Шоми имрӯз дар майдони театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ таҳти унвони “Зиндагиро орзу ширин намуд” фестивали ситораҳои санъати эстрадаи тоҷик бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир доир мегардад.
Тавре ба “Озодагон” аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд, аксия аз ҷониби агентии мазкур, дафтари намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Душанбе ташкил шудааст ва дар он ҳамаи хоҳишмандон новобаста аз синну сол вакасбукорашон метавонанд ширкат намоянд.
Манбаъ афзуд, ҳадафи чорабинии мазкур ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба мушкилоти нашъамандӣ дар кишвар аст ва баргузоркунандагони он ҳадаф доранд бо роҳандозии чунин аксияҳо дар байни иштирокдорон ҳиссиёти бегонагӣ бо маводи мухаддир ва истеъмоли моддаҳои психоактивиро бедор кунанд. Ва бо ин васила як ришта корҳои таблиғоти зиддинашъамандиро миёни наврасону ҷавонон ба роҳ монанд.
Интизор меравад, дар ин фестивал ҳунармандони шинохтаи мусиқии эстрада- Далер Назаров, Зикроллоҳ Ҳакимов, Нозия Кароматулло, Муҳаммадрофеъи Кароматулло, Ҷонибек Муродов, Самад Ғанӣ, гурӯҳи сарояндагони мусиқии рэп аз шаҳри Душанбе, намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, шоирон, нависандагон ва варзишгарон ширкат намоянд. {jathumbnail off}
Мӯҳр