Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҲКТ
Иваз шудани президенти Русия ба ҷунбиши коммунистии мо ягон зарра манфиат намеорад. Инҳо ҷараёни дигаранд, бо ҷунбиши мо алоқамандӣ надоранд. Таъсири он ба Тоҷикистон масъалаи дигар аст. Мо дар анҷумани худ гуфта гузаштем, ки Тоҷикистон бояд муносибаташро бо дигар давлатҳо аз рўи принсипи манфиати тарафайн ҳаллу фасл кунад. Дигар фарқе надорад, ки президенти Русия Путин мешавад ё Медведев. Вобаста ба он ки манфиати Тоҷикистонро дар муносибати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ чӣ гуна ба назар мегиранд, маълум мешавад, ки таъсиргузорӣ дар кадом шакл сурат мегирад. Ҳоло пешгўи карда наметавонем, ки муносибати Путин бо Тоҷикистон хуб ба роҳ монда мешавад ё бад ва ҳоло интихобот нишон медиҳад, ки ў президент мешавад ё не?
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари масоили минтақавӣ
Дубора ба курсии раёсати ҷумҳурии Русия нишастани Владимир Путин танҳо зоҳири қазия аст ва дар асл ҳеч гоҳе Димитрий Медведев дар чор соли раҳбариаш худро соҳиби ҳақиқии ин курсӣ эҳсос накард. Ҳарчанд Путин ҳудуди ҳашт соли пеш Михаил Косяновро бо баҳонаи пешгирӣ аз мудохила накардани вай ба сиёсат аз вазифаи нахуствазирии Русия барканор карда буд, аммо дар даврони нахуствазирии худаш натанҳо ҳеч гоҳе аз умури сиёсӣ фосила нагирифт, балки ҳалли муҳимтарин масоили сиёсии кишварашро дар дасташ нигаҳ дошт. Аз ин назар зоҳири бозгашти Путин ба симати раёсати ҷумҳурии Русия чизи хос ва шояд мусбатеро дар равобити Маскав бо дигар кишварҳо ва аз ҷумла Тоҷикистон ба бор нахоҳад овард. Яъне умед бастан ба ҳузури фаъоли иқтисодии Русия дар Тоҷикистон ба сурате, ки ба манофеи миллии мо ҷавоб гўяд, чандон қобили интизор ба назар намерасад.
Шояд, баръакс, бархурди амниятӣ ва қудратмадоронаи Русия дар баробари кишварҳои минтақа ва Тоҷикистон бештар барҷастатар шавад, ки ҳузури баландмуддати пойгоҳи низомии Русия ва баҳрабардории ройгони (маблағҳои ночиз низ ҳукми вогузории ройгонро дорад) он аз фурудгоҳи «Айнӣ» метавонад аз он ҷумла бошад.
Вале бо вуҷуди ин ҳама нигоҳи мо ба Русия набояд сирфан нигоҳи шахсиятӣ бошад (ҳарчанд боз ҳам метавонад ин омили таъйинкунанда бошад), зеро Тоҷикистон бо ин кишвар манофеи бисёри зиёди муштарак дорад, ки аз як сў ҳифзи он ва аз сўи дигар коҳиш додани мизони осебпазирии кишварамон дар қиболи Русия ба чанд омил вобаста хоҳад буд, ки муҳимтарини он ба ҳарчӣ бештар ба самти ҳамфикрӣ ҳаракат кардани ҳукумат ва ҷомеаи кишварамон хоҳад буд, то имкони истифода аз муъзалот ва мушкилоти дохилии Тоҷикистон ғайриимкон гардад.
.Фаррух Умаров, коршиноси масоили сиёсӣ дар МТС
Тоҷикистон он тавре, ки дар даврони президентии Медведев бо Русия шарики стратегӣ аст, ҳамон хел боқӣ мемонад. Дар самти шарикии стратегӣ ё ҳамкориҳои стратегӣ ягон тағйирот ба вуҷуд намеояд, вале бо дар назардошти он ки соли 2014 эътилофи байналмиллалии зидди терроризм бо роҳбарии Амрико аз Афғонистон хориҷ мешавад, гумон мекунам, ки дар соҳаи амнияти минтақавӣ, ки манзур Осиёи Марказист, шояд ҳамкориҳо ҷиддитар шаванд ва баъзе иловаҳо ворид гарданд. Баъзе ноҷўриҳое, ки дар равобити байни ду кишвар вуҷуд дошт, бештар соҳаи энергетика, ба хусус бунёди Роғун рабт дошт, ки манзур сафари Медведев ба Тошканд буд. Ба фикри ман дар ин самт тағйирот ба вуҷуд намеояд ва Русия агар барои сохтмони Роғун саҳме ҳам гузорад, албатта манфиатҳои худро ба назар мегирад ва дар ин масъала бояд Тоҷикистон сиёсати худро мустақилона пеш барад. Аз сабаби он ки Медведев ва Путин аз як команда ҳастанд, баъд аз ба сари қудрат омадани Владимир Путин ягон тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд намеояд. Баъзе нофаҳмиҳову сардиҳо дар муносибати байни ду кишвар ҷой хоҳад дошт, вале онҳо ихтилофоти принсипиалӣ нахоҳанд буд.
Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшинос
Омадани Путин ба сари қудрат барои Тоҷикистон ҳеч манфиате надорад. Тоҷикистон ҳоло манфиатҳои миллии худро дарёфт кардааст ва дар ҳалли ин ё он масъала ба нерўву захираҳои худ такя мекунад. Ин аз ҳама муҳим аст. Таври маълум, ҳам Путин ва ҳам Медведев ду маротиба ба Тоҷикистон сафар анҷом доданд ва Путин ваъда дода буд, ки ҳам аз бахши давлатӣ ва ҳам хусусӣ зиёда аз 2,5 миллиард доллар сармоя ворид мешавад, вале ин кор амалӣ нашуд. Соли 2008 Медведев ваъда дода буд, ки дар Тоҷикистон се нерўгоҳи миёна месозад, аммо ин гуфтаҳо ҳам амалӣ нагашт. Ҳар дуяшон ҳам ваъда мекунанду вафо не. Бо иваз шудани онҳо вазъ дигар намешавад, балки онҳо аз пайи манфиатҳои худ мебошанд. Лекин Амрико ҳоло ваъда дода истодааст, ки то соли 2014 нерўҳояшро аз Афғонистон мебарорад ва ин масъала метавонад дар оянда ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Русияро бештар кунад. Агар дар ин миён "Газпромнефт" ягон кони газро ба истифода диҳад, хуб мешуд ва автомати Колашниковро бо газ иваз мекардем. Ин ҳам бошад натиҷаи фаъолияти Путин не, балки Медведев ба ҳисоб меравад. Зеро ў соли 2008 ваъда карда буд, ки баъд аз 2-3 сол Тоҷикистон бо гази худӣ таъмин мегардад. Агар Путин ба сари қудрат ояд маълум нест, ки ин ваъдаҳо амалӣ мешаванд ё не.
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ
Дар сурати сари қудрат омадани Путин таъсири Русия ба Тоҷикистон ҳамон гуна хоҳад буд, ки муддатҳои дар ҳукумат буданаш таъсир гузошта буд. Азбаски Владимир Путин як маротиба ҳукуматдорӣ карда буд, он услубу тарзи идорааш ба ҳама ҷаҳониён маълум аст, аз он ҷумла барои ҳукумати Тоҷикистон. Бинобар ин муносибатҳои Русияву Тоҷикистон дар сатҳе хоҳад буд, ки 8 соли пеш, ҳангоми дар сари ҳукумат будани Путин вуҷуд дошт. Умедворем, ки муносибатҳо сардтар намешавад, зеро муносибатҳои сарде, ки Тоҷикистон бо Русия дошт, баъд аз рафтани Путин аз президентӣ ба вуҷуд омад.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ
Воқеан кўшиши бозгашти дубораи Владимир Путин ба мақоми раёсати ҷумҳури кишвари Русия падидаи хуб нест ва аслан ба идеологияи конститутсионализм ва демократия мухолифат мекунад. Боиси таассуф аст, ки ин таҷриба ҳамчун як падида ва зуҳуроти ғайримақбул на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳое, ки режими сиёсии худкомагӣ, яъне тоталитарӣ доранд, таъсири манфӣ мерасонад. Маълум аст, ки мо аз таҷрибаи сиёсии Русия бештар амалҳои манфиашро бо дар назардошти манфиатҳоямон аз худ мекунем ва заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро ба вуҷуд меорем. Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки изҳороти ахири сарвазири феълии Русия, ки нияти бозгаштан ба ҳокимият дар мақоми раёсати ҷумҳурро кард, боиси нигаронии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва матбуоти даврӣ гардид ва ба таври ошкоро танқид карда истодаанд. Албатта, натиҷаи раъйдиҳӣ аз иштироки фаъолонаи интихобкунандагони ин давлат бештар вобастагӣ дорад. Вале ба ҳар сурат, одатан чун қоида ҳар нафаре, ки бо намояндагӣ аз ҳукумат ва зидди ҳукуматӣ дар интихоботҳо иштирок мекунад, хусусан дар низомҳои ғайридемократӣ эҳтимолияти бозгашти зиёдтар дорад. Ва дар маҷмўи масоил мо бояд аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил омўзем ва нияти таҳкими мавқеамон дар миёни ҷомеаҳои мутамаддин ва созмонҳои байналмиллалиро бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва нишон додани фарҳанги сиёсиву тамаддунӣ дошта бошем, баъд ба санадҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ бештар бояд такя кунем.
Сафват Бурҳонов, журналист
Фаромўш набояд кард, ки Путин одами ҳарбист ва мехоҳад, ки Русияро ҳамчун як давлати абарқудрати ҳарбӣ пеш барад. Амрико ва НАТО дар Руминия пойгоҳи ҳарбӣ сохтанд, Путин доду вой дорад, ки барои чӣ ин корро анҷом дод. Ҳол он ки Руминия давлати мустақил аст ва пойгоҳи ҳарбиро аз тарси Русия месозад. НАТО аз Афғонистон мебарояд, Медведев бо Карзай во мехўрад. Медведев худ дар сояи Путин гаштааст. Агар Путин бори дигар президент шавад, вой бар ҳоли Тоҷикистон, то замоне, ки ў аз сари қудрат наравад. Елтсин демократ буд ва сулҳи тоҷиконро дастгирӣ мекард. Путин агар бар сари қудрат ояд, мо бо Ўзбакистон ягон вақт оштӣ карда наметавонем. Ҷанги сарди байни Ўзбакистону Тоҷикистонро маҳз Путин ташкил кард, ба он далел, ки газу нефти Ўзбакистонро бепул кашида ба Европа фурўшад. Ўзбакистон газашро ба мо намедиҳад, ба Путин медиҳад. Ба сари қудрати Русия омадани Путин мазмуни бозмондагии иқтисодии Тоҷикистонро дорад. Агар Медведеву Путин ба навбат президент шудан гиранд, Тоҷикистон бояд тезтар равобити худро бо Русия қатъ кунад. Вагарна дар оянда на Роғун бунёд мегардад ва на Сангтўда-2. Нерўгоҳи Бушаҳрро бо кашолкориҳои зиёд ва баъди ҷанг андохтани Эрон бо тамоми дунё сохтанд. Ҳозир акнун нефту гази Эронро мефурўшанд. Инҳо ғаразҳои худро пиёда карданианд. Путин фарзанди системаи ноамнист. Тафаккури чунин ҳарбиён тафриқа андохта, мардумро қашшоқ нигоҳ доштан аст, ки аз зери итоат берун набошанд. Масъалаҳои пойгоҳи ҳарбиву сарҳад ҳал шуд, акнун навбати бозмондагии иқтисодии мост. Дар Афғонистон дар як сол 5 ҳазор тон маводи мухаддир истеҳсол мешавад ва онҳо мехоҳанд, ки бемалол онро гузаронида дар Аврупо бурда фурўшанд. Ҳамаи инро ҳавопаймоҳои Русия бурда истодааст. Як Ғаффорро ба фурўши маводи мухаддир муттаҳам мекарданд, ҳоло дигар тоҷики крутойи маводи мухаддирфурўш нест. Ин қадар героин чӣ хел мегузарад? Тоҷикистон бояд зудтар аз вобастагии Русия барояд. Тоҷикистон ба як кишвар эътимод карда метавонад, ки он ТОҶИКИСТОН ном дорад. Ба халқи худ бояд такя кунад. Ҳукумати Тоҷикистон асосан худ аз ҳисоби андоз фаъолият мекунад. Қонунҳои манъкунандаро кам кунад ва қонунҳои иҷозатдиҳандаро зиёд намояд. Ба тамоми корҳо, ҳатто носфурўшӣ иҷозатнома даркор аст. Барои дар кўча роҳ гаштан литсензия лозим. Ҳоло, ки ҳукумати Тоҷикистон дар зери таъсири Путин ва Русия аст, ба шаҳрвандони худ иҷозат намедиҳад, ки нон ёфта хуранду пешрафт кунанд. Агар шаҳрванд доро бошад, давлат доро мешавад. Давлати дороро шаҳрвандони доро месозанд, шаҳрванди камбағал давлати доро сохта наметавонад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |