СолҲои охир дар Тоҷикистон маросими ифтитоҳи иншоотҳои навсохт бо иштироки президент анъана шудааст. Бахусус имсол дар арафаи ҷашни истиқлол ин ин амал ба авҷаш расид. Аммо бинобар маълумоти ВАО маълум гардид, ки бархе аз ин иншоотҳо ҳануз нотайёр буда, масъулини шаҳру ноҳияҳо президент ва мардумро фиреб додаанд. Пурсиши ин ҳафтаро "Озодагон" дар ҳамин мавзӯъ иртибот дод:
Сангалӣ РаҲимов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ
Омор мисли оинаест барои ҳар шахсе, ки аз фанни иқтисод дониш андӯхтааст. Аз нишондодҳои омории имрӯза таҳлили илмӣ гирифтан ғайри имкон гаштааст. Асоснок будани оморҳо барои шахси иқтисоддон шубҳаовар аст. Истеҳсоли гандум маҳсулоти асосӣ барои бехатарии озуқа, ба хусус нон ба ҳисоб меравад. Гандумро аз ғалладонаҳо ҷудо намекунанд. Зеро дар таги ин коса нимкосае ҳаст. Омор бозичаи дасти роҳбарон гаштааст. Омори имрӯза бо шарофати Истиқлол бемор аст. Чор сол пеш дар шаҳри Қурғонтеппа бинои шишабандии замонавӣ бо дастгирии соҳибкоре сохта шуд. Хабар доданд, ки дар ин ҷо фурӯши китобҳои замонавӣ дар риштаи илмҳои гуногун ба фурӯш гузошта мешавад. Аҳли китоб ва равшанфикрон ин иқдомро хуб истиқбол карданд, вале рафҳои ин мағозаро аз китобҳои нодаркори китобхонаҳои деҳот пур карданд ва раиси ҷумҳур лантаи кушодашавии расмии ин мағозаро бурид. Баъди чанд рӯзе китобҳоро ба китобхонаҳои деҳот баргардониданд ва ба ҷои китоб мағозаҳои гуногуни либос боз шуд. Дар маркази вилояти Хатлон мағозаи китобҳои хонданибоб вуҷуд надорад. Аз рӯи шунидаҳоям он китобҳои фарсударо боз ба китобхонаи миллии ҷумҳурӣ интиқол доданд. Ин назарфиребиҳо ба кӣ лозим аст? То кай мардумро фиреб мекунем? Мансабдорон дар қатори мардум Эмомалӣ Раҳмонро президенти Тоҷикистон интихоб карданд, вале чаро имрӯз мансабдорон президентро фиреб медиҳанд?
Ба ростӣ, мавриди истифода қарор додани иншоотҳое, ки барои мардум заруранд, масъалаи имрӯзи ҷомеа ва кори хубе мебошад. Барои ободии кишвар ва ҳар як оилаи муқими Тоҷикистон мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем. Вақтҳои охир, ба вижа пеш аз ҷашни 20 солагии истиқлоли Тоҷикистон як навъ маъракаи ҳисоботдиҳии корхонаҳо оғоз шуда буд ва ҳар рӯз тариқи телевизион ба истифода додани мактабе, корхонае, боғе ё дигар иншооте намоиш дода мешуд ва дар аксари ҳолат президенти Тоҷикистон дар марҳилаи кушодашавии расмии он ширкат дошт. Ин боиси хушнудист, ки боз як корхона, мактаб ё муассисаи дигаре ба хотири беҳтар кардани шароити зисти мардум кушода мешавад. Аммо чашми мардум боз ба он иншоотҳои расман кушодашуда меафтад ва мебинанд, ки ҳанӯз дар он ҷо кор идома дорад ва иморат нотамом боқӣ мондааст ва ин шитобкорӣ боиси нобоварии мардум мегардад. Ин як навъ худнамоиву ҳисоботи пешакӣ аст. Барои он ки натиҷаи кор як навъ ҳисоботи дурӯғин набошад, бояд кор пурра ва бо тамоми меъёрҳои зарурӣ ба анҷом расонида шавад. Мардумро бо ахбори носаҳеҳу дурӯғ не, балки бо иттилои воқеиву дуруст бояд тарбия кунем. Фикр мекунам, ки баъд аз рафтани президент иншоотҳои расман кушодашуда бояд мавриди санҷиши мақомоти дахлдор қарор гиранд. Аз ҷумла масъулоне, ки дар дастгоҳи иҷроияи президент бо васоити ахбори омма сару кор мегиранд, бояд аз пайи омӯзиши ҳамин масъала бошанд ва маълум кунанд, ки ин гуфтаҳо то кадом андоза ба воқеият наздик аст. Ба андешаи ман корхонаҳо ба хотири худнамоӣ ва дар назди президент худро нишон додан ба чунин аҷалакориҳо роҳ медиҳанд. Ҳамон тавре, ки ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ ташкил мешавад, вале оқибат мефаҳмед, ки ин танҳо барои ҳисобот будааст, на таъмини аҳолӣ бо ҷои муносиби кор. Шояд дар оғоз президент аз ин намоишкориҳо хабар надошт, вале ман фикр мекунам, ки аз ин ба баъд огоҳ мешавад.
Усмони СолеҲ, мудири шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ҲХДТ
Ба муносибати ҷашну санаҳои таърихӣ баъзе иншоотҳоро мекушоянд ва дуруст аст, ки баъзан ба шитобкорӣ роҳ медиҳанд. Шояд барои рангин шудани чорабиниҳо мехоҳанд гузоришҳо пешниҳод кунанд. Дақиқ гуфтан душвор аст, ки аз ин корҳо президент то куҷо бохабар аст, вале ба фикри ман намедонад, ки чунин корҳо анҷом мепазирад. Баъзе иншоотҳое, ки дар арафаи ҷашни итсиқлол кушода шуда буданд, аз қабили боғи фароғатӣ дар шаҳри Душанбе, ки муддате боз буд ва ҳоло маҳкам аст. Шояд ба хотири таъмир дари онро бастаанд. Аслан Ҷаноби олӣ ба кушодани чунин иншоотҳо эҳтиёҷ ҳам надоранд ва фикр мекунам дар ин кор шитоб кардан даркор нест. Бигзор иморат пурра сохта шавад ва баъдан мавриди истифода қарор гирад. Ин табиати мардуми мост, ки дар арафаи ҷашнҳо пешкаш кардани дастовезро ба мардум ва Ҷаноби олӣ то андозае хуш доранд.
Тоҷикистон давлати кӯчак аст, вале ман ба ростӣ намедонам, ки баъзе мансабдорон киро фиреб мекунанд: Президентро, халқро ё худро? Иншоотро бо шитобкорӣ бунёд мекунанд, то президент онро кушояд. Вале намефаҳмам, ки барои чӣ маҳз президент дар кушодашавии расмии он бояд ширкат кунад. Ин шитобкорӣ воқеан худнамоист, ки мо худамонро фиреб медиҳем. Тасаввур намекунам, ки дар Тоҷикистони кӯчак чунин фиребдиҳиро чӣ хел нафаҳмидан мумкин аст? Дар давлатҳои калонтарини дунё чунин фиреби назарро фаҳмидан имкон дорад. Мегӯянд, ки роҳбарони навоҳӣ дар маҳалҳо намояндаи бевоситаи президент ҳастанд. Пас чӣ гуна намояндагони бевоситаи президент ӯро фиреб мекунанд? Фикр мекунам, ки президент танҳо намеояд, гурӯҳи зиёде ҳолати иншоотро аз назар мегузаронанд, мебинанд, ки он бино лоиқи супоридан ҳаст ё не. Як латифае дар байни халқ роиҷ аст ва намедонам то куҷо ба воқеият наздик аст. Вале мазмунан чуни наст: "президенти Чин ба президенти мо мегӯяд, агар аҳолии Тоҷикистон 7 миллион бошад шояд ҳамаро ном ба ном донед, зеро танҳо роҳаброни идораҳои давлатии Чин 7 миллион аст ва ман онҳоро бо номашон дар хотир дорам". То кай оморҳои бардурӯғ додану худфиребӣ идома меёбад? Фикр намекунам, ки бо додани омори дурӯғ президентро фиреб медиҳанд, балки халқро ва худашонро фиреб медиҳанд.
Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ
Президент аз зоҳирфиребиҳои раисони ҳукумати худ бохабар аст ва фикр мекунам, ки ҳамаи ин кор ба хотири гумроҳсозии мардум мебошад. Чун ҳамаи мардум бохабаранд, ки дар он ҷойҳое, ки раиси ҷумҳур аз он дидан кардааст, чунин ҳолат ҷой дорад. Масалан, соли гузашта мо ҳам дар ноҳияи Масчоҳу Зафаробод будем ва раиси ҷумҳур дидан карда буд ва Олими Каримзод як корхонаи бофандагӣ сохта буд ва ваъда шуда буд, ки теъдоди зиёде аз одамон бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. Бо рафтани раиси ҷумҳур аз ин минтақа тамоми дастгоҳҳои ин корхона берун оварда шуда буд ва он корхона имрӯз фаъолият намекунад. Ҳафтаи гузашта аз як ҳафтаномае хондам, ки хабарнигори минтақавӣ, Аслиддин Достиев аз Кӯлоб гузорише навиштааст ва гуфтааст, ки дар Кӯлоб низ як корхонае сохтанд ва замони омадани раиси ҷумҳур 200 нафарро бо ҷойи кор таъмин карданд ва бо рафтани ӯ дари корхона баста шудааст. Тамоми таҷҳизоти он корхонаро ба ҷои номаълум додаанд. Раиси ҷумҳур бо доштани ин қадар мақомоти интизомӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳое, ки ба тафтишу таҳқиқи қазияҳо сару кор доранд, фикр накунам, ки аз корҳо бехабар бошад. Ҳангоми ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар баъзе гузоришҳо омада буд, ки ҳудуди 1 миллион нафарро бо кор таъмин карданд. Вале тибқи гузориши ахире, ки аз Агентии омор ва чанд ниҳоди дигар ба даст омадааст, тайи як соли гузашта танҳо 6 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд, ки аз ин бештар аз 4 ҳазор соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштаанд. Фикр мекунам, ки ин амалҳо чандон хуб нест ва бояд раиси ҷумҳур дар ин росто иқдом кунад ва онҳое, ки ба зоҳирфиребӣ машғуланд ба сазои аъмолашон расанд.
Ба анҷом нарасидани бунёди бинову корхонаҳо аз бе масъулиятии раисони ноҳияҳо шаҳодат медиҳад. Ин проблема на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар собиқ давлатҳои Иттифоқи шӯравӣ низ то ҳол вуҷуд дорад. Ҳангоми хабардор шудани президент раисони "муҳтарам" як сухан доранд: "Ин хатои ман аст, дигар бора такрор намешавад". Тариқи телевизион ҳам мебинем, ки президент вазирон ва раисони нохияҳоро зиёд танқид мекунад. Вале ба ин нигоҳ накарда, боз ҳам ба бе масъулиятӣ роҳ медиҳанд. Барои он ки аксари раисони ноҳияҳо ё солхӯрдаанд ва ё кадрҳои замони шӯравианд, ки аз методҳои кӯҳна кор мегиранд. Агар ҷавонеро ба вазифаи раиси ноҳия таъин кунанд, шояд аз методҳои нав кор гирад ва ба худфиребиву мардумфиребӣ напардозад.
Фикр мекунам, ки президент аз сохтакориҳои масъулин хабар надорад. Вақте мебинад, ки дар зоҳир иморат ё иншоот таъмир шудааст, вақти муайяне аз оғози кор гузаштааст ва маблағ ҳам сарф гаштааст, ба сатҳу сифати кор чандон аҳамият намедиҳад. Замоне корхона ба кор медарояд ҳатман маълумот дода мешавад, ки таҷҳизоти зиёд харидорӣ шудааст ва маблағи зиёде сарф гаштааст. Солҳои охир дар Тоҷикистон асосан соҳибкорони инфиродӣ ва сармоягузорони хориҷӣ корхона месозанд. Кам ҳолате во мехӯрад, ки дар ягон ноҳия, вилоят ё ҷумҳурӣ корхонаи давлатӣ сохта ба истифода дода шуда бошад. Рӯшан аст, ки ин зоҳирфиребиҳои раисони ноҳияҳо бозгӯи чист. Ҳоло байни раисон эстафета шудааст, ки мо обод кардем ва бояд мансаби болотаре насибамон шавад. Яъне дар чашми ҳукумат ва презедент, ки интихоб ё таъйини кадрҳо дар дасти ӯст, ба истилоҳ худро "ширин ва коркун" нишон додан мехоҳанд. Ҳол он ки агар воқеан корхона созанд ва мардумро бо ҷойи кор таъмин кунанд, чаро сазовори мансаби болотаре набошанд. Ин гуна раисонро ҳам бояд қадршиносӣ кард. Вале раисоне, ки ҳам президент ва ҳам мардумро фиреб медиҳанд, шоистаи мақоми феълиашон нестанд.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |