Намерафтам, хубтар буд
Чанд рӯз қабл, як дӯсти хабарнигорам, ки дар ҷамъияти миллии «Ҳилоли Аҳмар»-и Тоҷикистон ва Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ифои вазифа дорад, ба ҳамойише даъватам кард. Хоҳиши ӯро, ки воқеъан бародарона буд, самимона пазируфтам ва барои рафтан ба ҷои ваъдагӣ ҳаматарафа омодагӣ мегирифтам. Пеш зӯҳри рӯзи 26-уми октябр, аз тариқи шумораи телефонҳои 224-76-36 (соати 11-25) ва аз рақами 44-600-85-20 (соати 12-у 37 дақиқа) кормандони идораҳои зирабт занг зада, дар мавриди ширкати банда дар омӯзиши таълимӣ (тренинг ба қавлашон) пурсон шуданд. Пас аз гирифтани ҷавоби «оре»-и ман, макон ва вақти баргузории ҳамойишро хотиррасон карданд: Пушти бинои Иттиҳоди Нависандагон, кӯчаи Советская 71, дафтари намояндаи кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх дар Душанбе.
Борҳо аз ҳамкорон ва дӯстон шунида будам, ки дар созмону сафорот ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии муқими Душанбе муҳити ғайритоҷикӣ ҳукмфармост ва ағлаби кормандони таҳҷоӣ бо забони давлатӣ ҳарф намезананд. Агар бо забони тоҷикӣ бо онҳо вориди сӯҳбат шудан хоҳӣ, табиист, ки эшон бо русӣ посух мегӯянд ва агар сатҳи донишашон каме болотар бошад, ҷавоби англисӣ мешунавед, на тоҷикӣ. Гӯйё тоҷикӣ «хор» асту забонашонро тазйиқ медиҳад…
Хуб, суханро ба дарозо намекашам: «Субҳи зуди рӯзи 27-уми октябр аз хоб барвақттар хестам ва баъди тановули субҳона роҳии маркази пойтахт гаштам. Соати расо 8-у 37 дақиқа дар назди бинои зарурӣ ҳозир шудам. Тугмаи занги дарро се маротиба пахш кардам, касе барои посух гуфтан ба берун набаромад. Таваккал карда вориди даромадгоҳ шудам, дар гузаргоҳ ҳам ҷонзоде наменамуд. Ҳудуди беш аз 3 дақиқаи интизорӣ ҳам барабас рафт, аз посбон ва ё худ қаровул, ки бо забони роиҷи ин тойифа «охранник» аст, на пай буду на ҳайдар. Ба рақами телефонии ҳамроҳи дӯстам, ки маро ба ин чорабинӣ даъват карда буд, занг задам, мутаасифона гӯширо набардошт… «Хайр, ман, ки як хабарнигораму ба ҳамойиш даъватӣ, чаро ин ҷо шах шуда шинам»,-гуфтам худ ба худу ба ҳавлӣ даромадам. Чор-панҷ қадам ба сӯйи бинои дафтари Кумитаи байнулмилалии «Салиби Сурх» гузоштам, ки садои: «Эй, ты куда?», маро аз роҳ рафтан боздошт. Ба қафо баргашта пурсандаро посух додам, ки ман хабарнигорам ва ба ҳамойише ба ин ҷо даъватӣ. Он кас (баъдтар маълум шуд, ки «охранник» будааст) бо забони махлути нимарусиву ниманамедонам чӣ буд, гуфт: «Мало что кто ты? Я здесь охранник, и вы должны стоят у пропускного пункта». Барояш бо забони тоҷикӣ (ба назарам ин забони расмии давлатӣ дар ҶТ аст) фаҳмонидам, ки агар шумо посбон ва ё қаровул бошед, чаро дар ҷои худатон нестед ва либосатон нишонаи махсусе низ надорад, ман чанд дақиқа интизор шудам, дами дари даромадгоҳ касе набуд-ку? Охранник, ки яқинан ба ғазаб омада буд, фармон дод: «А ну вернитесь, и ждите там где дверь»… Ман, ки ба ҳеч ваҷҳ чунин муомиларо интизор набудам ва гузашта аз ин таҳқири забони модариамро бо чашмони сар дидам, аз баҳри ширкат дар семинар гузаштаму дари ҳавлиро каме сахттар пӯшида, берун баромадам.
Андешаҳои раҳгум
«Охранник»-и ба аспи ҷаҳл саворшуда, аз қафои ман ба кӯча баромада: «Это не твой дом, надо по легче хлопать дверью» гуфт. Қаровули идораро бори дигар ёдрас кардам, ки «агар ин ҷо хонаи ман нест, аз они туву хоҷагонат ҳам нест. Ин ватани ману мо аст, забони расмиаш ҳам тоҷикӣ ва боястӣ, ки ҳамагон ба арзишҳои ин миллату сарзамин арҷ гузорем…».
Хуллас, малулу мушавашхотир ба коргоҳ баргаштам.Сари ин андеша мондам, ки 22-сол боз доду фарёд мекунем, ки забони давлатии мо забони тоҷикӣ аст, тамоми санаду коргузориҳо дар кишвар (новобаста аз шакли фаъолияти коргоҳҳо) бо забони тоҷикист, аммо мушоҳидаҳо чизи дигарро нишон медиҳанд. Ба қавли як нафар, ки гуфта буд: «Ин забон ҳанӯз дар хами як кӯча аст», бори дигар бовар кардам. Дар мавриди муносибати кормандони идораҳои байналмилал бо корафтодагону меҳмонон бошад, дигар чизеро изофа кардан ба назарам «зиёдатӣ» менамояд. Бо умеди сарбаландиҳои миллат ва давлатӣ шудани забони миллат, ҳамчунин эҳтироми намояндагони ин миллат аз тарафи "охранник"-и Кумитаи байнулмилалии "Салиби Сурх":
Хилватшоҳи Маҳмуд
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |