Вазъият муваққатист?
Манбаъ афзуд, худи ҳамин рўз ҳайат бо имомхатиби бузургтарин масҷиди шаҳри Маскав дар хиёбони Мир дидору мулоқот намуда, атрофи вазъияти ба амаломада табодули афкор намуданд. Имомхатиб бо изҳори таассуф аз мушкилии болои тоҷикон омада, гуфт, мо омодаи ҳамагуна кўмакҳо барои бародарони тоҷикамон ҳастем. Ва изҳори умедворӣ карда шуд, ки ин вазъият муваққатӣ буда, рўзҳои наздик ба поён хоҳад расид.
Абдуқаҳҳори Давлат афзуд, ки дар мулоқот шумори зиёди ҳамватанонамон ширкат варзиданд. Сайдумар Ҳусайнӣ бо расонидани паёму саломи роҳбарияти ҲНИТ гуфт, воқеан вазъияти ба амаломада ҲНИТ-ро сахт нигарон сохтааст. Талоши зиёде ҳам ба харҷ дода шуд, то аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳайатҳое барои дидору мулоқот бо шумо сафарбар карда шаванд, вале мутаассифона ин пешниҳод нодида гирифта шуд. ҲНИТ бо дарки аҳамияти бузурги ин қазия тасмим гирифт, то як ҳайатро барои дидору вохўриҳо бо шумо ба Русия бифристад. Танҳо ҳамин барои мо кифоя аст, ки дар чунин шароити вазнин дар паҳлўи шумо қарор бигирем.
Муҳоҷирини тоҷик нороҳатии худро аз амалкардҳои ахири мақомоти Русияву Тоҷикистон иброз дошта, худро қурбонии сиёсатҳои нодурусти мақомот номиданд. Дар мулоқот гуфта шуд, ки дар муносибатҳои байниҳукуматӣ ин мушкилиҳо бартараф мегарданд, вале мушкили асосӣ, чеҳраи сунъӣ сиёҳкардашудаи муҳоҷирин солҳо дар зеҳни ин мардум хоҳад монд.
Ҳамзамон, дар бораи иқдомҳои ҲНИТ барои кам кардани шиддати фишор болои муҳоҷирин ёдовар шуда, Сайидумар Ҳусайнӣ гуфт, яке аз ҳадафҳои сафари ҳайати мо низ расонидани кўмак ба муҳоҷирин ва кам кардани ин шиддат аст.
Байни аъзои ҳайат ва намояндагони ташкилотҳои фарҳангиву ҷамъиятии тоҷикони Маскав дар атрофи вазъияти ба амаломада ва мушкилиҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон мубоҳисаи хубе сурат гирифт.
Мулоқоти дигари ҳайат дар бозори мавсум бо «Теплий стан», ки боздошти зиёди муҳоҷирини мо низ дар ин бозор сурат гирифта буду ҳанўз ҳам иддае аз онҳо дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигоҳ дошта мешуданд, баргузор гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки ҳайати ҲНИТ бо расонаҳои русӣ, аз қабили бахши русии радиои ВВС ва шабакаи телевизионии «Мир» мусоҳибаҳо анҷом доданд.
Маврид ба ёдоварист, баъди рангу бўи сиёсӣ гирифтани қазияи халабонҳои ширкати «Ролкан Инвестменс ЛТД», Шўрои сиёсии ҲНИТ бо содир кардани изҳорот ва баргузор кардани нишасти матбуотӣ бо доираи васеъи рўзноманигорони дохиливу хориҷӣ нигаронии худро аз вазъияти ба амаломада эълом кард. Дар баробари ин пазируфта нашудани пешниҳодоти роҳбарияти ҳизб дар бораи ташкили гурўҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ва эъзоми он ба Русия, роҳбарияти ҳизб тасмим гирифт, то як ҳайати ҳизбиро ба Русия равон намояд.
Абдуқаҳҳори Давлат, шаҳри Маскав
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |