Дар толори филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе чаҳорумин Анҷумани минтақавии «Ҷавонони рақамии Осиёи Марказӣ» (DYCA) баргузор шуд, ки дар он беш аз 60 лоиҳаи мутахассисон дар мавзӯъҳои гуногун муаррифӣ гардид. Талъат Нӯъмонов, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ», ки ҳамзамон созмондиҳандаи Анҷумани мазкур мебошад, ҳадафи ташкили форумро чунин шарҳ дод: «Мақсади баргузории чорабинии мазкур оммавӣ кардани таҷрибаи муваффақонаи корбарии фановариҳои иттилоотиву иртиботӣ ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад».
Дар ин Анҷуман 160 нафар мутахассисони ҷавони технологияҳои иттилоотӣ ва Интернети мобилӣ, дизайнерҳо, созмондиҳандагони сомонаҳо, устодони муассисаҳои таълимӣ, соҳибкорон, иқтисодшиносон ва рӯзноманигорон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Эрон ва ИМА иштирок доштанд. Дар миёни лоиҳаҳои муаррифишуда барномаҳое низ буданд, ки барои ҳалли мушкилоти ҷомеа нақши назаррас хоханд дошт.
Тарҳу амал: Гоме ба истиқболи фанноварии муосир
Умед Мирсаидов аз шаҳри Қӯрғонтеппа тарҳи «Саҳифаи электронии эълонҳо ва хизматрасониҳо»-ро муаррифӣ кард, ки ҳадафаш мусоидат ба рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва бо ҷойи кор таъмин сохтани аҳолӣ дар минтақаҳо тавассути хизматрасониҳои электронӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ҷараёни анҷуман мутахассисони варзидаи фановариҳои иттилоотию иртиботӣ барои иштирокдорони ҷавон лоиҳаҳои амаликардаашонро муаррифӣ сохтанд. Аз ҷумла, лоиҳаи Муҳаммадӣ Ибодуллоев таҳти унвони «ТИК ҳамчун воситаи ҳамкории аҳолӣ ва мақомоти худидораи маҳаллӣ» таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба худ ҷалб кард. Тарҳи мазкур ба таъмини шаффофияти кори идораҳои хадамотӣ нигаронида шудааст. Он барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи аҳолӣ, назорати фаъолияти мақомоти худидора аз ҷониби шаҳрвандон, ба таври фаврӣ фиристодани иттилоот аз сӯйи мардум тавассути шабакаи Интернет ва паёму зангҳои телефонӣ танҳо ба як мақоме, ки масъули ҳамаи хизматрасониҳост, мусоидат мекунад. Ин лоиҳа 16 навъи хизматрасониҳоро тавассути як шабакаи идоракунӣ дар бар мегирад, ки аз ҷумлаи онҳо пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, вазъи бому таҳхонаҳои биноҳои баландошёна, мусоидат ҷиҳати рафъи мушкилот ва маҳдудиятҳо дар таъмини об, барқ ва газ, интиқоли партов ва амсоли инҳо мебошанд.
Тарҳи пешниҳодшуда кори мардумро хеле осон карда метавонад, вале ба андешаи таҳлилгарон, ҳоло дар мақомоти хизматрасонӣ барои татбиқи чунин барномаҳо шароит муҳайё нест. Масалан, баъзе идораҳо ҳатто сомонаи худро надоранд, чӣ расад ба шакли пардохти электронӣ. Шавкат Акбаров, яке аз мутахассисони соҳаи технологияҳои навин, ки дар ин анҷуман ширкат дошт, гуфт, ки як мушкили аслӣ дар гузаштан ба хизматрасониҳои электронӣ ё интернетӣ набудани шароити зарурӣ дар идораву марказҳои хизматрасонӣ бошад, проблемаи дигар кам будани теъдоди истифодабарандагони ин навъи хизматрасонист, ки дар рушди соҳа монеа эҷод мекунад.
Аммо Талъат Нӯъмонов мегӯяд, ки бо назардошти мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мутахассисони фановариҳои иттилоотию иртиботӣ тавсия кардаанд, то таҳияи лоиҳаҳо дар ин самт зиёдтар гардад ва пешниҳоди мазкур аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистон хуш истиқбол шудааст. Ӯ гуфт, ки монеаҳо ба оҳистагӣ аз байн хоҳанд рафт. Зеро лоиҳаҳое пайдо мешаванд, ки махсус барои бартараф кардани монеаҳо хизмат хоҳанд кард. Аз ҷумла, ӯ генераторҳои механикиро мисол овард, ки корбарони Интернет ё телефони мобилӣ метавонанд ин дастгоҳро дар сурати набудани барқ бо қувваи даст ба кор андохта, кори худро ба сомон расонанд.
Вижагии дигари анҷумани мазкур дар он буд, ки зимни чорабиниҳои иловагӣ намоишгоҳи лоиҳаҳо ва тавлидгоҳи ғояҳои ҷадид баргузор гардиданд. Дар натиҷа ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони сохторҳои давлативу хусусӣ ва ҷамъиятӣ шомил буданд, муаллифони 6 лоиҳаи беҳтаринро муайян карданд: Ду ҷойи аввалро сокини шаҳри Хуҷанд Шӯҳрат Мақсудов бо тарҷумони худкор аз забонҳои ғайр ба забони тоҷикӣ дар Интернет ва намояндагон аз Душанбе Шоҳрух Давлатов ва Қобил Ҳақназаров бо барномаи компутерӣ барои донишҷӯён ва устодони риёзӣ соҳиб гардиданд. Ҷойҳои дуюмро низоми таълими фосилавӣ (донишгоҳи электронӣ, муаллиф - Ҷамшед Шарифов аз Хуҷанд) ва лоиҳаи «Ёвари электронӣ» барои одамони имконияташон маҳдуд (маҳсули гурӯҳи муаллифон аз Душанбе - Бахтиёр Ғайбуллоев, Довуд Раҷабов ва Эраҷ Шеров) ба даст оварданд. Лоиҳаҳои телевизиони «Илм ва маориф» дар заминаи донишгоҳ (муаллиф - Шаҳло Носирова аз Душанбе) ва сарчашмаи таъмини механикии барқ ба телефонҳои дастӣ (маҳсули Қиёмиддин Муҳаммадшарифӣ аз Душанбе) ба дарёфти ду ҷойи сеюм ноил гардиданд. Қобили зикр аст, ки ғолибони озмун ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои навоваронаи худ аз лиҳози техникӣ ва молиявию маъмурӣ дастгирӣ карда мешаванд.
DYCA 2011: Ҳама паҳлӯи ҳам
Анҷумани DYCA 2011 бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон доир гардида, дар ташкил ва баргузории он филиали ДДМ ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе, ширкати Вавилон-Т ва Вавилон-М, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI», ҶММ «Промоушн», ширкати Dr.Web ва филиали «Интернюс Нетуорк Инк» дар Тоҷикистон мусоидат карданд. Дастгирии иттилоотии анҷуманро ҳафтаномаю хабаргузорӣ ва радиои «Азия-Плюс», рӯзномаи «Имрӯз-Нюс» ва радиои «Имрӯз», нашрияи «Озодагон» ва хабаргузории «Озодагон», шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон», радио ва хабаргузории «Ховар», ҳафтавори «Омӯзгор» ва расонаҳои дигари кишвар таъмин карданд.
Исфандиёри Халил
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |