Тайи як ҳафтаи ахир сару садо атрофи қазияи ду халабони як ширкати русӣ, ки аз сӯйи додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа барои 8,5 сол равонаи зиндон гаштанд, шиддат мегирад. Ин иқдом шарикони стратегии мо, ҳукумати Федератсияи Русия ва раҳбарони аҳзобу сарварони ҷамъиятҳои ин кишварро хашмгин сохта, фишорро болои муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия ба сар мебаранд, зиёд кардааст. Дар робита ба ин масъала хабаргузории «Озодагон»бо Шокирҷон Ҳакимов, муовини райиси ҲСДТ, коршинос дар умури сиёсӣ сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ анҷом дод, ки инак фишурдаи он мусоҳиба пешниҳоди шумо мешавад:
Озадагон: Салом, ҷаноби Шокиров. Ба назари шумо қазияи халабонҳо, ки акнун дорад ба сӯи сиёсат майл мекунад, то чӣ андоза ҳақиқат ва воқеият дорад? Ва ин ҷо кӣ ҳақу ки гунаҳкор аст?
Шокирҷон Ҳакимов: Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ин ду халабон аз Русия ва Эстония, ки тайёраро аз Кобули Афғонистон гирифта, дар шаҳри Қӯрғонтеппа беиҷозат фуруд оварданд, гунаҳгор ҳастанд. Аз кирдору рафтору сӯҳбатҳои ин шарҳвандон ба назар мерасад, ки аломатҳои ҷиноят дар ҳаракатҳои онҳо ҷой дорад, вагарна онҳоро аз озодӣ маҳрум намекарданд, ҳамчун як шахси ҷинояткор. Лекин Русия бо истифода аз аз абзорҳои фишоре, ки дар даст дорад, кӯшиш карда истодааст, ки аз ин раванд ба нафъи кишвари худ истифода кунад ва дахлнопазирии ҳокимияти судиро зери суол барад. Аз ҷониби дигар райисҷумҳури Тоҷикистон саъй дорад, ки дар ҳалли мусбати қазия мусоидат кунад. Агар ин гуна амалҳо дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ё дигар қонунгузорӣ сурат гирад ин ба манфиати ҷомеъа аст, агар не, пас бори дигар исбот мешавад, ки дар низоми ҳокимият мушкилот мавҷуд аст.
Озодагон: Пас аз ин қазия муносибати Русия ва Тоҷикистон чӣ пайомадеро ба думбол хоҳад дошт? Назари шумо чист?
Шокирҷон Ҳакимов: Руссия медонанд, ки сиёсати бахши иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир муассир ва самарабахш нест. Феълан, аксари шаҳрвандони қувваи қобили кори Тоҷикистон дар бозору корхонаҳои саноатӣ ва дигар марокизи истеҳсолии Русия қути лоямути худ ва хонаводаашонро пайдо мекунанд. Русҳо инро ҳамчун механизми сиёсӣ истифода карда истодаанд, ки боиси нигаронист.Бояд роҳи одилона ва шаффофи ҳалли масъаларо ҷонибҳо пайдо намоянд. Боздошт ва ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз қаламрави Русия поёни ҳалли мушкилот набуд ва нест.
Озадагон: Хуб, акнун бигӯед, ки охири ин қазия ба чӣ меанҷомад? Тарафҳо имкони созиш карданро дар чорчӯби қавонини роиҷ доранд?
Шокирҷон Ҳакимов: Маълум аст, ки бо назардошти ҳодисаҳои муҳими аҳамияти стратегӣ доштаашон , онхо яъне ҷониби Русия, тамоми воситаҳои фишорро пеш гирифтаааст ва истифода бурда истодаааст, то ки манфиатҳояшон қонеъ шавад. Вақте ки ҳукумати Медведеву Путин дар Британия Кабир ва Америка зимни баррасии дигар қазияҳо ба ҳадаф нарасиданд, эътибору нуфузи ҳокимият миёни мардум камтар шуд, аз ин хотир бо истифода аз ин фурсати муносиб кӯшиш мекунанд, ки камбудиҳорояшонро ислоҳ кунанд ва кишвари «гуё пуриқтидор» будани Русияро нишон диҳанд.
Озадагон: Ба назари шумо роҳи ҳалли ин қазия кадом аст?
Шокирҷон Ҳакимов: Аслан агар ҳамин гуна ҷиноят содир шуда бошад, мақомоти судӣ метавонанд дар зинаҳои дуюму сеюм шаффофият ва ошкорбаёниро таъмин намояд. То намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, адвокатҳои давлатҳо ва вакилон аз наздик ба масъала шинос шаванд ва исбот кунанд, дар заминаҳои далелҳо, ки ин гуна ҷиноят ҷой дошт ё не. Пас роҳи ҳалли масъала пайдо мешавад. Дар сурати ҳақ будани ҷониби Русия ҳамаи шахсони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бояд ба истееъфо раванд, ё баръакс: Онҳо бояд исбот кунанд, ки воқеан ҳаракатҳои ҷиноӣ дар таркиби амали халабонҳо вуҷуд дошт ва аз ин хотир онҳо сазовори ҷазоянд.
Озадагон: Ба назари шумо ин парванда ба имиҷи Тоҷикистон лакнат ворид мекунад ё хайр?
Шокирҷон Ҳакимов: Албатта, агар мо ба манбаъҳои мухталифи расонаҳои хабарӣ мутаваҷҷеҳ шавем, маълум мегардад, ки наздикону пайвандон ва фарзандони маъсулини ҳокимияти сиёсии Тоҷикистон дар боздоштҳои муваққатӣ, ё худ дар асорати дигар кишварҳо ҷой доранд ва ташкилкунандагони ҷиноятҳои вазнин мебошанд. Ба ҳамин баҳона, базе дигар ақидаҳо дар хусуси мушкилоти Тоҷикистон дастраси ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд, ки ин боиси заифтар гардидидани заминаҳои сиёсати байналмилалии кишвар гардид. Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки ин вазъ бар зарари Тоҷикистон ва имиҷи кишвари мо боис шуд.
Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева
Мӯҳр