Бозии нақшавии дӯстонаи футбол миёни тими яккачини Афғонистон ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор намешавад.
Дар ҳамин ҳол, Нуралӣ Хоркашов, ёвари райиси федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, аз сабаби ташаннуҷи авзоъ дар бархе аз манотиқи Афғонистон, дастаи мунтахаби ин кишвар бо роҳи заминӣ ба Тоҷикистон омада натавонист. Аз ин рӯ бозии афғонҳо бо «Истиқлол» дойир намешавад.
Манбаъ афзуд, тими миллии футболи давлати исломии Афғонистон фардо бо хатсайри Кобул- Душанбе вориди Тоҷикистон мешавад ва бозии аввалини худро бошад, бо тими миллии Фаластин дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода рӯзи 29-уми июн мегузаронад. Сабқат миёни ин ду даста барои ба даст овардани роҳхат ба бозиҳои Ҷоми ҷаҳон сурат мегирад.
Сарчашмаи хабар мегӯяд, дастаи мунтахаби Фаластин санаи 27-уми июн мувофиқи нақша тавассути хатсайри Душанбе -Истамбул ба Тоҷикистон меояд. Аз сабаби номусоид будани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон ва ба талаботи меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ набудани варзишгоҳи марказии шаҳри Кобул бо қарори кумитаи иҷроияи конфедератсияи футболи Осиё бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон 2014 байни тими миллии Афғонистон ва тими миллии Фаластин рӯзи 29-уми июн дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода баргузор мегардад.{jathumbnail off}
Мӯҳр