Барои раҳоӣ аз ин вазъ ва ҳалли мусбати масъала тамоми имконоти мавҷударо дар доираи дипломатияи мардумӣ бояд ба кор барем. Натиҷаҳои беҳтару хубтарро метавон ба даст овард, агар саъю кӯшиш кунем…
Иддае аз рӯзноманигорон ва рӯшанфикрони Тоҷикистон дар Душанбе «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон»-ро ташкил доданд. Ин гурӯҳ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгоҳ нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd» сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад. Пеш аз ҳама барои гурӯҳ он паҳлӯи масъала муҳим менамояд, ки бар асари ин қазия зарбаи аввалин ва ҷиддӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия зада мешавад. Масъулини гурӯҳ мегӯянд, барои раҳоӣ аз ин вазъ ва ҳалли мусбати масъала тамоми имконоти мавҷударо дар доираи дипломатияи мардумӣ бояд ба кор барем. Зимни пахши изҳорот онҳо аз ҷумла омадааст: «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар қазияи рухдода набояд чун аҳроми фишор истифода шаванд ва мавриди зарбаи ҳамаҷониба қарор бигиранд. Аз ин хотир, Гурӯҳ аз журналистон ва ҷомеаи шаҳрвандии Русия даъват ба амал меорад, ки ба пешгирии ин раванди номатлуб мусоидат намоянд. Гурӯҳи мусоидат ба ин ҳақиқат таъкид менамояд, ки таърихи тӯлонии равобити ҳамаҷонибаи мардуми тоҷику рус натиҷаҳои беҳтару барои ҷонибҳо манфиатовар дар ростои таҳкими ин дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дорад.»
Гурӯҳ ва мушкилоти муҳоҷирон
Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик, ки роҳбарии Гурӯҳро дар ҳоли ҳозир ба зимма дорад бар ин назар аст, ки: «Дар ин вазъият хомӯш будан ва бетарафиро ихтиёр кардан, ба назари ман гуноҳ аст». Ӯ афзуд, аз ин сабаб мо ҷамъ шудем ва мехоҳем, ки ҳам ба ҳукумат кӯмак кунем ва ҳам аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон дифоъ кунем. Вазъи иқтисодие, ки ҳоло Тоҷикистон дорад, албатта бе Русия будан хеле мушкил аст. Вале мо наметавонем, тамоми умр пойбанди ин мамлакат бошем. «Мо дар навбати аввал бояд роҳҳои ҳалли ин қазия пешомадаро ёбем, мақсади ҷамъияти мо ҳам ҳамин аст, ҳадафи аслӣ ин аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ набояд аҳроми фишор бошанд»,-мегӯяд Абдураззоқов. Ба андешаи Барзу барои ҳалли мушкил ҳанӯз на аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода шудааст ва корбурди ин захираҳо ба ҳамкории ҳамаи тарафҳо марбут аст. Марат Мамадшоев, муҳаррири хафтаномаи «Азия плюс» низ аз дигар масъулини Гурӯҳ аст. Оқои Марат мегӯяд: «Бартараф кардани нофаҳмиҳо оид ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва фароҳам сохтани шароити хуби ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандии Русия, аз масоили умдаи матраҳшаванда маҳсуб мегарданд». -Мо чунин мешуморем, ки ин масъала дар ҳоли ҳозир дар сатҳи ҳукуматҳо ҳалли худро наёфта истодааст ва саҳми ҷомеаи шаҳрвандиро зарур донистем,- афзуд ӯ. Ҳамсӯҳбатамон дар интиҳо аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, шахсиятҳо ва ҳамаи онҳое, ки ба ин мавзӯъ бетараф нестанд, даъват кард, ки ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд ва афкори мардумиро ба вуҷуд биёранд.
Ибодуллоҳи Тоир
Мӯҳр