Садако Огата. .. Оё шумо ӯро мешиносед? Ҳадди аққал ин номро шунидаед? Мутмаинам, ки не! Ана ҳамин тавр, ба мисли шумо (ин андешаи шахсии ман аст) дар Тоҷикистон касе аз вуҷуд доштану надоштани ин гуна инсон иттилоъ надорад, зеро усулан, барои як тоҷик донистану фаҳмидани исми кадом як ҷопонӣ ва фаъолияти кориву ҳаёти хонаводагии ӯ зарурат ҳам надорад. Дуруст аст, ки ҳамин хонуми Садако Огата (акнун фаҳмидед, ки ӯ бону будааст!) барои шаҳрвандони бисёре аз мамолики ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон ҳам, кӯмаку ёрӣ намуда будааст. Инро ба мо муовини райиси шаҳри Кӯлоб хонум Зулайхо Комилова гуфт ва ба иқрораш худи ӯ низ дар бораи кампири ҷопонӣ ягон маълумоти дурусту дақиқ надоштааст. Аммо боз ҳам, ин хонуми ҷопонӣ барои Тоҷикистон чӣ кумаке намудааст, касе дар ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб чизе намедонад. Аммо ин нуктаро медонем, ки барои шаҳри Кӯлоб ягон мадади Садако нарасидаасту ӯ низ аз мавҷуд будани ин гуна шаҳр дарак надорад. «Ман умуман намедонам, ки ин одам кист. Вале ба мо гуфтанд, ки ба унвони ҳамин Садако Огата мактаб-интернати №1 шаҳрро, ки воқеан то имрӯз беном буд, номгузорӣ намоем»,- мегӯяд хонум Комилова.
Рӯзи 26-уми сентябр як гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳукумати вилояти Хатлон, вазорати фарҳанг, сафири давлати Ҷопон дар Тоҷикистон ва сафири Тоҷикистон дар Ҷопон бо намояндагии ин сафоратхонаҳо ва ҳукуматҳои шаҳри Кӯлобу ноҳияи Данғара ба шаҳраки Данғара ва баъдан ба шаҳри Кӯлоб сафарӣ корӣ ба анҷом расониданд. Дар Данғара гурӯҳи мазкур бо хонандагони литсейи касбии саноатӣ-кишоварзии ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара вохурӣ ба анҷом расониданд.
Сипас, гурӯҳи кории бузурги хурд танҳо пайи як масъала ба Кӯлоб омад; Номгузории як мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб ба исми боз як бузурги ҷопонӣ- Садако Огата. Дар пайи номгузорӣ, дар саҳни ҳавлии мактаб лавҳаи сангин бо исму сину сол ва фаъолияти хонуми ҷопонӣ низ насб гардид.
Гуфта мешавад, аз ҷониби ҳукумати вилояти Хатлон бо дастури дастгоҳи президенти Тоҷикистон ба ҳукумати шаҳри Кӯлоб мактубе бо номгузории мактаб-интернат ба унвонии Садако Огата ирсол ёфтааст. Аммо аз шахсияти Огата, ва ба чӣ хотир номгузории мактаб-интернат маҳз ба номи ӯ, дигар чизе гуфта нашудааст. Зулайхо Комилова, муовини райиси шаҳри Кӯлоб мегӯяд, шояд ин хонум барои рушди давлати Тоҷикистон хизмат кардааст. Тибқи хабари расмӣ аз ташкилоти JICA, ки хонум Огата аз соли 2005-ум президенти он мебошад, ҳамин ташкилот дар пешрафти ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ, обтаъминкунӣ, кишоварзӣ, маориф ва нақлиёт кумаки молӣ карда меояд. Хуб, аммо чаро маҳз дар муассисаи маориф ному кори ӯро пос доранд?
Магар ин пешниҳоди хонуми Огата буд ё «патриотии собиқ шӯравӣ». Зеро маҳз номгузории аҷнабиён дар маорифи Тоҷикистон аз замони шӯравӣ бархоста буд. Мо хуб дар хотир дорем, мактабҳои ба номи Ленин, Дзержинский, Павлик Морозов, Куйбишев, Томин, Гагарину дигару дигарро, ки ҳамагӣ номгузорӣ тоҷикӣ набуданд. Ана, боз расидем, сар шуд… ва метарсам, ки идома хоҳад ёфт.
Вале оё бошад боз кишваре, ки кӯмаки бевоситаи Садако Огата гирифтаву мактабу маорифашро ва умуман, ягон соҳаеро бо исми ӯ номгузорӣ карда бошад? Намедонам, аммо гумон мекунам, ки неъ. Зеро дар ягон мамолики дунё номгузории маҳаллу кӯча, мактабу боғча, ва умуман номгузории ягон ташкилоту корхонаву иншооту бинову дигару ғайраро ба исми хориҷиён, агарчӣ бузург ҳам бошанд, намегузоранд. Оё мешавад дар ҳамон Ҷопон ягон мактабро ба номи Абдуҷаббор Раҳмонову ё дар Русия ягон боғчаеро ба исми Абдулмаҷид Достиев дид? Хандаовар мешавад, не? Пас, чаро дар Тоҷикистон аз бузургону кабирони гузаштаи худ, ки номбардори миллат будаанду ё худ аз соҳибкорону бузургони имрӯзаи тоҷик, ки пайи ободии диёр на камтар аз Огатаҳо ҳиссагузорӣ кардаанду мекунанд, арҷ намегузоранд. Масалан, ҳамон мактаб-интернати Кӯлобро ба номи Раҳмонов гузоштан ҳазорон беҳтар буд аз Огата.
Гумони ғолиб бар он аст, ки ин иқдоми пешгирифтаро пешгирӣ мебояд, то паҳн нагардаду мактабу кӯчаву маҳаллаҳои тоҷикӣ дар оянда аҷнабином нашаванд. Зеро, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, ки ниёз ба кӯмаки беруна дорад, давлатҳои хориҷии зиёде кору фаъолият доранд. Нашавад, ки барои эҳтироми ин ёрирасонон туннелеро ба номи Мао Тсзе Дун, шоҳроҳеро Чиллинтано, каналеро Хо Ши Мин, кӯчаеро лорд Дэвидсон, фурудгоҳеро Ҷорҷ Буш ном гузорем…
Ман аллакай тарсидам, шуморо намедонам…
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |