Бахшҳо
10 ноя 2011 05:25Ҷавонон ва варзиш

Бо ёди Худо ва аз пайи орзу

Зиндагӣ идома дорад! Бале, бо хости Худо ҳаёт идома меёбад.

Чун мо бандаи Худоем, боястӣ ба Ӯ такя кунем ва фармудаҳои Ӯро дар зиндагӣ иҷро намоем. Буду нобуди мо, комёбиву муваффақияти мо танҳо аз Худо ва иродаи худи мо вобастагӣ дораду бас.

Ростӣ, ки чандин дафъа тасмим гиритфам, дар бораи ҳаёти то ва давраи донишҷӯиям бароятон қисса кунам, аммо натавонистам. Инак, бо ҳидояти Худо ва дуои Шумо азизон «навишта»-и худро рӯи коғаз овардам. Агар аз мутолиаи он хаста шудед, узр ва агар ҳарферо писандидед, хушҳол мешавам.

Аснои таҳсил дар мактаби миёна соатҳо аз назди оинаи нилгун дур намешудам, бо ҳавас ба нотиқону журналистони ТВ нигоҳ карда, ҳавасам меомад, гоҳо худро ба ҷои онҳо тасаввур мекардам. Таги дил мегуфтам, ки «кош ман ҳам рӯзноманигор мебудам». Шавқам торафт зиёда мешуд, ишқи журналист шудан маро дигар ором намегузошт, аммо пеши касе, ҳатто дар назди хонавода сир бой намедодам. Ман будаму асрори ман, дунёи пур аз орзуву зебоӣ. Ҳамин тавр, 11-соли таҳсил ноайён пушти сар шуд. Пас аз хатми мактаб рӯзе буд, ки падарам пурсид:

Сафар акнун чӣ кор мекунӣ ва дар оянда кӣ шуданиӣ?

Ман аз ин суоли ногаҳонии падар оҷиз мондам ва ба фикр фурӯ рафтам. Ҷавоб гардонида наметавонистам, ҳарчанд дар зели лаб ва умқи дил «посухак»-е доштам.Бо гузашти чанд рӯз қиблагоҳ тасмимашро дар баробари ҳаёти баъдии ман эълом дошт: «Ту бояд филолог, ё журналист шавӣ». Табиист, ки ман ҳам дар ин андеша будам ва худро хаёлан «журналист» мепиндоштам. Аз падар барои тасмими ниҳоӣ мӯҳлат хостам ва аз чанд нафар бо шумули як устодам дар мактаби миёна машварат гирифтам.Қарор додем, ки ба факултаи журналистика ҳуҷҷат месупорам.

Дӯстони азиз, ҳамагон медонед ва ба ҷомеъа ҳам аён аст, ки ин давр замони хешутаборчигӣ ва ёру ошнобозист. Хуллас, падарам ба кассе занг заданду мо роҳ сӯи Душанбе-пойтахти азизи кишвар гирифтем. Ман ҳам ором намеистодам, адабиёти заруриро мехондам ва ба имтиҳонҳои тайёрии ҷиддӣ мегирифтам. Инак, маъракаи имтиҳонсупорӣ низ даррасид, падарам ва боз як хешамон, ки духтарашонро ба донишгоҳ шомил карданӣ буданд, моро дар назди бинои рақами 8-и ДМТ интизор шуданд. Баъди супоридани имтиҳони дуюм, маълум шуд, ки довталаби рақами 17 ҳастам ва номи пуршарафи донишҷӯ насибам гашт.

Аммо ҳоло ин анҷоми кор нест. Тарзи таҳсили мо дар факулта «низоми кредитӣ» эълом шуд, ба Худо қасам, ки на танҳо ман, балки бархе аз устодон ҳам ба ин мафҳум сарфаҳм намерафтанд. Зиндагӣ албатта пастию баландӣ ва душвориҳо дорад, ба ҳар мушкиле инсон бояд омода бошад.Ман, ки аз муҳити деҳа канда шуда, ба «мегаполис» ворид шуда будам, то ҷое худро гумм кардам. Малулу мушавваш ба дарс мерафтам, пайвандону ақраборо ёд мекардам, гоҳо ёди падару модар карда, дар чашмонам ашк ҳалқа мезад…

Ба болои ҳамаи ин, шунидани калимаҳои тест, бал, рейтингу назарсанҷӣ моро ба таҳлука меандохт. Рӯзе декани вақти факулта, Сангин Гулов (ҳоло мудири кафедраи журналистикаи байналхалқӣ) вориди аудитория шуда, дар бораи тарзи таълими нав, «низоми кредитӣ» ва баҳогузорӣ бо усули «бал» бароямон маълумот дод. Мо гӯё чизеро мефаҳмида бошем, бо нишонаи тасдиқ сар меҷунбондем. Баъдтар ба инаш ҳам одат кардем, ҳарчанд хеле мушкил буд, аз қолабҳои кӯҳнаи роиҷ даст кашидан. Ҳеч аз хотирам намеравад: Рӯзе бачаҳои ҳамсабақ дастаҷамъона ба китобхонаи Фирдавсӣ рафтем. Бо дидани ин манзара ҳуш аз сари кормандони фарҳангистони мазкур парида буд, боварашон намеомад, ки донишҷӯёни муосир ҳам китоб мехонанд ва якбора чанд нафар меоянд. Ба назарам намуд, ки зери пардаи тааҷуби онҳо шодии ниҳонӣ хона дорад.   Бале, бале. Коршиносон ҷомеъаи имрӯзаи моро ҷомеъаи бозаргонӣ (баъзеҳо зери ин мафҳум фақат хариду фурӯшро мефаҳманд) унвон кардаанд, аз ин рӯ ҳайрати китобдоронро ҳам фаҳмидан мумкин аст.

Ҳа, қариб буд, фаромӯш кунам. Миёни омӯзгорону устодон ҳам нафароне ёфт мешаванд, ки усули бозаргониро ба донишгоҳ низ кашонидаанд.Тавассути бозори мазкур баҳо мефурӯшанд, китоби худро даҳчанд қимат карда, ба донишҷӯи бе ин ҳам нодору камбизоат ба савдо мезананд. Қанд хӯру асари «илмӣ»-и ӯро нахар. Баҳоят «неуд» ва ҷоят дар артиш ва ё муҳоҷират тапа-тайёр аст. Аммо устодоне дар баробари ин ҳастанд, ки сидқан заҳмат мекашанд ва дарс медиҳанд, агарчӣ ҳақмузди ночизе дарёфт мекунанд. Бори сангини маишати хонаводаашонро аз пешаи омӯзгорӣ меёбанд ва соатҳои умри худро сарфи таълими мо мекунанд.

Ана ҳамин тавр ҳаёт идома дорад, бо тамоми бурду бохт ва талхиву шириниҳош. Рӯзҳо ҳам оҳиста-оҳиста ҷои худро ба моҳ ва моҳҳо ба сол медиҳанд, давраи донишҷӯии мо ҳам пас аз як солу анд моҳ анҷом меёбад. Ку бубинем, қисмат дар чорроҳаи ЗИНДАГӢ бароямон чӣ тӯҳфае омода кардааст. То ҷое имкон дорам, манн кӯшиши расидан ба ҳадаф дорам, он тарафаш кори Худо. Ба ҳамаи Шумо низ роҳи сафед.

Сафарбой Шарипов, донишҷӯи ДМТ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)