Яке аз бахшҳои сермасъул ва дар айни замон хатарбору хавфноки мақомот хадамоти оташнишонӣ ба шумор меравад. Кормандони ин ниҳод ҷони худро ба гарав гузошта, барои наҷоти ҳаёти одамон ва дороии онҳо, ҳифзи моликияти давлативу шахсӣ кӯшиш мекунанд. Агарчӣ сӯхторхомӯшкунон маоши ночизе мегиранд, вале бояд гуфт, ки дар иҷрои вазифаи худ содиқанду масъулиятшинос.
Дар баъзе маврид ҳатто бинои кӯҳнаву фарсудаи хадамот вайрону валангор гаштаву техникаву таҷҳизоти корӣ ҳам кӯҳнаву бекор гаштан доранд. Бисёре аз роҳбарони хадамотҳои оташнишонӣ, ки аз масъулият дуранд, иллатро дар набудани маблағ барои таъмиру хариди таҷҳизоту либоси корӣ дониста, дар ин маврид айбро болои роҳбарони болобуда мепартоянд. Вале дар асл, агар роҳбар ҳисси масъулият дошта бошад, метавонад ва низ қодир аст то аксари камбуду проблемаҳоро дар якҷоягӣ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва коллективи хадамот ҳал намояд. Мисоли ин гуфтаҳо дар қисми мустақили № 32-и ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Фархор исбот ёфтааст.
Гуфта мешавад, бинои Хадамоти мазкур ҳанӯз соли 1974-и асри гузашта сохта шуда, тайи ин муддат, бино ба гуфтаи масъулин, таъмири асосӣ надидааст. Гузашта аз ин, баъди истиқлолияти ҷумҳурӣ бо таъин гаштани якчанд роҳбарон, дар ташкилоти мазкур тақрибан ягон дигаргуние дароварда нашуд. Ҳамагӣ интизори онро доштаанд, то кай аз Хадамоти марказӣ барояшон кӯмаку дастгирӣ мекунанд.
Бино ба гуфтаи кормандони Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Фархор, баробари ба кор омадани роҳбари нав, подполковники хизмати дохилӣ Саидаҳмад Саидов, вазъ дар ҳамаи самти ин қисм ба куллӣ тағйир хӯрд. Тайи 6-моҳ роҳбари нав бо дастгирии ҳукумати маҳаллӣ, кӯмаку ёрии кормандони хадамот ва соҳибкорони алоҳида, бархе аз камбудиҳоро ислоҳ намуд. Барои нахустин маротиба, тайи наздик ба 40-соли ахир бинои хадамот таъмири асосӣ гирифта, утоқҳои корӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ таҷҳизонида шуданд. Як толори нави машғулиятгузарониву машваратӣ, майдони махсуси варзишӣ, хобгоҳи ҳайати шахсӣ, ошхона барои 40 ҷойи нишаст, дарвозаи даромадгоҳ бунёд ёфтаву ҳамзамон утоқи қисми навбатдорӣ ва мошинсарой аз сари нав таъмир карда шуданд. Инчунин, нақлиётҳои махсуси оташнишонӣ таъмир гаштаву бо қисмҳои эҳтиётӣ таъмин гардиданд. Подполковник Саидов мегӯяд, барои таъмиру азнавсозиҳо вазорати молияи ҷумҳурӣ 84-ҳазор сомонӣ кумак намуд, боқӣ бо ташаббусу дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расидаанд.
Тайи давраи кӯтоҳи роҳбарии Саидов, ҳадамоти давлатии оташнишонии Фархор дар озмуни умумиҷумҳуриявӣ қисми беҳтарин шинохта шуда, бо дастгирии роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ бо 1-адад автомашинаи махсуси оташнишонӣ, ки 170-ҳазор доллари амрикоӣ арзиш доштааст, қадр шуд. Масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифа ва меҳнати босамари подполковник Саидов аз назари роҳбарият дур намонд. Даҳаи саввуми моҳи октябр семинари умумиҷумҳуриявии оташнишонӣ ва ҷамъбасти 9-моҳаи сохтор маҳз дар ҳамин қисми мустақил баргузор гардид. Роҳбарияти Хадамоти давлатӣ ва намояндагони сохтор аз вилоятҳо, шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз дастоварду тарзи фаолият дар ин қисм аз наздик ошно гаштанд. Дар маросим раиси ноҳия Қурбонбой Каримов низ ширкат намуда, аз ташкилотчигӣ ва ӯҳдабароии роҳбари қисми оташнишонӣ изҳори ризоият намуд. Қайд гардид, ки аз аввали сол инҷониб кормандони қисми мазкур дар пешгирӣ ва сӯхторхомӯшкунии 21-ҳодисаи оташсӯзӣ дар ҳудуди ноҳия хизмат намуда, зиёда аз 40-ҳазор сомонӣ молу мулки сокинонро аз сӯхтор наҷот додаанд. Подполковник Саидов тобистони имсол тӯйи хатнасури беш аз 20-нафар фарзандони ҳайати шахсиро гузаронида, инчунин дар анбори маводи озуқа захираи ҳангуфти маҳсулотро захира кардааст.
Аслиддин Достиев
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |