Анатолий Сердюков, вазири мудофиаи Русия имрӯз ба Душанбе намеояд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон зимни шарҳи ин хабар ба «Озодагон» гуфт: «Боздиди Сердюков аз Тоҷикистон ба вақти номаълум ба таъхир афтодааст. Шояд ҳафтаи оянда ин сафар сурат бигирад ва мо дар ин бора ҳатман ба расонаҳо иттилоъ хоҳем дод».
Тавре қаблан хабар дода мешуд, Анатолий Сердюков, вазири мудофиаи Русия мебойист, тибқи нақшаи қаблӣ рӯзи 24-уми июн ба Душанбе меомад. Боздиди Сердюков аз Тоҷикистон кӯтоҳмуддат унвон гардида буд ва зимнан дар Душанбе мулоқоти ӯ бо вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва райисҷумҳури Тоҷикистон дар назар буд. Ҳамкориҳои низомии дуҷониба ва масъалаи омода сохтани афсарон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар донишкадаҳои низомии Русия аз мавзӯоти матраҳшавандаи нишастҳо эълон гардида буданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр