Вақти гузаштани марз дар Қазоқистону Ӯзбакистон ба мушкил мувоҷеҳ шудем, Қазоқистон каме сабуктар буд, аммо Ӯзбакистон душвор. Ба ҷои 25 доллари расмӣ гумрукчиёни ӯзбак аз мо 600 доллар гирифтанд.
Се тим иборат аз 18 нафар сайёҳони итолиявӣ тариқи мошинҳо ба Душанбе ташриф оварданд. Камила Ди Пауло, ихтисосаш пизишк. Як тан аз ин гурӯҳи саёҳон аст, ки дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, онҳо барои расидан ба Душанбе масофаи 8000 километрро бе ягон кӯмаки беруна тай намудаанд, ки дар роҳ ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ шудаанд: «Баъзан вақт бо якчанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудем. Дастрас намудани сӯзишворӣ яке аз мушкилиҳо буд. Ҳамчунин вақте мошинҳо таъмирталаб мешуданд, проблемаҳо низ пайдо мешуд, зеро худамон ба ҳадди кофӣ дар ин масъала омӯзиш надоштем. Дар биёбонҳо низ ҳаракат намудан чандон осон набуд. Ҳаво бениҳоят тафсон буд. Мо ҳар рӯз 12 соат ҳаракат мекардем, то зудтар роҳро тай намоем. Дар ниҳоят мо ба мақсади худ расидем ва хело хушҳолем. Сафари мо аз 30-юми июл оғоз шуд. Мо аз тариқи Словакия, Руминия, Молдова, Украина, Қазоқистон ва Узбакистон ҳаракат намудем. Дар маҷмӯъ, марзи 8-9 кишварро убур кардем. Мо ният дорем, дар рӯзҳои оянда ба омӯхтани Тоҷикистон вақти худро сарф кунем. Сафар ба мо хеле мақул шуд, хеле шавқовар гузашт» . Хонум Камила Ди Пауло зимни сафараш ба Душанбе аз гузаштани марзи Ӯзбакистон изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки дар марзи ин кишвар аз онҳо ғайриқонунӣ пул гирифтаанд:
- Аснои гузаштани марз дар Қазоқистону Ӯзбакистон ба мушкил мувоҷеҳ шудем, Қазоқистон каме сабуктар буд, аммо Ӯзбакистон душвор. Барои гузаштани марз мо маҷбур шудем, ки ба масъулин ғайриқонунӣ пул бидиҳем. 600 доллар барои мошинҳо пардохт кардем. Гузашта аз ин бар илова барои раводид пул додем. Аммо баъд фаҳмидем, ки барои убури марзи Ӯзбекистон аз мо бояд танҳо 25 доллар мегирифтанду бас. Чанд лаҳза пеш ба Душанбе расидем ва хеле хурсанд ҳастем. Александра, дӯсти мо бо мошини падараш ин роҳро тай намуд. Падари ӯ ду сол қабл даргузашт. Вай мехоҳад мошинашро дар Тоҷикистон гузорад, ба хотири падараш. Ҳамаи мошинҳо ҳамчун «қурбонӣ» ба ширкати «Чезвӣ» дода мешаванд. Мо ду гурӯҳ ҳастем, ки роҳи абрешимро тай намудем. Баъзе аъзои гурӯҳ танҳо қабл аз сафар бо ҳамдигар ошноӣ пайдо карданд.
Мо 1 сол шуморо интизор будем
Ди Маттейс Марселло, сайёҳи дигари итолиявӣ мегӯяд ба Душанбе барои дасгирии ҷамоати деҳотҳо ва гузаронидани лоиҳаҳои гуногун дар соҳаи обёрӣ омадаанд. Номбурда иброз дошт, ки ҳангоми гузаштанашон аз Эрон танҳо як нафари онҳо ба мушкилӣ дучор шудааст: «Барои мардуми Италия аз сарҳади Эрон гузаштан мушкил нест. Як нафар ҳамроҳи мо, ки аз Британияи Кабир аст, дар марзи Эрон танҳо ӯ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шуд» .Умед дорем, ки дар Тоҷикистон ба воситаи лоиҳаҳои худ ёрии хурдакак, вале барои мардуми ин ҷо хеле муҳим расонида метавонем, афзуд
Ди Маттейс Марселлои итолиявӣ. Номбурда мегӯяд, пеш аз Тоҷикистон омаданаш дар бораи шароити ин кишвар аз кормандони ташкилоти «Чезвӣ» маълумот гирифтааст. Чанд тан аз ин гурӯҳи сайёҳон зимни сӯҳбаташон иброз намданд, ки соли гузашта ҳангоми ба Душанбе ташриф оварданашон роҳҳо хеле бад будааст, аммо имсол нисбатан хуб шудааст. Вақте сайёҳон ба Душанбе расиданду вориди ташкилоти «Чезвӣ» шуданд, дар он ҷо садои суруди итолиявӣ хеле баланд ба гӯш мерасид. Аз чеҳраашон маълум буд, ки онҳо аз ташрифашон ба Душанбе хеле хурсанданд. Барои сӯҳбат кардан бо журналистон низ хеле мароқ зоҳир менамуданд ва дар сӯҳбатҳояшон пайваста бо ҳам шухӣ мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки беш аз 1 сол боз мо интизори дидори шумо будем. Сайёҳони итолёвӣ ихтисосҳои гуногун, аз қабили барқчӣ, меъмор, муҳандис, табиб ва варзишгарро доранд. Дар маҷмӯъ, гурӯҳи саёҳони 18-нафараи итолиёвӣ то 21-уми август дар Тоҷикистон мемонанд.
Омори расмӣ
Тибқи иттилои расмӣ Тоҷикистон бо Италия дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳим ҳамкориҳояшро ба роҳ мондааст. Гардиши савдо миёни ду кишвар аз рӯи нишондодҳои соли 2009- ум 27, 7 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Италия 15 майи соли 1992 оғоз шудаанд. Моҳи майи соли 2003 байни Тоҷикистон ва Италия «Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо» ба имзо расид. 22 майи соли 2007 дар вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон «Созишнома байни ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкории фарҳангӣ ва илмию техникӣ» ба имзо расид. 2 апрели соли 2009 бошад, созишнома байни ин ду кишвар оид ба ҳамкории иқтисодӣ, саноатӣ ва техникӣ ба имзо расид. Феълан Тоҷикистон ва Италия дар самтҳои гуногун аз қабили гидроэнергетика, саноати нассоҷӣ ,саноати маводи сохтмон ва соҳаи кимиё ҳамкорӣ доранд.
Алишер Зарифӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр