Бахшҳо
12 окт 2011 10:38Гузориш

Зимистони сафеду «торик» аз «Барқи тоҷик»?

Мебойист дар зарфи як сол бо кам кардани тамоми омилҳои техникӣ дар ҳар фасли сол зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ мегардид. Вале маблағи ҷамъшудаи соли 2010-ро ба 700 миллион сомонӣ унвон намуданд, ки бо ҳисобҳои арифметикӣ маълум аст, ки 600 миллион сомонии хаққи қувваи барқ «ҷамъоварӣ» нашудааст…


Масъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, таъминоти барқ дар зимистони имсола   тақрибан ба зимистони соли гузашта монанд хоҳад буд.  Аммо аз кай ҷорӣ намудани маҳдудият (лимит)  вобаста аст, ба чӣ гуна омадани боду ҳаво, иброз медоранд мутахассисони ин муассиса: «Дер ё зуд ҷорӣ намудани маҳдудият ва барҳам додани он пурра вобаста аст ба ҳарорати ҳаво».

Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» иброз намуд, ки аз рӯи натиҷаи омӯзишу мушоҳидаи бисёрсолаи масъулини «Барқи тоҷик» ва бо назардошти вазъи кунунии системаи энергетикӣ, таъмини нерӯи барқ дар зимистони дарпешистода, қариб, ки  мисли соли сипаришуда мешавад, ки ин ба ду омил рабт дорад. Омили якум, ба қавли Ёров, афзоиши талабот ба қувваи барқ ва омили дуюм ба обу ҳаво вобастагии сахт дорад: «Барои пурра аз ҳисоби маҷрои дарёи Вахш кор кардани нерӯгоҳи «Норак» ва дигар нерӯгоҳҳои поён аз он ҳаҷми маҷрои об бояд дар як сония 600-650 метри мукаабро ташкил намояд, вале айни ҳол маҷрои обанбори  Вахш дар як сония 400-420 метри мукааб аст, ки аллакай дар кишвар истифода аз ин обанбор шурӯъ шудааст.

Масъулини «Барқи тоҷик» мегӯянд, ҳангоми истифода аз захираи оби обанбор маҷбуранд, дар кишвар маҳдудияти барқро ҷорӣ кунанд:

- Агар захираи оби обанборро, бе ҷорӣ намудани маҳдудият истифода кунем, ин захира танҳо барои 112 рӯз кифоят мекунад. Аммо мӯҳлати камбуди барқ дар мо тақрибан 220 рӯзро ташкил медиҳад. Бино бар ин мо маҳдудият ҷорӣ мекунем.

Маҳдудияти барқ дар зимистони оянда ба гуфтаи масъулини «Барқи тоҷик», монанди зимистони гузашта он қадар шадид нахоҳад шуд: - Мардум ҳадди аққал 10 -12 соат дар як шабонарӯз барқ хоҳанд гирифт. Марказҳои маъмурию саноатӣ  пайваста бо барқ таъмин хоҳанд шуд. Захираи об дар обанбори «Норак» ба гуфтаи масъулини штркати мазкур  аз 857 метр то нуқтаи баландтарин 910 метр расонда шудааст.  Масъулини ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯянд, тирамоҳи имсола нисбатан хунук омад, бинобар ин аз 26- уми сентябр  истифода аз обанбори «Норак»-ро шурӯъ намудаанд, ки соли гузашта истифодаи он аз 27- уми октябр оғоз ёфта буд.  Абдулло Ёров, қаблан  вазъи бади таъминот бо барқро дар баҳори соли ҷорӣ ёдовар шуда, дар мавриди таъминот бо барқ дар зимистони оянда таъкид кард, ки 70 фоиз аз табиат вобаста аст. Ӯ ба кор андохтани агрегати Сангтўда -2 ро барои таъминот бо барқ дар фасли сармои оянда омили мусбат номид.  Аммо дар баробари ин Ёров афзуд, ки аз сабаби камобии соли ҷорӣ, обанбори «Қайроқум» бо мақсадҳои кишоварзӣ истифода шуд, ки ин яке аз омилҳои манфӣ мебошад. Номбурда афзоиши талабот ба нерӯи барқро ба рушди хоҷагии халқ  ва беҳдошти рӯзгори мардум рабт дод.

Фаъолияти «ношаффоф»-и ширкат ва таҳаммули бесобиқаи мардум

Дар ҳамин ҳол Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси масоили энергетикӣ, таҳлилу омӯзишҳои «Барқи тоҷик»-ро дар робита ба таъмини зимистонгузаронии қарибулвуқӯъ ношаффоф унвон намуда, иброз дошт, ки корхонаи коркарди арзизи тоҷик мавсум ба «Талко», ки 40% истифодаи нерӯи барқашро кам кардааст, мебояд аз ин ҳисоб таъмини аҳолиро бо барқ дар зимистон хубтару беҳтар гардонанд: «Бубинед, солҳои ахир нерӯгоҳҳои зиёде аз қабили  Сангтуда- 1, боз қисмати аввали Сангтӯда -2 ва дигар нерӯгоҳҳои хурду миёна ба кор даромаданд, вале «Барқи тоҷик»  боз ҳам мегӯяд, ки барқ нест. Масъулини ин ширкат пеш аз ҳама ба ин савол ошкор ҷавоб бигӯянд, ки чӣ қадар барқро ба куҷо ва ба чӣ  арзиш фурӯхтаанду фурӯхта истодаанд, ки онҳо ба ин гуна саволҳо чавоби дуруст  намедиҳанд. Борҳо сари масъалаи шаффофияти истифодаи барқ ба ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна пешниҳодҳо намудем, ки барои амалишавии онҳо, розигӣ надоданд.

Муҳаммад Фармондзода, мутахассиси дигари соҳаи энергетика бошад, мушкилоти асосии норасоии қувваи барқро дар зимистон дар вуҷуд доштани фасоди молӣ рабт дод: «Чанд сол аст, ки мавсими тирамоху зимистонгузаронии мардуми кишвар ба як масоили мубрам қарор гирифтааст, ки назире дар олам надорад. Вале бо вуҷуди ин, мардуми мо таҳаммулпазириро пеша карда, умеде ба солҳои баъдӣ доранд. Вале ин мушкил сол то сол печидатар мешавад. Ниҳодхои энержии кишвар омили ин ҳама мушкилиҳоро дар нарасидани қувваи барқ  ном мебаранд, ки чандон ба воқеъият наздик нест. Бояд масъулини системаи энержии кишвар масъулияти ҷиддиеро бо барномаҳои хоси санҷидашуда нишон медоданд, то ин гуна проблемаҳои бебарқӣ камтар эчод мешуд. Мушкили аслии "торикихои зимистон"-ро ман дар бенизомӣ ва густариши фасоди молӣ мебинам. Ба қавли ин ҳамсӯҳбатамон, мушкили дигари  таъмини аҳолӣ ба қувваи барқ, дар нотавонии ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати ҷамъоварии маблағи нерӯи барқ мебошад. Ӯ мегӯяд, истеҳсоли солонаи барқи кишвар наздик ба 15 миллиард киловат соат нерӯи барқ аст, ки бо тарифи миёнаи муайянкардаи худи ширкати «Барқи тоҷик»  барои ҳар киловат 15 дирам муйян намудааст, мебоист дар зарфи як сол бо кам кардани тамоми омилҳои техникӣ дар ҳар фасли сол зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ мегардид. Вале изҳороти худи Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноат, зимни як мусоҳибааш, маблағи ҷамъшудаи соли 2010-ро ба 700 миллион сомонӣ унвон намуд, ки бо ҳисобҳои арифметикӣ маълум аст, ки 600 миллион сомонии хаққи қувваи барқ "ҷамъоварӣ" нашудааст, афзуд ҷаноби Фармонзода.

Муҳаммад Фармонзода иброз медорад, ки бо вуҷуди  ин қадар нотавониаш ширкати «Барқи тоҷик» боз мардумро дар пардохт накардани ҳаққи қувваи барқ муттаҳам мекунад, ки агар чунин аст, ҳазорҳо нозирони барқ, ки тобеи ин ширкатанд, чӣ кор мекунанд?  Номбурда пешниҳод мекунад, ки масъулин дар бахши фурӯши барқ як комиссияи вижае бо иштироки беҳтарин мутахассиси хисобдорӣ ташкил бикунанд ва пайи ислоҳи чунин вазъ талош варзанд, зеро идомаи ин раванд ба фалаҷшавии системаи роҳбурди кишвар, ки энергетикист зарбаи сахт хохад зад».

Алишер Зарифӣ{jathumbnail off}

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)