Ҳашмат Сканзай, сухангўйи полиси Кобул гуфтааст, ин инфиҷор дар дохили манзили Раббонӣ сурат гирифт ва дар натиҷаи он Раббонӣ шаҳид ва чанд нафари дигар захмӣ гаштаанд. Таркиш ва куштори Раббонӣ дар ҳоле сурат гирифтааст, ки манзили ў дар наздикии сафорати ИМА, дар минтақаи амни дипломатии Кобул, камее дуртар аз сафорати Амрико ҷойгир буд.
Дар ҳамин ҳол, сухангўйи ҳаракати «Толибон» Забеҳулло Муҷоҳид ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки ин ҳамларо ҷангиёни онҳо анҷом додаанд.
Ба иттилоъи мақомоти Кобул ва хабаргузориҳо Толибон дар чанд рўзи охир Раббониро бо умеди ворид шудан ба музокирот барои сулҳи Афғонистон машғул медоштанд. Аз ҷумла, дирўз ҳам гурӯҳе аз толибҳо барои гуфтушунид бо Раббонӣ омадаанд. Хабаргузории «Рейтерс» иттилоъ додаст, ки яке аз толибҳое, ки ба мулоқоти Раббонӣ омадааст, маводи мунфаҷирро дар салааш пинҳон доштааст ва замони расидан ба ҳузури ў онро фаъол намудааст. Аммо қисме аз расонаҳои дигар хабар додаанд, ки гўё маводи мунфаҷир аз қабл дар манзили Раббонӣ насб шуда будааст. Муҳаммад Зоҳир, сардори бахши таҳқиқоти ҷиноии пулиси Кобул изҳор доштааст, ки ҳамчунин дар ин ҳамла чор нафари дигар низ ҳалок шудаанд ва ноиби Раббонӣ дар Шўрои Олии Сулҳ, Маъсум Станакзай ҷароҳат бардоштааст.
Бурҳонуддини Раббонӣ аз тоҷикони сернуфуз Дар Афғонистон буд, ки соли 1940 дар Файзабоди Бадахшон-шимолу шарқи Афғонистон ба дунё омад буд. Соли 1963 дараҷаи профессори Донишгоҳи Кобулро дар риштаи ҳуқуқи ислом ва фиқҳ ба даст овард. Дар риштаи фалсафаи ислом фориғуттаҳсили Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср буд. Баъди табаддулоти Довудшоҳ дар соли 1973 ба Пешовари Покистон ҳиҷрат намуда, дар набардҳои мусаллаҳонаи ҷанги Афғонистон алайҳи Шўравӣ дар солҳои 1979-1989 саҳми боризе дошт. Ў фармондеҳи як гурўҳи муҷоҳиддини афғон дар ин ҷанг буд, ки шумораи он аз 20 ҳазор бештар буд. Моҳи майи соли 1992 ба Кобул баргашт ва бар асоси Созишномаи Пешовар раёсати ҳукумати мувақатии Афғонистонро ба дўш гирифт. Дар декабри соли 1992 президенти Афғонистон интихоб шуд ва ин масъулиятро то декабри соли 2001, ки аз мақоми президентии Афғонистон истефоъ дод, бар дўш дошт. Аз соли 1996 ба таври расмӣ яке аз пешвоҳои Иттиҳоди Шимол (нерӯҳои муқовиматӣ, ки алайҳи Толибон мубориза мебурданд) буд.
Соли 2010 ба симмати раиси Шўрои Олии Сулҳи Афғонистон интихоб шуда буд. Ҳизби ҷамъияти исломии ў аз аҳзоби сернуфузи Афғонистони муосир ба шумор меравад. Устоди зиндаёд аз соли 1972 то дами марг сарварии ин ҳаракати сиёсиро ба зимма дошт. Ба унвони доктори фалсафаи исломӣ таҳқиқоти арзишмандрео анҷом ва ба нашр омода карда буд.
Шеваи куштори Бурҳониддин Раббониро бархе аз роҳбарони кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳон шадидан маҳкум намудаанд. Аз ҷумла президенти Афғонистон -Ҳомид Карзай, президенти Амрико Борак Обама, Покистон- Осиф Али Зардорӣ, Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон ва соири дигари раисони кишварҳо нигаронии ҷиддии худро изҳор доштаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |