Бахшҳо
14 ноя 2011 05:43Гузориш

Футболи тоҷик, Андӣ ва мошини донишҷӯ

Рӯзи 11-11-11 (ёздаҳуми ноябри соли 2011 дар назар аст) на фақат барои Андӣ Мададиён, овозхони маъруфи эронитабори амрикоӣ ва ҳаводорони бешумораш, балки барои мухлисони «футболи калон» дар Тоҷикистон низ хотирмон мешуд ва то дергоҳ аз ёдҳо намерафт, агар…

Дар ин рӯз, ки зикраш дар боло рафт, тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Ҷопон барои дарёфти роҳхат ба чемпионати ҷаҳон дар соли 2014 сабқат мекарданд. Маврид ба ёдоварист, дар рақобатҳои гурӯҳи то имрӯз Тоҷикистон се бозӣ анҷом дода, дар ҳамаи онҳо бо шикаст мувоҷеҳ шуда буд: Тоҷикистон- Ӯзбакистон 0:1, Кореяи Шимолӣ- Тоҷикистон 1:0 ва Ҷопон-Тоҷикистон 8:0. Ростӣ, ки дар таги дилам оташаке дурахшидан дошт: «Ҳарчанд ба чемпионати ҷаҳонӣ ҳам роҳхат нагирем, ҳади аққал дар майдони марказии футболи кишвар ба дарвозаи ҳарифон 1 тӯб ворид мекунем»… Бо ҳамин «хаёли зебо» ба варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ, ки дар паҳлӯи Кохи тениси пойтахт наздик шудам. Қарор буд, ки ин бозӣ расо соти 14:00 шурӯъ мешавад, барои оғози сабқат ҳамагӣ 20 дақиқаи дигар монда буд, ки ба назди даромадгоҳи асосии варзишгоҳ ҳозир шудам.

Човандозӣ ва майдони нимахолӣ

Назди дарвозаи варзишгоҳ майдони човандозиро мемонд. Мухлисони зиёде ҷамъ омада буданд, ки барои ворид шудан ба варзишгоҳ талош мекарданд. Аммо мақомоти интизомӣ, ки савори аспҳо буданд, аз вуруди мухлисон ба варзишгоҳ ҷилавгирӣ мекарданд. Аз тамошои манзара ба ҳайрат афтода, фикр кардам, ки шояд дар варзишгоҳ курсии холӣ намондааст ва «аспсаворон» ба мақсади пешгирӣ аз ҳодисаи номатлуб боқимондаро ба дарун намемонанд. Чиптафурӯш бошад, дари ғурфаашро маҳкам карда эълон дошт, ки билет тамом шуд, хуш омадед! Ман, ки корти рӯзноманигорӣ доштам, аз издиҳом ҷудо шуда, ба варзишгоҳ  ворид гаштам. Назарам ба ҷониби нишастгоҳи шимолии варзишгоҳ афтод, ки он ҷо ҳудуди 2500 курсии холӣ буд, ҳайразада шудам. Чаро масъулин мухлисонро ба варзишгоҳ ворид шудан намемонанд, дар ҳоле ки ҷои холӣ мавҷуд аст?

4 бозӣ ва 4 бохти тими миллии футболи мо

Ҳамин тавр, бозӣ дар соати 14-00-и вақти маҳаллӣ шурӯъ шуд. Мухлисони дастаи футболи Ҷопон, ки барои дастгирии тими миллиашон ин қадар роҳи дарозро тай карда омада буданд, хеле фаъол ба назар мерасиданд. Онҳо ҳар замон «Нипон-Нипон-Нипон» гуфта, нақора менавохтанд. Аснои ҳаракати зебо ва ё бозии хуби футболбозонашон бошад, номи ӯро гирифта, онҳоро рӯҳбаланд мекарданд. Мухлисони дастаи Тоҷикистон низ аз ҷопониҳо қафо намонда, ҳаёҳу мекарданду ҳуштак мекашиданд. Бозии ҷопониҳо ҳам мухлисон ва ҳам футболбозони тоҷикро ғафлатгир карда буд. Шахсан ман ба ҳаракату тӯбпартоии онҳо бо шавқ назора карда, гоҳ-гоҳе футболистони худамонро ба ҷои ҷопониҳо тасаввур мекардам, аммо ин рӯъё буд, албатта на ҳақиқат. Дар дақиқаи 36-уми даври якуми бозӣ бозингари ҷопонӣ Ясуюкӣ Коно тӯби нахустинро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд. Дар дақиқаи 62-юми даври дуюми бозӣ Шинҷӣ Оказакӣ, бозингари дигари ҷопонӣ тӯби дуюмро ба ҳадаф ҳадаф расонд. Голи сеюми ҷопониҳоро дар дақиқаи 82-юми бозӣ бозингари рақами 18- Риоитӣ Маета ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи дуюми вақти изофӣ (дақиқаи 91-ум) бозингари рақами 9, Шинҷӣ Оказакӣ, голи дуюми худро ба дарвозаи соҳибони мйдон ворид намуд, ҳисобро ба 0:4 баробар кард.

Алберто Дзаккеронӣ, сармураббии дастаи мунтахаби Ҷопон пас аз пирӯзии дастааш ба суолҳои хабарнигорон посух дода гуфт: «Ман ба футболбозони тоҷик ва роҳбарони тими мунтахаби Тоҷикистон тавсия медиҳам, ки байни ҳам бисёртар мусобиқа гузаронанд ва аз миёни дастаҳо бозингарони беҳтаринро интихоб кунанд».   -Футболбозони тоҷик нисбати бозии қаблияшон, ки дар ватани мо баргузор гардида буд, дар ин ҷо беҳтар ҳунарнамоӣ карданд, вале муваффақ нашуданд,- афзуд Дзаккеронӣ.

Маврид ба ёдоварист, ин чорумин дидори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2014 ба ҳисоб мерафт. Дар се бозии гузашта, тими миллии кишвари мо ба нокомӣ дучор шуда буд ва ва ин навбат ҳам аққалан як тӯб ба дарвозаи ҳариф ворид карда натавонист.Ба ин тартиб, мунтахаби Ҷопон бо 10 имтиёз дар гурӯҳи “С” дар ҷои аввал мебошад. Вале дастаи Тоҷикистон бидуни имтиёз пас аз тимҳои Ӯзбакистон ва Кореяи Шимолӣ дар зинаи охирин қарор дорад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии даври панҷуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонро дар гурӯҳи “С” рӯзи 15-уми ноябр бо тими миллии Ӯзбакистон дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд анҷом медиҳад. Бояд гуфт, ки  20 тими мунтахаби Осиё дар 5 гурӯҳ барои ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон- 2014, ки дар Бразиля баргузор мегардад, талош хоҳанд кард.

РS: Пас аз анҷоми бозии дастаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон бозии лотерея баргузор шуд. Бурди олӣ - мошини сабукрави тамғаи "Жигулӣ" ВАЗ-2107 насиби мухлиси футбол, донишҷӯи Донишкадаи иқтисодии  Тоҷикистон Назарбеки  Мастоншоҳ гардид, ки эшонро бо дастовардаш табрик мегӯем, чизеро, ки дар баробари тими миллии футболи Тоҷикистон алъон наметавонем бигӯем.

Ибодуллоҳи Тоир

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)