Омад-омади зимистон ҳар сол ба мушкилоти бешумори мардуми тоҷик мушкил зам мекунад. Дар ин фасл ба замми набудани газу системаи гармидиҳӣинтиқоли барқ низ қатъ мегардад ё бо маҳдудият таъмин мегардад. Рафтуомади мардум ба минтақаҳо душвор ва гоҳо имконнопазир мешавад. Аксарияти мардум ҳатто барои харидани либоси зимистонӣқодир нестанд. Пурсиши ин ҳафтаи "Озодагон" дар ҳамин маврид аст:
Барфи аввал ба шумо чӣ мушкил овард?
Абдураҳим Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе
Имсол зимистон барвақт омад. Ҳанӯз корҳои зиёдеро барои омодагӣ ба зимистон анҷом додан лозим аст. Аз ҷумлаи онҳо харидории либосҳои зимистона барои худу фарзандон, пур кардани газ барои рӯзҳои бебарқӣ, ки мабодо ягон сим канда мешавад ё таъмир мекунанд ва дар он муддат бо газ хӯрок омода кардан лозим меояд. Барфи аввалро ба ин зудӣинтизор набудам. Зеро болои боми хонаамон мечакад ва онро таъмир кардан лозим аст. Акнун баъд аз боридани барф болои бом баромада намешавад. Чунки меандешам, ки болои хонаи худамро дуруст мекунам гуфта, боз чанд боми дигарро хароб накунам. Лекин боми хонаҳои шаҳр кӯҳна шудааст ва таъмири онҳо дар алоҳидагӣдушвор аст. Тобистон як маротиба баромада ҷойҳои хароби боми хонаамро мум рехтам, аммо дар боронгариҳои ахир боз чакид. Барои таъмири бом бояд ҳамаи ҳамсояҳо пул ҷамъ кунанд ва бомро аз нав таъмир намоянд. Лекин пулҷамъкунӣкори осон нест. Зеро ду моҳ боз лӯлаи канализатсияи бино кафида аст ва об мечакад, аммо аз ҳамсояҳо пул ҷамъ карда наметавонем. Акнун боз ҳаво сард шуд ва дар яху яхбандӣтаъмири қубур душвор аст. Мушкилиҳо дар зимистонгузаронӣзиёданд, кадом яке аз онро ҳал кунем?
Ислом Раҳимов, корманди телевизиони СМ 1-и вилояти Суғд
Албатта омадани зимистон ногузир аст, барои ҳамин, либоси зимистона гирифтам. Медонам ки ангишт қимат мегардад, аз ин сабаб таппак рехта монда будам. Худо хайри кирми дарахтонро диҳад, ки чанд дарахтро тобистон хурда хушк карда буданд ва барои зимистонгузаронӣҳезум шуд. Дар Хуҷанд пеш аз барф шамоли сахт шуд, ки чанд шифери болои боми хонаамро аз ҷояш ҷунбонид. Бар замми ин бебарқии деҳот масъалаи нав нест. Саҳар писарчаам даспӯшаки фарсудаи соли гузаштаро ба ман нишон дода, "дадо надаридааш даркор" гуфт. Субхи ман аз мағозаравӣоғоз шуд. Дар анбори мағозаи деҳа дастпӯшак набудааст, хулоса ба ҷои дастпӯшак як "киндер шоколад" гирифтам. Аммо ин ҳам муваққатист. Пагоҳ боз барф борад …. Ба рости аспирин, парасетамол, градусник ва дигар лавозимоти тиббиро ки ба зуккоми сармои зимистон зарур аст захира кардам, аммо ангишт, газ ва соляркаро захира карда натавонистам. Охир инҳо ҳам оташзо ва ҳам гаронқиматанд. Як шогирдам, ки мехоҳад санаи 20-уми ноябр туй карда хонадор шавад, ду шабонарӯз дар ағбаи Шаҳристон мондааст. Аз саломатии ин ҷавон ҳам дар ташвишам, ки мабодо сармо назада бошад.
Дилшоди Абдуҷалил, ронандаи мусофиркаш
Барфи аввалро ба ростӣдар ин рӯзҳои наздик интизор набудам. Як рӯз пеш аз иди Қурбон тавассути нақби "Истиқлол" ба Душанбе мусофиронро овардам ва то рӯзи сешанбе ҳамон ҷо мондам. Саҳар хеста дидам, ки берун пур аз барф аст. Хеле дар ташвиш шудам, ки оё имрӯз метавонам ағбаи пур аз барфро убур кунам ё не. Аввал телефонӣбо дӯстонам сӯҳбат карда, аз аҳволи ағба пурсон шудам ва мутмаин гаштам, ки роҳ баста нест ва сипас мусофиронро ёфта ба роҳ баромадам. Хушбахтона, ағбаи Душанбе ба самти Айнӣ-Панҷакент боз буд ва ман гузаштам, вагарна дар сурати баста шудани роҳ маблағе, ки барои хизматрасонӣаз мусофирон гирифта будам, ба ду рӯзи дигар кифоят намекард. Аммо бо дӯстонам, ки ба Хуҷанд мусофир бурда буданд, дар тамос шудам ва огоҳ гаштам, ки аз сабаби фаромадани тарма се-чор рӯз боз ба роҳ набаромадаанд. Роҳи ағбаи Шаҳристон хеле вазнин мегӯянд. Ронандаҳо то назди ағба омадаанд ва пас аз тоза кардани тармаи фаромада гузаштанӣбудаанд, ки дубора тармаи нав лағжида роҳро банд кардааст. Ронандаҳои мошини камаз, ки бори зиёд доранд, ду рӯз боз дар ағбаи шаҳристон хобанд. Зеро баргаштан ба қафо хароҷоти зиёд мехоҳад. Аммо қисме аз ронандагони мошини сабукрав ба Истаравшан ва Хуҷанд баргаштаанд. Шукри Худо, ки роҳи ағбаи Душанбе маҳкам нашуда ба хона баргаштам.
Маҳмуд Аҳмадӣ, донишҷӯ
Бориши борону барф ва сардии ҳаво дар фасли тирамоҳи имсола барои мо донишҷӯён ғайриинтизор омад. Зеро солҳои қабл дар шаҳри Хуҷанд маҳз дар моҳи ноябр борони зиёд намеборид ва ҳатто дар фасли зимистон барф кам буд. Мо гумон кардем, ки мисли солҳои қаблӣкамбориш мешавад ва ба сармо чандон омодагӣнадида будем. Боронҳои пай дар паи моҳи ноябр, имрӯз сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Хуҷандро ба мушкилӣмувоҷеҳ сохтааст, ки дар ҳамин сардӣонҳо боми хонаҳояшонро таъмир карда истодаанд. Ин боронгариву сардиҳо ба мо донишҷӯён низ мушкилиҳоеро ба бор овард. Боронҳои пай дар пайи аввали моҳи ноябр ба истиқоматкунандагони хонаҳои баланошёна зиёни бештаре расонид. Аз ҷумла, ба ҳуҷраи иҷораи мо низ, ки бомаш дуруст таъмир нашуда буд аз боло об мешорид. Бар замми ин сардии рӯзҳои охир бо нами якҷо мушкилиро зиёд намуд. Ягона рушноидиҳанда ва бо гармӣтаъминкунанда ин барқ аст, ки гоҳо ба қавле "гӯё таъмир мешуда бошад" ноаён хомӯш мегардад. Дар хобгоҳҳое, ки имрӯз дар он донишҷӯён истиқомат мекунанд, шароит муҳайё карда шудааст. Аз ҷумла, бо оби нӯшокии доимӣва барқ, ки мушкили ососии мардум ба ҳисоб меравад, донишҷӯён таъминанд. Аммо муттаассифона, на ҳамаи донишҷӯён дар хобгоҳ ҷойи хоб доранд. Дар хобгоҳҳо асосан духтарон истиқомат мекунанд ва қисми андаки писарҳо ҷойгиранд. Боқимонда дар хонаҳои иҷораи арзон, ки таъмири дуруст надоранд ба сар мебаранд. Дар баробари ин синфхонаҳои донишгоҳ хеле сард аст, ки ин ба мо донишҷӯён зиёни бештар дорад, зеро соатҳо дар дохили он нишаста дарс мехонем ва имкон дорад, ки саломатии худро аз даст диҳем.
Эмомиддини Фахриддин, муҳоҷири меҳнатӣ
Дар Москав ва атрофи он кайҳо барф боридаву ҳавои сард ҳукмфармост. Ростӣ, замоне, ки ҳаво мӯътадил буд, ҷои хоб ва зистам дар биное буд, ки он ҷо кор мекардам ва бароям хеле осон буд. Зеро хароҷоти роҳу иҷорапулӣнадоштам ва маблағи муайяне ҷамъ мешуд. Аммо як моҳ мешавад, ки аз сабаби сардии ҳаво иҷора гирифтаам ва моҳе 4 ҳазор рубли русӣиҷорапулӣпардохт мекунам. Мақсад гузошта будам, ки кори пеши дастамро тамом кунам ба ватан бармегардам, аммо бо ин хароҷот ба фикрам маблағи муайяни ба хона баргаштанро ҷамъ карда наметавонам ва лозим меояд, ки боз ягон кори дохили биноро ёбам ва пули билети поезд ва роҳкироро кор кунам. Зеро феълан билети ҳавопаймо хеле гарон аст. Ба самти Душанбе то 17 ҳазор рубли русӣва самти Хуҷанд то 13 ҳазорро ташкил медиҳад ва барои кор кардани ин маблағ, алалхусус дар фасли сармо маро лозим аст, ки беш аз як моҳ ягон кори хубро ёфта меҳнат кунам ва бояд гӯям, ки дигар дар фасли зимистон ёфтани кор ҳам душвор мегардад. Вале ман умедамро аз даст намедиҳам ва иншооллоҳ пул ҷамъ карда ба зодгоҳам бармегардам.
Давлат Қаюмов, сокини ноҳияи Панҷакент
Бо бориши барфи аввал дар ғами чӣгуна гузаронидани ин зимистон ба ташвиш афтодам. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин зимистон шояд аз зимистони соли гузашта сардтар шавад. Аммо ҳама медонанд, ки дар деҳа барқ нест, барои зимистонгузаронӣтамоман омода нестам. Ангишт харидан даркор, ҳезум ҷамъ кардан даркор ва ҳамаи ин маблағи зиёдро талаб мекунад. Ҳоло арзиши як хар ҳезум ба 80 сомонӣрасидааст ва барои як зимистон камаш 10-15 хар ҳезум лозим аст. Боз 15-20 халтаи дигар ангишт харидан лозим аст, ки халтаи ангишт 25 сомонӣарзиш дорад. Барои ин маблағи зиёд даркор. Баҳор ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравам ва зимистон омада, бештари маҳсулоти ғизоиро аз бозор мехарам. Бар замми ин боз зимистонгузаронӣ душвор аст. Пул кор карда меорам ва ба шикаму зимистонгузаронӣ харҷ карда, боз ба муҳоҷират меравам.
Қурбон Қурбонов, менеҷер оид ба таълим дар литсей-интернати президентии шаҳри Душанбе
Барои зимистонгузаронӣомодагии ҷиддӣдидаем. Дар тамоми синфхонаҳо тирезаҳои дуқабата насб карда шудааст. Ҳамаи синфҳо бо дастгоҳи гармкунии равғанӣтаъмин аст. Ба ғайр аз ин дар хобгоҳ генератори барқӣдорем, ки дар ҳолати хомӯш шудани барқ аз онҳо истифода бурда мешавад. Бинои литсей-интернат пурра таъмир карда шудааст ва агар бориши барфу борон зиёд бошад ҳам имкони аз бом ё деворҳо чакидани об ё намӣвуҷуд надорад.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |