоишӣ, ки ба амнияти халқи тоҷик хатар дорад, худдорӣ кунад.
Фирӯз Саидов, коршиноси масоили иқтисодии МТС
Ман чунин мешуморам, ки шомил шудани Тоҷикистон ба ин иттиҳод паҳлӯи мусбат ҳам дораду манфӣ ҳам. Лекин мо бояд дар тарозӯи ақл баркашем, ки чӣ зарар ва чӣ фоида дорад. Дар шароити феълӣ мо хоҳем-нахоҳем қисми асосии дороии Тоҷикистон: қувваи корӣ ба Русия равона карда шудааст, шомил шудани Тоҷикистон асосан бурд дорад. Дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё рафтуомади қувваи корӣ бояд, ки бидуни ягон хел танзим ва бе ягон мухолифати сиёсӣ, ки алҳол аз ҷониби Русия ба чашм мерасад, байни давлатҳои аъзои иттиҳоди мазкур ба роҳ монда шавад. Тарафи манфиаш аз он иборат аст, ки бо далели гузаштани роҳҳои оҳани Тоҷикистон аз ҳудуди ӯзбакистон мо як роҳи хуби интиқол надорем, ки бо дигар кишварҳои узви иттиҳод доду гирифт кунем. Бо Қирғизистон ҳамсарҳадем, ки ин кишвар ҳам узви иттиҳоди мазкур ба ҳисоб меравад, аммо Тоҷикистон ба самти Қирғизистон бояд роҳи оҳан созад, ки аз халали ӯзбакистон эмин бошад. Аммо тарафи дигари масъала дар он аст, ки баъзе сарони кишварҳо бо таъкид ба қарзи зиёди давлатҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон чунин назар доранд, ки будани Тоҷикистон дар ҳайати иттиҳоди мазкур мисли шомил будани Юнон дар ҳайати Евросоюз мебошад, ки танҳо зараровар аст. Ман ба фикри онҳо розӣ нестам. Зеро ба ҳар ҳол Тоҷикистон қувваи корӣ дорад ва новобаста аз шароити мавҷуда аксари аҳолӣ меҳнатталаб ҳастанд. Агар Тоҷикистон ба ин иттиҳод дохил шавад, новобаста аз он ки нефту газ надорад, аммо обу барқ дорад ва ба кишварҳои узв зарари иқтисодӣ намерасонад. Мо бояд омӯзем ва муайян кунем, ки боз чӣ паҳлӯҳои манфӣ ё мусбат вуҷуд дорад. Аммо ба фикри ман дар 10 соли оянда паҳлӯҳои мусбат нисбат ба манфӣ бештар аст.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшинос
Ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё паҳлӯҳои мусбат ва манфӣ дорад. Аммо паҳлӯҳои мусбаташ зиёдтар аст. Яке аз паҳлӯҳои мусбаташ дар он аст, ки он робитаҳои иқтисодиву иҷтимоие, ки дар замони шӯравӣ доштем, аз нав эҳё мекунад. Аммо бохт дар он ифода меёбад, ки созмонҳои фаромиллӣ таъсис меёбанд ва онҳо метавонанд як қисми истиқлолияти кишварҳои алоҳидаро маҳдуд кунанд. Аз ворид шудан ба ин иттиҳод Тоҷикистон ягон бурд карда наметавонад, вале дар шароити имрӯзаи рушди Тоҷикистон, ки дар баробари кишварҳои пешрафта рақобатпазир нест, шомил шудан дар ин ё дигар иттиҳодҳо ба нафъи мост.
Табаралӣ Ғаниев, иқтисодшинос
Ворид шудани Тоҷикистон ба ин ё он иттиҳодияҳое, ки хоҳ сиёсӣ бошад ё иқтисодиву иҷтимоӣ аз манфиат холӣ нест. Вале дар баробари ворид шудан ба ин гуна созмонҳо бояд шарту шароити мувофиқ ва ҳамвазнӣ дошта бошад. Вобаста аз оне, ки Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ дар ҳайати Иттиҳоди шӯравӣ буд ва бо Русияву Қазоқистону Белорус ҳамкориҳо дошту то ҳол дорад ва мардуми мо аз забону фарҳанги онҳо бохабар ҳастанд, имконотҳо ҳаст, ки мо дар бораи ворид шудан ба ин иттиҳод ҳарф занем. Муаммои асосӣ он аст, ки рушди иқтисоди мо ба пояи ин давлатҳо намерасад ва барои ворид шудан ба як иттиҳод бояд имконоти давлатҳо баробар ё наздик ба ҳам бошад. Ба фикри ман мо бояд андеша кунем, ки дар сурати ҳамвазнӣ ворид шудан ба чунин иттиҳодҳо ба манфиати мост, дар акси ҳол кишварҳои якумдараҷа ва дуюмдараҷа пайдо мешаванд, ки баробарҳуқуқиро аз даст медиҳанд ва ин ба манфиати мо нест. Пӯшида нест, ки мо метавонем дар интегратсияи байни давлатҳо баъзе соҳаҳо, аз ҷумла алоқа, гидроэнегетика ва сохтмонро рушд диҳем. Яъне рушди ин соҳаҳо метавонад моро дилпур созад, ки дар ин соҳаҳо мо ҳамкорӣ кунем. Вале мо бояд аввал омӯзему баъд иқдом кунем.
Муҳаммад Фармонзода, таҳлилгари масоили иқтисодӣ
Воқеан, таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё барои кишварҳои пешини пасошӯравӣ аҳамияти вижае дорад. Зеро шарикони аслии тиҷоратии Тоҷикистон маҳз давлатҳои муштаракулманофеанд. Ворид шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин иттиҳод аҳамияти бузург дорад. Ҳангоми шомил гаштан ба иттиҳоди мазкур Тоҷикистон дар оғоз шояд ба мушкилиҳое дучор бишавад, зеро иқтисоди мо ҳанӯз хеле заъфҳо дорад ва даромади аслии буҷаи кишвар маҳз аз ҳисоби ҷамъоварии андозу боҷҳои гумрукист ва дар сурати шомил шудан эҳтимол аст буҷаи кишвар заъиф гардад. Зеро принсипи асосии ин иттиҳодия маҳз лағви боҷҳои гумрукӣ ва тарофаҳои умумии молиётист. Зеро 90%-и буҷаи давлат аз ҳисоби андоз аст ва меъерҳои молиётии Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои Русия, Белорус ва Қазокистон фарқи калон дорад ва дар системаи андозбандии онҳо мутобиқат бо "қонунҳои бозаргонӣ"-ист, вале дар Тоҷикистон чӣ? Зиёда аз 18 намуди пардохти молиётии умумиҷумҳуриявӣ дорем ва сиёсати иқтисодии ҳукумат "сиёсати молиявӣ" буда, бояд "сиёсати молиявӣ" ҷойгузини "сиёсати иқтисодӣ" бошад.
Барои шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё месазад дар блоки иқтисодӣ ва қонунгузории молиявию сармоягузорӣ, бонкдориву молиётӣ ва кадрӣ як ислоҳоти ҷиддӣ сурат бигирад. Зеро дар зарфи ду соли оянда эҳтимол Тоҷикистон шомили ин иттиҳодия нагардад. Бояд дар зарфи ду соли оянда ҳукумат тамоми саъйашро ҷиҳати рушди истеҳсолот дошта бошад ва садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ таъсис бидиҳад, то содиротамон ҳадди ақал баробари воридотамон гардад. Бояд фазои дурусти корӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷии аз ҳисоби тоҷирони кишварҳои аъзои ин созмон роҳандозӣ шавад ва роҳро барои монополистҳои дохиливу хориҷӣ бубанданд. Дар ин ҳолат аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ Тоҷикистон бурд мекунад.
Исмоил Талбаков, муовини раиси ҲКТ
Дар шароити ҷаҳонишавӣ давлатҳои пешрафта, дар ҳоли инкишоф ё сустинкишоф дар алоҳидагӣ фаъолият карда наметавонанд. Худи ҷаҳони муосир ба ҳамкории байни давлатҳо дар дохили иттиҳодияҳо ниёз дорад, то масъалаҳои интегратсионии худашонро дар доираи иттиҳодҳо бо истифодаи захираҳои ин ё он давлат ва дар муносибати ҳамгироиву ҳамҷаворӣ ҳаллу фасл кунанд. Шомил шудани Тоҷикистон ба узви Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё як падидаи нек аст ва барои Тоҷикистон зиёне намеорад. Чунки масъалаҳое имрӯз дар назди Тоҷикистон истодааст, ки дар танҳои ҳалли он ғайриимкон аст. Ба назари ман барои ҳалли чунин мушкилот бояд дар дохили яке аз чунин иттиҳодҳо бошем ва проблемаи энергетикиву сарҳад ва сӯзишвориву тиҷоратро ҳал кунем. Бо мувофиқаи санадҳои ҳамкориву ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар доираи иттиҳод муваффақ шудани мо мумкин аст.
Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси масоили иқтисодӣ
Шомил шудани Тоҷикистон ба ҳайати ин созмон асосан бурд дорад. Вақте, ки Тоҷикистон узви ин созмон мешавад, пеш аз ҳама тамоми боҷи гумрукие, ки кишварҳои узв муайян кардаанд, барҳам дода мешавад, аз ҷумла боҷи гумрукии Русия нисбат ба Тоҷикистон. Дигар ин ки тамоми қавонини Тоҷикистон дар бораи гумруку молиёт таҷдиди назар мешавад ва бо қавонини кишварҳои узв мутобиқ мегардад. Бурди мо асосан аз ҳисоби интиқол ва воридоти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон мебошад. Чунки дар чанд соли ахир тавозуни савдои Тоҷикистон манфӣ аст ва мо бештар коло ворид мекунем. Вақте кишварҳои дигари узв пардохтҳои гумрукиро аз байн мебаранд, нархи маҳсулоти воридотӣ арзонтар мешавад. Ин ба манфиати ҳамаи кишварҳост. Зеро воридот ва интиқоли маҳсулот ҳам барои мо ва ҳам барои онҳо арзон мешавад. Аз ҳисоби зиёд гаштани табодули мол воридоти маблағ ба буҷет бештар мегардад. Дигар ин ки ҳангоми сар задании бӯҳрон ин кишварҳо дар якҷоягӣ метавонанд ба ҳамдигар кӯмак кунанд. Вале гап сари он аст, ки Тоҷикистон ҳоло имкон дорад, ки ба ин иттиҳод пайвандад? Дар ҳоли ҳозир омода нест, зеро барои пайвастан ба созмон бояд қавонини Тоҷикистон бо кишварҳои узв мутобиқ гардад ва мо бояд шиддати таваррумро дар Тоҷикистон коҳиш диҳем. Мақомоти мо ҳоло мегӯянд, ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон ҳудуди 9 дар сад аст, вале чанд рӯз пеш нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар як сӯҳбаташ қайд кард, ки шиддати таваррум дар Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳудуди 20-30 дар сад аст. Баъдан қарзи давлатии мо бояд аз 30 фоизи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боло наравад. Дар акси ҳол моро ба ин созмон қабул намекунанд. Аммо воқеият ин аст, ки ҳоло Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар қарзи хориҷӣ дорад ва то соли 2014 ин нишондод ба 4 миллиард доллар наздик мешавад, ки ин рақам ба 50-60 фоизи ҳаҷми ММД баробар мегардад ва шомил шудани Тоҷикистон ба ҳайати иттиходи мазкур имконнопазир мегардад. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тавони баргардонидани қарзҳоро надорад. Тоҷикистон чунин як барномаеро қабул кардааст, ки аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ дар сол ҳудуди 50 миллион доллар қарзҳояшро баргардонад. Соли 2014 баъд аз он ки Қирғизистон ба ҳайати ин созмон шомил шуд, мо метавонем номзадиамонро пешниҳод кунем, агар шарту шароити узвияти созмонро иҷро кунем.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |