Ҳам дар кишварҳои Аврупо, ҳам дар мамолики Арабу Осиё ва ҳам дар кишварҳои, ба қавле, ба "ғазаби" абарқудратҳо гирифторшуда (Ироқ, Афғонистон, Либия, Сурия, Фаластин ва м.и.) иди Қурбон бо фазои хоси ҳамон кишвар, тибқи расму оину урфу одати миллии сокинони бумиаш ҷашн гирифта шуд; дар Тоҷикистони азиз низ бо ду-се баробар баланд шудани нарху наво ва хизматрасонии маишӣмардум "идгардак" карданд ва ин боло рафтани нарху наво ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб надошт... Аммо, суханони намояндаи доимии Федератсияи Русия дар Созмони Атлантикаи Шимолӣ(НАТО) Димитрий Рогозин воқеан боиси ҳайрат ва тааҷҷуби коршиносону мутахассисони русиягӣгардид: "ба таври оммавӣомадани мусулмонон ба масҷиди ҷомеъи Маскав, воқеъ дар хиёбони Мир дар рӯзҳои ҷашнгирии идҳои исломӣбаргузор кардани митинг ва намоиши нерӯ мебошад, на чорабинии динӣ" (массовое посещение мусульманами соборной мечети Москвы на проспекте Мира в дни исламских праздников является митингом и демонстрацией силы, а не религиозным мероприятием).
Ба назар чунин мерасад, ки ин намояндаи воломақоми кишвари дусти Русия дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣваколатдор оид ба ... Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вагарна аз ин мақоми ишғолкардаи худ оид ба муҳоҷирони тоҷику оид ба идгирии мусалмонон ҳарф намезад.
Иди Қурбон намояндаи Русияро дар НАТО ба ташвиш овард
Д. Рогозин пешниҳод мекунад, гузаронидани чунин чорабиниҳое, ки "идҳои диниро ба намоиши нерӯ мубаддал мегардонанд" қонунан манъ карда шавад ва ишора мекунад, ки дар Швейсария, Белгия ва Фаронса лоиҳаи чунин қонунҳо мавриди таҳия ва пешбарӣқарор доранд.
"Мусулмононро на барои он ки онҳо ҷойи намозгузорӣнадоранд, балки бо мақсади гузаронидани митинг ва намоиши нерӯ бо автобусҳо ба маркази Маскав меоранд, ки ин иди динӣнабуда, балки намоиши қувва мебошад", - гуфтааст Рогозин.
Ходими фаъоли ҷамъиятии Русия Ҳайдар Ҷамол вобаста ба суханони Д.Рогозин чунин мегӯяд: "Рогозин таҷассумгари ҳамон гурӯҳи мансабдорони хосе ҳаст, ки дар низоми беадолатонаи онҳо муҳоҷирони беҳуқуқ мавриди истисмор ва зулму ситам қарор доранд. Барои намояндагони ин низом дини ислом монанди "устухонест, ки дар гулӯ дармондааст", - Рогозин ва шахсони ҳамсони ӯ бо устодони ғарбии хеш исломро чашми дидан надоранд. Онҳо ва балегӯйҳои эшон дар байни роҳбарони кишварҳои ғуломтабиати мусалмонӣомодаанд, ки дар симои ҳар мусулмони воқеӣмуҷоҳидро бубинанд".
Тавре Ҳайдар Ҷамол қайд кард, "...мусулмонон танҳо ба офаридгори худ Аллоҳ таоло тобеъ ҳастанд ва онҳо ба масҷиди ҷомеъ барои адои намози ид мераванд, на барои намоиши нерӯ, балки баҳри иҷрои амри Худовандӣмераванд, ҳамчунин барои он ба масҷид мераванд, ки бародарӣва ҳамдилӣ, ки аз арзишҳои аслии ислом аст дар зимни таҷлили ид мунъакис мешавад. Шояд барои Рогозин дидани бародарӣва ҳамдилӣмаънои шунидани ҳақорат ва ё нишони таҳдидро дошта бошад".
Президенти Маркази тадқиқотии "Русия-Ҷаҳони ислом" Шомил Султонов изҳор кард, ки "Ҷаноби Рогозин ҳеҷ гоҳ маълумоти басандаву кофӣнадошт, бинобар ҳамин баъзе андешаҳои ӯ, бештар аз сари ҷаҳолат ва беодобии ӯ садо медиҳанд. Ба назар чунин мерасад, Рогозин намедонад, ки таи солҳои охир шумораи мусалмонон дар Русия хеле афзудааст ва ин нишонаи Маскавро ишғол кардани мусулмонон нест, балки натиҷаи ба ҳолати фалокатбор расидани вазъи иҷтимоиву сиёсии минтақаҳо мебошад".
Тавре ки Султонов, изҳор кард мусулмонони асил на танҳо дар рӯзҳои иди Рамазон ва иди Қурбон, балки дар дигар рӯзҳо низ бояд ба масҷид барои адои намоз раванд. "Аммо, воқеият чунин аст, ки дар Маскав расман ба сари чанд миллион мусалмон танҳо шаш масҷид ва ҷойи намозгузорӣрост меояд. Барои муқоиса Лондонро гирем, дар он ҷо мусулмонон чанд баробар аз Маскав камтар ҳастанд, аммо шумораи масҷидҳо 80 мебошад. Ба андешаи ман ҷаноби Рогозин, ҳама бартариҳои сиёсии худро аз даст додааст, бинобар ҳамин бо ҳиссиёти зиддимусулмонӣбозӣкардан мехоҳад, аммо чунин гашти бозӣхеле хатарбор аст,- гуфт дар хотима Ш. Султонов.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз дар Маскав расман 3 масҷид фаъолият мекунад ва дар ин масҷидҳо ҳамагӣпанҷ ҳазор диндорон метавонанд дар як вақт намоз гузоранд. Ҳол он ки дар Маскав шумораи онҳое, ки худро мусалмон мешуморанд, (ҳарчанд, ки талаботи аркони исломиро мунтазам иҷро намекунанд), тибқи омори гуногун аз 1 то 2 миллион нафарро ташкил мекунанд. Дар ин омор ҳам шаҳрвандони Русия, ҳам меҳмонон, ҳам муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣва ҳам сохтмончиёни турк шомил мебошанд. Нисфи зиёди ин нафарон ду иди Ислом: иди Рамазон ва иди Қурбонро ҳатман қайд мекунанд ва табиист, ки бо ҳисоби камтарин 20-30 фоизи онҳо (200-500 ҳазор) мехоҳанд дар масҷид намози идро гузоранд. Панҷ ҳазор куҷо мемонаду 200 ҳазор куҷо?
Миллатгароии русӣРусияро таҳким мебахшад?
"Ман фикр намекунам, ки Рогозин аз урфу одат ва арконҳои дини ислом тамоман бехабар аст, чунки солҳои 90 асри гузашта ӯ як чанд муддат силоҳ дар даст дар Чеченистон қарор дошт. Бинобар ҳамин метавон гуфт, ки ӯ дидаву дониста воқеиятро таҳриф мекунад то вазъиятро мураккаб созад ва нафратро бар зидди мусулмонон афзояд. - мегӯяд аъзои Палатаи Ҷамъиятии Федератсияи Русия М. Шевченко. - Бояд гуфт, ки пас аз барҳам хурдани Иттиҳоди Шӯравӣқартаи "натсионализми русӣ" ба он равона шудааст, ки кишвари Русия пурра аз байн равад. Маҳрум кардани мусалмонон аз ибодат ва тоат дар масҷид - зуҳуроти хеле хатарнок барои давлатдории мост".
Маълум аст, мухолифату зиддият ва нафрату бадбинӣдар заминаи "эҳсосоти миллатпарастӣ" худ аз худ дар майдони холӣпайдо намешавад, ин зуҳурот ҳатман аз тарафи доираҳои муайяни стратегӣтарҳрезӣ, маблағгузорӣва амалӣмешавад. Баргузории инқилобҳои ранга бо иштироки гурӯҳҳои миллатгаро, ба вуҷуд овардани бесуботӣва ноустувории сиёсиву иҷтимоӣ; эҷод кардани нуқтаҳои нави "доғ" бо истифода аз нерӯҳои ифротгаро; ба таҳрик овардани омилҳои иҷтимоӣ, миллӣ, иқтисодӣ, динӣва сиёсӣбо мақсади заиф кардани асосҳои давлат ва бадном кардани намояндагон он; аз ҳам ҷудокунии халқу миллатҳо яке аз тиҷоратҳои санҷидашуда ва бомуваффақи замони муосир мебошад.
Муносибати байни миллатҳоро танҳо дар сурате метавон арзандаву сазовор ва муносиб кард, ки ҳурмат ва эҳтироми як миллат нисбат ба миллати дигар анҷом дода шавад. Ин шарти бозӣбояд дар ҳама маврид ва дар ҳама мавқеъ, ҳам ҳангоми таъсис додани мақомоти намояндагӣва иҷрояи ҳокимияти давлатӣ, ҳам дар муносибат бо забон ва дин, ҳам дар соҳаи маориф, ҳам дар барномаҳои давлатӣ, ҳам дар баррасии масоили байнимиллӣ, ҳам дар доираи мавзӯъҳои ВАО риоя карда шавад.
Дар ҳамин маврид, тибқи маълумотҳои пешниҳодкардаи Маркази маъруфи тадқиқотии Русия "Левада-сентр", 46 фоизи русиягиҳо иқроранд, ки нисбат ба миллатҳои дигар доимо ва ё гоҳҳо ҳисси душманӣдоранд. Ба андешаи 52 фоизи пурсидашудагон, шумораи русҳое, ки андешаҳои миллатгароиро мепарваранд, дар тӯли 5-6 соли охир афзоиш ёфтааст, танҳо 14 фоизи пурсидашудагон чунин андеша надоранд. Соли 2002 25 фоизи пурсидашудагон изҳор карда буданд, ки сабаби афзоиши миллатгароӣрафтори намояндагони миллатҳои аққалият мебошад, соли 2011 бошад шумораи нафарони чунин андеша дошта то 44 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамчунин, бо дастгирии ҳукуматдорон ҳафтаи гузашта наврасон ва ҷавонони "миллатпарасти" русӣдар хиёбонҳои Маскав дар пеши чашми ҷаҳони мутамаддини Аврупоӣва Амрикоӣбо ниқобҳои авбошӣва шиорҳои содалавҳона монанди "Русия танҳо барои русҳо" роҳпаймоии оммавӣбаргузор карда "нерӯ"-и худро "намоиш" доданд...
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |