Баъди 10-моҳи саргардонӣ, таҳқиру сакатгӯйиҳо, шарму изо, як мӯйсафеди 94-солаи кӯлобӣ тавонист, ки наздики масъулини баландпояи комиссариати ҳарбӣ, шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар курсинишинони кӯлобӣ худро дифоъ кунад. Бобои Занҷир Ашӯров, сокини рустои Шакархони ноҳияи Кӯлобро аввали соли 2010-ум собиқ комиссари ҳарбии минтақаи Кӯлоб, полковник Маҳмадрасул Розиев, бе ягон далели шайъӣ «дурӯғгуву фиребгар» унвон карда, бо ҷурми «набудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар мавриди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ» буданаш, бо як мактуби расмӣ ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб муроҷиат карда, расман талаб намудаст, то дигар барои ӯ нафақа ҳамчун иштирокчии ҶБВ дода нашавад.
Дар ин муассисаи давлатӣ низ, дигар ба шикояту дархостҳои бобои Занҷир гӯш надода, ӯро аз нафақаи иштирокчии ҶБВ ва дигар имтиёзҳои аз ҷониби давлат барои ин тоифа пешбинишуда, маҳрум сохтаанд. Тибқи «бозёфти» комиссари ҳарбӣ, мебоист ҳамзамон тӯли беш аз 30-соле, ки бобои Занҷир ҳамчун иштирокчии ҶБВ нафақа гирифтаст, бозпас гардонда шуда, гузашта аз ин мутобиқ ба қонуни ҳамонвақта ва ҳам ин замон, Занҷир Ашӯров ба маҳкама кашида мешуд. Вале бобои Занҷир мегӯяд, «ҳуҷҷатҳои ман сад фоиз баробар буданд ва он дар комиссариати ҳарбӣ ё шояд шӯъбаи ҳифзи иҷтимоӣ маҳфуз бояд мебуд. Ҳуҷҷатҳо дар кадоме аз ин муассисаҳо гум шудаанд. Ман ягон гуноҳ дар мавриди нобуд шудани онҳо надорам. Вале комиссар маро муттаҳам ба фасодкорӣ кард».
Шояд бобои журналист ҳам дурӯғ гуфтааст?
Абдулмӯъмин Шерхонов, як журналисти маҳаллӣ мегӯяд, борҳо аз забони бобояш, ки бо бобои Занҷир ҳамдеҳа ва ҳамсинф будаанд, шунидааст, ки дар як рӯз ҳамроҳи 5-тан аз ҷавонони дигари деҳаашон ба ҷанг рафта будаанд. «Бобоям мегуфт, ки 7-нафар ба назди муллои деҳа, бобои Баҳодур рафта, дуо гирифта будем. Бобои мулло дуо дода буданд, ки Худо ба саломат ҳамаатонро баргардонад ва шукри Худои бузург, ки 7-нафар ҳам аз ҷанг ба саломат баргаштем». Ба гуфтаи Шерхонов, ӯ ҳамин қиссаро ба комиссар нақл карда, таъкид аз он намудаст, ки дар ин маврид иштибоҳ рух додааст. Кормандони комиссариатро зарур аст, то санҷиши ҷиддитар ба роҳ монанд. Зеро ин ҷо на танҳо маблағи пулӣ нақш мебозад, балки обрӯ ва иззати нафаре, ки дар ҷанги ҷаҳонӣ хун рехтааст, қаҳрамонӣ намудаву бо сари баланд аз ҳимояи Ватан омадааст, нақши муҳиму зиёдатӣ дорад. «Вале полковник Розиев бо истеҳзо гуфт, ки шояд бобои ту ҳам дар ҷанг набудаву ҳуҷҷатҳои қалбакӣ карда бошад», -мегуфт Шерхонов.
Ҳамяроқон ба имдод расиданд
Мирзо Бегматов, раиси собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ҳимояи ҳамсангараш бархоста, ба бойгониҳои ҳарбии федератсияи Русия борҳо мактуб навишт. Баъди муддате аз он ҷо мактубҳо омадаанд, ки дар ҳақиқат Занҷир Ашӯрови тоҷикистонӣ аз соли 1942 то соли 1946 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР, аввал дар заводи танкбарории шаҳри Новосибирск фаъолият намуда, баъдан то охири ҷанг ҳамчун пулеметчӣ дар қӯшунҳои пиёдагарди Армияи Сурх хизмат карда, дар ҷангҳо бар зидди фашизм иштирок ва ҷонбозиҳо кардааст. Аммо бо ин ҳама, дар комиссариати ҳарбӣ ва шуъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб барои пардохти ҳақи ҳалоли қаҳрамони ҷанг, гузашта аз ин мӯйсафеди пири 94-сола бепарвогӣ карданд. Занҷир Ашӯров маҷбур шуд, то барои танатанаи ҳақиқату адолат ба прокурори вилояти Хатлон мактуби расмӣ нависад ва дар симои ин мақомот ҳимоятгар ҷӯяд. Баъди санҷиш ва омӯхтани қазияи мазкур, прокурори вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҳимов А. аз таърихи 3-юми декабри соли 2010-ум ба шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб амрнома дар мавриди қонунвайронкунӣ аз ҷониби ин муассиса ва ҳар чӣ тезтар пардохт намудани ҳақи нафақаи Ашӯров ҳамчун иштирокчии ҶБВ ирсол кардааст.
Аммо бо гузашти муддати зиёд, нафақаи иштирокчии ҷанг ҳамоно ба таъхир мерафт. Ахиран, Зӯҳро Муродова, мутахассиси ин муассиса аввали моҳи ноябри соли 2011-ум гуфтааст, ки моҳе пеш нафақаи ногирифтаи Занҷир Ашӯров тӯли ин муддат ба пуррагӣ, ба маблағи беш аз 18-ҳазор сомонӣ пардохт шуд.
Аслиддин Достиев
РS: Вале ин ҷо суоли матраҳ ин аст, ки барои ин қадар саргардонӣ, гузашта аз ин барои поймоли ҳуқуқ ва обрӯву шарафи инсонии як пири 94-сола дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон, шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва комиссариати ҳарбӣ касе ҷавоб намегуфта бошад?
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |