Дар шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти корхонаи консервабарорӣ ба яғмо рафтааст.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури дохила иттилоъ доданд, сарвари коргоҳи мазкур Ҳабиб Сайфуллоев ба мақомоти интизомӣ шикоят бурдааст, ки шахсони номаълум аз дохили завод 2-адад пойгоҳи обкашӣ, 1-муҳаррик, 1-винтел, як баста калид, 8-қутии оби хуч ва 404 дона зарфҳои шишагиро ба маблағи беш аз 14.000 сомонӣ дуздидаанд.
Зимнан, кормандони милиса як амалиёти вижа доир карда, Худойдоди Абдуманнони 14-сола, Хуршед Тӯрахонови 18-сола ва ду тан аз ҳамроҳони онҳоро бо ҷурми дуздӣ боздошт кардаанд.Далели шайъӣ низ гирифта шуда, тафтишоти қазия идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр