Тайи 10 моҳи соли равон дар шаҳри Кӯлоб 304 нафар барои нахустин маротиба гирифтор ба бемории сил гаштаанд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» Ҷамшед Рафиев, директори МНДСЭ-и шаҳри Кӯлоб хабар дод. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, силзадагон 85 нафар зиёд ошкор гаштаанд. Аз ҳамин шумора, 265 нафарашон мубталои бемории шуш будаанд. Дар ҳамин ҳол, Саид Аламов, директори МНДСЭ-и вилояти Хатлон дар гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, шумораи дақиқи силзадагонро дар ҳамаи минтақа гуфтан намехост. Аламов бо алам мегуфт, «ин сир аст ва онро ман ошкор кардан наметавонам. Зеро, барои ин ҳатман ҷазо мегирам. Чанде пеш барои хабар додан аз шумораи гирифторони бемории сил аз «боло» гап расида буд. Умуман, барои журналист чӣ лозим донистани касалмандони бемориҳои сироятӣ? Чӣ даркор овоза намудани ҳамин бемориҳо?». Аммо ба ҳар ҳол ӯ гуфт, ки гирифторони касалии сил дар навоҳии минтақа назар ба як соли қабл 121 нафар афзудааст. «Шумораи дақиқро аз беморхонаи вилоятии зидди касалиҳои сил бигир. Зеро, маълумотҳои мо мувофиқ намеоянд»,- афзуд директор. Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ҷаноби Аламов дар ин муддат 9 тан аз сокинони минтақа баъди заҳрзании кана мубтало ба бемории вазнини таби хунин ё ба истилоҳ геморологическая лихорадка гаштаанд ва ҳамагӣ дар беморхонаҳо ба пуррагӣ табобат ёфтаанду касе ба ҳалокат нарасидааст. Аммо Мирзоалӣ Миралиев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон ҳанӯз моҳи август хабар дода буд, ки 2-тан аз гирифторони ин беморӣ фавтида буданд.Бояд гуфт, ки ҳамин масъул ягон масъулияте дар мавриди додани иттилоъ барои журналистон надорад ва мудом бо баҳонаи «ҷазо» гирифтан аз болобудагонаш, аз додани иттилоъ саркашӣ мекунад. Ҳол он ки тибқи моддаи 5-уми Қонун дар бораи иттилоот, мақомот масъул аст, ки барои ВАО маълумоту хабари зарурӣ пешниҳод намояд.
Аслиддин Достиевa
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |