Имрӯзҳо назари аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Шарқ нигаронида шудааст. Зеро як давлати кӯчак, аммо ҷангҷӯ- Исроил даъвои ҷанги навбатӣ боз ба як кишвари исломӣ мекунанд. Ин ҷо суоли матраҳ ин аст, ки Исроил таҳти ҳимоят ва дастгирии чанд мамлакати дигар, дақиқан Фаронсаву Итолиё, Бритониёву Амрико ҳамлаи ҳарбиро ба Эрон амалӣ мекунад? Ва оё агар ин ҷанг оғоз гардад, чӣ пайомадҳо дар пайи худ ба бор меорад?
Як расонаи марбут ба кишвари Русия менависад, ҷониби Олмон ва Русия аз ҳамлаи Исроил болои Эрон изҳори нигаронӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ВАО-и Исроил рӯзҳои ахир мунтазам аз омодагӣ ба ҳамла болои Эрон мавод нашр мекунад. Ин расонаҳои яҳудӣ менависанд, ки давлати Эрон силоҳи ҳастаӣ месозад ва дунёро ба чолиш мекашад. Ин гуна таҳдидҳо замоне рӯ заданд, ки мебоист рӯзи 8-уми ноябр намояндагони МАГАТЭ дар мавриди Барномаи ҳастаии Эрон санади марбутаро ба имзо мерасонид. Вале ВАО-и ғарб аллакай ахбор пешниҳод мекард, ки дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ин Оҷонсӣ хабарҳое омадааст, ки тибқи он дар Эрон таъсиси силоҳи ҳастаии давраи охир ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи Гордияни чопи Бритониё овардааст, ки гӯё разведкаи ин кишвар ҳам дар мавриди сохтани бомбҳои ҳастаӣ дар Эрон маводҳо пешниҳод карда бошад. Ҳамзамон, интизор меравад, ки рӯзҳои наздик чопи суратҳои кадом контейнери махсусе ба роҳ монда мешавад, ки гӯё «озмоиши хурди мушакҳои ҳастаӣ дар машқгоҳи Порчин, наздик ба Теҳрон» гузаронида шуда бошад.
Нашрияи Гордиян суханҳои собиқ нозири МАГАТЭ Олли Ҳейноненро меорад, ки «олимони эронӣ на танҳо фаъолиятро дар самти бунёди яроқи ҳастаӣ қатъ карданд, балки онро зиёд мекунанд. Усулан, эрониҳо гӯё на танҳо ба озмоишу созмони силоҳи ҳастаӣ машғуланд, балки ташхисҳои компютерӣ низ гузаронидан доранд, ки дар дилхоҳ вақт метавонад, мушакҳои ҳастаӣ бунёд намояд».
Аммо ҷониби Эрон ҳамаи ин пешниҳоду маводҳоро рад карда, эълом доштааст, ки далелҳои овардаи оҷонсии МАГАТЭ ҳамагӣ тӯҳмату бӯҳтон нисбат ба Эрон мебошад. Зеро, ба гуфти президенти ҶИЭ, Маҳмуди Аҳмадинажод, Оҷонсӣ оид ба энержии ҳастаӣ (атомӣ) ба як силоҳи фишороварии Амрико ба Эрон мубаддал гаштааст.
Машваратҳои бенатиҷа ва сукути Чин
Дар ҳамин ҳол, вазирони корҳои хориҷии Русияву Олмон Сергей Лавров ва Гиде Вестервелле гуфтаанд, ки ҳамла ба Эрон роҳи ҳалли мушкилот шуда наметавонад, балки он хатар на танҳо ба минтақа, ки ба ҳамаи ҷаҳон мерезад. Ба ақидаи эшон, ҳанӯз роҳи ҳали масъалаи барномаи ҳастаии Эрон ба таври сулҳомез вуҷуд дорад.
Аммо яҳудони ҳукуматдор ва баъзе аз сиёсатмандони амрикоиву бритониёӣ (пӯшида нест, ки ҳамагӣ яҳудианд) андешаи дигар доштаанд. Ба ақидаи онҳо, то имрӯз муносибатҳои сулҳомезӣ дар нисбати Эрон мусбат ҳал нагашт.
Вале то ҳанӯз мавқеи давлати дигари бузурги минтақа, Чин дар мавриди моҷарои сари Эрон омада, норӯшан аст. Ин дар ҳолест, ки чиноиҳо қариб аз се, ду ҳиссаи нафти Эронро харидорӣ мекунанд. Хомӯшии Чин ба нафъи Исроилу шарикони амрикоиву инглисиаш мебошад ва умед бар он доранд, ки дар мавриди ҳамла ба Эрон давлати Чин барояшон муқобилат нахоҳад кард.
Таври маълум, Исроил, агар малеҳтар карда гӯем, дар мавриди ҷанг ва нобуд сохтани мавзеҳои ҳастаӣ «собиқадор» аст. Бо баҳонаи яроқи ҳастаӣ, соли 1981 мавзеи реактори ҳастаидоштаи «Осирак»-ро дар Ироқ ва соли 2007 мавзеи махфии ҳастаидорро дар минтақаи Дер-аз-Зури Сурия мавриди ҳамлаи бомбу мушакҳо қарор дода, нобуд карда буд.
Ҳама гӯё забон як кардаанд
Бисёр аҷиб аст, ки баъзе аз роҳбарони мамолики ғарб аз ҷангҷӯйи Исроил тарафдорӣ намуда, Эронро муттаҳаму таҳдид мекунанд. Никола Саркози, райисиҷумҳури Фаронса дар як баромадаш гуфтааст, ки дар ин маврид, яъне замони ҳамла болои Эрон «даст болои даст нахоҳад гузошт». Сарвазири Бритониё низ ошкоро ҷонибдориашро аз ин амалиёт нишон дода, омодагии ҳарбиёнашро барои дастгирӣ эълом доштааст. Аммо сардори паймони низомии НАТО Андерс Рассмусен гуфтааст, ки ба ҳеч паймон тарафдори муносибати ҷангӣ бо Эронро надорад, балки ҷонибдори кӯшиши бо тарзи сулҳомез ҳал намудани қазияи барномаи ҳастаии Эрон мебошад. Ин дар ҳолест, ки аввали ҳамин моҳ ҷангандаҳои ҳавоии яҳуд дар як майдони машқгоҳи НАТО дар Итолиё машқи ҷангӣ гузаронидаанд. Ба андешаи коршиносони ғарб, ҳамин машқҳо танҳо ва танҳо ба хотири омодагӣ барои ҷанг ба муқобили Эрон будааст. Барак Обама, президенти ИМА бошад, ба таври хеле моҳирона ва бояд гуфт, маккорона, гуфтааст, ки гӯё аз амалиёти пешгирифтаи Исроил хушаш намеояд ва дар ин амалиёт шояд ҳарбиёни амрикоӣ ширкат нанамоянд. Аммо норӯшан аст, ки барои чӣ ва бо кадом сабабҳо радарҳои амрикоӣ дар масофаи наздик ба Эрон, дар қаламрави Туркиё насбу васл мегарданд?
Эрони бузург ва аммо танҳо
Воқеан, имрӯз бархе аз кишварҳои мусулмонӣ пушт ба Эрон доранд. Чӣ ва киҳо Туркияро маҷбур карда, то силоҳу таҷҳизоти ҷангии амрикоиро дар хокаш ҷой диҳад? Ин дар ҳолест, ки барои ҳамла ва ё ғасби Эрон аз ин мамлакат барои Амрико ҳамагӣ як фурсати кӯтоҳе зарур мешавад. Дар ин маврид ҷониби Эрон аз амалкарди Туркия изҳори нигаронӣ намуда буд, аммо туркҳо ба изҳороти эрониҳо таваҷҷӯҳе накарданд. Исроил ва ҷонибдоронаш тавонистанд дар як фурсати кӯтоҳ чандин маротиба ба мамолики гуногуни араб ҳамлаи ҷангӣ карда, ҳазорон нафарро ба марг расонанд. Дар ҳоли ҳозир ҳам, мусалмонкушӣ дар чанд минтақа аз ҷониби саҳюнистон идома дорад. Вале давлатҳои исломӣ на танҳо хомӯшанд, балки силоҳу ҳарбиёни аждари исломкуш- Амрикоро «бо камоли майл» қабул ва дар сарзаминашон ҷой медиҳанд. Маҳз Амрико ва сиёсати ифротии ин кишвар буд, ки бе ягон исботу далел дар тарҳи терори намояндаги сафорати Арабистони Саудӣ дар қитъаи худаш ҷониби Эронро муттаҳам намуд ва ба мақсад расид. Ҳамин буд, ки беш аз ним ҳазор зоирони эрониро, ки қасди зиёрати хонаи Худо кардаанд, аз Макка берун карданд. Куштори ваҳшиёнаву ҷоҳилии Саддом Ҳусайну Муаммар Қаззофӣ низ аз ҷониби амрикоиҳо бо дасти худи арабҳо амалӣ шуд.Бегумон амалиёти амрикоиву яҳудӣ болои кишварҳои минтақаи Шарқ, ба хусус мусалмонон, ба нуқтаи анҷом нарасидааст ва дар ин росто навбати Эрон, ягона давлати шарқии мусалмонтаборе, ки яҳудон аз он тарс доштанду доранд, фаро расид. Онҳо медонанд, ки ба танҳоӣ ба зону задани Аҳмадинажоду халқи Эрон муяссарашон намегардад, дар бастагӣ сари ҳамла нақша мекашанд. Бадтар аз ин ҳам, саҳюнистони «оқилу доно» тавонистанд, кишварҳои исломиро низ сари ин моҷаро биёранд. Гумони ғолиб он аст, ки ҷанг болои Эрон ногузир аст, дар ҳоле сарони кишварҳои ғарбӣ сари ин нукта ҳарф мезананду райисиҷумҳур, сарвазир ва вазири дифоъи Исроил дар сӯҳбат меоянд. Аммо эшон агар ҳомиёне чун Амрикову Бритониё, Фаронсаву Итолиё ва НАТО-ро надошта бошад, ҳаргиз ба Эрон ҳатто бо таги чашм ҷуръати нимнигоҳе кардан намекунад.
Эрон ба чашми кӣ мехалад?
Аммо чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус аҳолии мамолике, ки ба воситаи Исроил ба ҷанг кашида мешаванд, боре аз амалиётҳои ҷангии Исроилу Амрико ва шариконашон нигаронӣ намекунанд? Агар ҷурми Эрон бунёди бигзор, силоҳи ҳастаӣ ҳам бошад, оё сохтани ин силоҳ дар ҳамаи ҷаҳон танҳо барои эрониҳо мамнӯъ аст? Чаро давлатҳое бо шумули Ҳиндустону Покистон, Чину Ҷопону Туркия, Русияву Амрико ва ҳатто Исроил созмону нигаҳдории бомбу дигар силоҳи атомӣ иҷоза бошаду Эронро не?
Аммо ба назари ин ҷониб ҳарфҳои як фармондеҳи артиши давлати исломӣ, ки дар бораи ин қазия гуфта буд, бояд дар гӯши ҷангҷӯён ҳамвора садо дардиҳад: «Бани Исроил аз ҳар гуна ҳамла ба Эрон пушаймон хоҳад гашт ва ҳатман ҷавоби зарурӣ мегирад. Худованд нигаҳдори Эрону эрониҳост».
Аслиддин Достиев
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |