Бахшҳо
28 окт 2011 05:08Иҷтимоӣ

Қадри шаҳрванди Тоҷикистон

Аз қазияи боздошт ва зиндонӣ шудани Ширинбек Искандаров дар маҳбасхонаи "Пули чархӣ" -и Афғонистон хонандагони "Озодагон" огоҳӣ доранд.


Номбурда моҳи майи соли 2008 бо пешниҳоди дӯсташ ҳамчун тарҷумон ба Кобул рафта, дар рӯзи дуввуми сафар се нафар шаҳрванди кишвар аз ҷониби мақомоти амниятии Афғонистон боздошт мешавад. Давоми 3 сол Ширинбек Искандаров борҳо ба сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон, Вазорати умури хориҷа ва Додситони кулл муроҷиат мекунад. Макомоти дахлдори Тоҷикистон ҳамеша ваъдаи ёрӣ карда, мегуфтаанд, ки масъала ҷиддӣ аст ва бо даст додани имкон ин се нафар шаҳрванди кишварро аз зиндонхонаи Кобул раҳо хоҳанд кард.

Моҳи июни соли 2011 дар ҷашнвораи кӯдаконаи "Сапеда" духтари 13 солааш, Мунисаи Ширинбек ба муқовимати муҳофизони раисҷумҳур нигоҳ накарда, аз қазияи падараш ба Эмомалӣ Раҳмон шикоят мебарад. Он замон раисҷумҳур ба мушовирону муҳофизонаш мегӯяд, ки ҳарчӣ зудтар ба ин масъла расидагӣ намоянд. Эмомалӣ Раҳмон ба Мунисаи гирён ваъда медиҳад, ки агар падараш ҷинояте содир накардааст, то чанд рӯзи дигар аз зиндони "Пули чархӣ" раҳо карда мешавад. Ҳамин тавр, таърихи 13-уми июн масъулини сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон Ширинбек Искандаровро давоми чанд соат аз зиндонхонаи Кобул раҳо карда, ба Душанбе равон мекунанд. Ҳафтаномаи "Озодагон" дар рӯзҳои аввали раҳоии Ширинбек Искандаров меҳмони ӯ буда, матлабе нашр намуда буд. Он замон Ширинбек Искандаров изҳор дошт, ки аз бемасъулиятии масъулини сафорати Душанбе дар Кобул шикоят бурда, барои дифоъ аз ҳуқуқҳояш ба мақомоти дахлдор шикоят хоҳад бурд ва ҳамин тавр ҳам кард.

Ҳамакнун аз пешниҳоди аризаи шикоятии ҷаноби Искандаров 3 моҳ сипарӣ шуд. Дар робита "Озодагон" тасмим гирифт, то аз қазияи Ширинбек Искандаров ва аз раванди баррасии аризаи шикоятии ӯ матлабе нашр намояд.

"Ман намедонам дигар ба куҷо муроҷиат карда, ҳуқуқҳоямро баргардонам. Тақрибан 4 моҳ мешавад, ки ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон - Вазорати умури хориҷа, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Додситони кули кишвар аризаи шикоятӣ дар робита ба зиндонӣ шуданам дар Афғонистон пешниҳод кардам. Аммо аз онҳо хабаре нест. Рӯзе нест, ки ман дари мақомотеро, ба хусус вазорати умури хориҷаро барои додхоҳӣ накӯбам. Дилам ин қадар сард шудааст. Мехоҳам бо оила ба хориҷ  кӯч бандам, вале наметавонам. Инҷо меҳани ман аст. Аз ин лиҳоз ба хулосае омадам, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи худ то ба охир талош меварзам. Гарчанде осон нест, вале бо ин сохтори бенизоми Душанбеву Кобули расмӣ мубориза мебарам, кӯшиш мекунам. Он қадар маро дар зиндонхонаи "Пули чархӣ" шиканҷа доданд, ки дигар тарси чизе надорам".

Ин ҳарфҳоро Ширинбек Искандаров дар лаҳзаи аввали сӯҳбат пайи ҳам ба такрор мегуфт. Тақрибан чаҳор моҳ мешавад барои додхоҳӣ ба тамоми мақомот муроҷиат карда, дар натиҷа ҷавоби мусбат нагирифтааст.

Искандаров: Пайвандонам мегӯянд, ки пофишориҳо ба ҷони ман хатар дорад

"Намедонам дигар чӣ кор кунам. Хомӯш нишаста наметавонам. Баъзе аз пайвандону рафиқон тавсия медиҳанд, ки ба хотири зиндагии "осоишта" аз қазияам фаромӯш созам. Ба гуфтаи онҳо қазия ба ҳадде расонаӣ шудааст, ки эҳтимол ба ҷони ман хатар эҷод кунад. Аммо чӣ гуна мешавад аз нафаре талаби фаромӯши дардеро кард, ки он захм ҳоло сиҳат наёфтааст? Аз ҳамин хотир барои ман аҳамият надорад, ки дар фарҷоми ин қазия маро чӣ интизор аст. Барои он ҳама азобу шиканҷаи се соли зиндонӣ, барои ин ҳама ранҷи ҷудоӣ аз оилаву фарзандонам, барои зиндагии вазнини оилаам ман талош меварзам, то ҳуқуқҳоям аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дифоъ шуда, ҳукумати Афғонистон зарари се сола ранҷи маро пардохт намояд".

Зеро, аз моҳи майи соли 2008 то моҳи июни соли 2011 ман ҳамеша бо тарс будам. Ваҳшат аст вақте нафареро дар назди шумо ба қатл расонида, ҷасадро мисли "мусор" канор мегузоранд. Ваҳшат аст вақте шумо давоми 3 сол ҳар рӯз, ҳар шаб ва ҳар лаҳза аз садои кафш бедор шуда, умеди охирини зиндагиро аз даст медиҳед. Тарси марг, тарси нарасидан ба дидори оилаву фарзандҳоям давоми се сол лаҳзае маро раҳо намекард. Ширинбек Искандаров мегӯяд, ки маҳз ба ҳамин хотир наметавонад давоми се сол бидуни гуноҳ зиндонӣ шуданашро фаромӯш созад.

Сафорати Афғонистон: Ин ҳама сару садо танҳо худсафедкунӣ аст

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба маълумоти Муҳаммадҳасан Амон, котиби аввали консули сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон масъулини амниятии кишвараш ҳеч гоҳ нафареро бидуни далел боздошт накардаанд, ба хусус шаҳрвандони хориҷиро. Ин ки Ширинбек Искандаров имрӯз аз зиндонхона раҳо ёфта, сару садое дар матбуоти Тоҷикистон баланд мекунад, ин танҳо худсафедкунӣ аст.

"Шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳам буданд, гуноҳ доштанд, дастгир ва равонаи зиндон шуданд. Аз ҳар нафар собиқ маҳбус пурсуҷӯ бикуни, мегӯяд, ки ман бегуноҳам. Ин табиати инсонӣ аст. Ҳеч нафаре ҷинояти содир кардаашро тасдиқ намекунад", мегӯяд Муҳаммадҳасани Амон. Ин ҷо аз эшон суол кардем, ки чӣ гуна мешавад шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳам ба ҷинояте бикунанд, вақте бештар аз се сол мешавад, ки пулиси Афғонистон барои исбот кардани ҷинояти онҳо оҷиз мондаанд. Аз ҷониби дигар чӣ гуна мақомоти амниятии Афғонистон метавонанд шаҳрвандони хориҷиро давоми 3 сол бидуни ҳукм дар зиндон нигоҳ доранд, вақте эъломияи ҳуқуқи башар мӯҳлати нигоҳдориро на бештар аз 18 моҳ, яъне 1 солу 6 моҳ муаяйн кардааст. Дар ҷавоб ба ин суолҳои мо котиби аввали консули сафорати Кобул дар Душанбе ҳамоно аз мавқеи пулисҳои кишвараш пуштибонӣ карда, гуфт, ки шаҳрвандони Точикистон гуноҳ доранд.

Маврид ба зикр аст, то ба ҳол нисбати Ширинбек Искандаров ва ду нафар ҳамроҳони вай ҳукме содир нашуда, охириҳо бидуни исботи гуноҳ зиндонианд.

О. Бобоназарова: Баргардонидани ҳуқуқҳои Ш. Искандаров ин ба манфиати тамоми тоҷикон аст

Дар ҳамин маврид раҳбари бунёди "Перспектива+" аз бемасъулиятии мақомоти дахлдори Тоҷикистон шикоят намуда, мегӯяд, ки фориғболии онҳо бойис шуда, то шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ дар кишвари дигар маҳбус шуданд. Дар сурати фаъолияти муассири масъулин Ширинбек Искандаров ва ҳамроҳони вай ба муддати тӯлонӣ бидуни далелу ҳукм дар зиндонхона нигоҳдорӣ намешуданд.

"Барои ман ин ҳолат хеле тааҷубовар аст. Вақте ҳукумати Тоҷикистону Афғонистон муносибати бародарӣ доранд, пас масъулини мо талош мекарданд, то ҳарчӣ зудтар ин се шаҳрванди кишвар аз онҷо раҳо ёбанд. Дар сурати исботи ҷиноят онҳоро ба маҳбасхонаҳои Душанбе интиқол медоданд. Ин як падидаи маъмулӣ аст, чун миёни ҳарду кишвар санаде дар мавриди табодули зиндониён вуҷуд дорад. Вале масъулини дахлдори Тоҷикистон ба ҷои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкили се нафар шаҳрванди кишвар мунтазари "қарори" масъулини амниятии Афғонистон ҳастанд", иддао дорад Ойниҳол Бобоназарова. Ин ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ки пас аз ин ҳама сару садо даст кашидан аз ёрӣ ба Ширинбек Искандаров набояд роҳи интихоб кардааш барои баргардонидани ҳуқуқҳояш даст кашад. Дар ин ҳолат ин ҳама талош муште бар осмон буд. Ҳамакнун фрусате расидааст, то мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва дигар намояндагони ҷомеаи башарӣ барои исботи гуноҳ ва ё баргардонидани Ш. Искандаров талош варзем. Зеро сарнавишти Ш. Искандаров метавонад намунае барои дигар ҷабрдидаҳои Тоҷикистон бошад.

Тавре дар боло зикр намудем, Ширинбек Искандаров дар рӯзҳои аввали раҳоӣ аз зиндонхонаи Афғонистон гузорише иборат аз 6 саҳфа иншо намуда, унвони Вазорати корҳои хориҷа (ВКХ), ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Додситони кулл (ДК) муроҷиат намуд. Ба маълумоти Ш. Искандаров ВКХ ва ДК то имрӯз ба аризаи шикоятиаш ҷавоби хаттӣ надода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз 24 соат ҷавоб дода мегӯяд, ки ин масъала ба онҳо ҳеч рабте надорад ва шаҳрванд Ш.Искандаров бояд ба вазорати умури хориҷаи кишвар муроҷиат намояд.

Р. Зойиров: Зариф Ализода барои дифоъ аз ҳуқуқи инсон иродаи сиёсӣ надорад

Зимнан, Раҳматилло Зойиров, раҳбари Консорсиуми юридикии Тоҷикистон мегӯяд, ҳеч имкон надорад, ки аризаи шикоятии шаҳрвандро, ки аз 4 саҳифа бештар аст ҳуқуқшинос дар муддати 1 рӯз таҳлилу баррасӣ намояд. Илова бар ин вақте дар аризаи шикоятӣ факту далели зиёде буда, он бевосита рабт мегирад ба нақзи ҳуқуқи инсон пас омбудсмен-Зариф Ализода ҳуқуқи фиристодани он аризаро ба вазорати умури хориҷа надорад.

"Мутаасифона, омбудсмени мо дар анҷоми вазифа фаъол нест. Онҳо фикр мекунанд, ки ҳар қазияи аз марз берун рабт мегирад ба вазорати умури хориҷа. Ин нодуруст аст. Чун дар ҳар куҷое набошад ҳуқуқи инсон поймол шудааст ва Зариф Ализода бояд худ шахсан ба он расидагӣ намояд. Дар сурати дигар омбудсмен вазифадор аст, то ба ҳар қазияи нақзи ҳуқуқи инсон намояндаи вижаи худро ба ҳамон кишвар бифиристад". Раҳматилло Зойиров дар идома гуфт, ки феълан Ширинбек Искандаровро лозим аст, то рақами мактубҳои худро ҷамъ намуда, ҳамзамон санадеро дар мавриди зиндонӣ буданаш дар Афғонистон ҷамъоварӣ намояд. Зеро мубориза бидуни аснод имкон надорад. Агар масъулини Тоҷикистон барои гирифтани санаде аз зиндони будани Ш. Искандаров аз масъулини амниятии Афғонистон дархост накунанд, пас Ш. Искандаровро лозим аст, то чанд нафар шоҳидеро пайдо намояд, ки зиндонӣ шуданиро ӯро тасдиқ намоянд.

Агар духтарчаи Ш. Искандаров ба президент муроҷиат намекард ба умеди "чиновник"-ҳои тоҷик номбурда аз зиндони Афғонистон озод намешуд. Агар ин бор низ президенти кишвар дахолат накунад, бовар намеояд, ки масъулин ба доди ҷабрдида бирасанд. Чунин аст воқеияти кишвари мо.

Ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)