Як ҳамсояаамон хост бо фурӯхтани гӯсолааш квотаро харад, аммо бо шикоятҳои пайдарпайи мо ба аъзои комиссия ниҳоят квота ба фурӯш нарафт ва он насиби бародарам Наимҷон шуд.Ҳоло ӯ дар донишкадаи тарбияи ҷисмонии Душанбе таҳсил мекунад.
Масъулони вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, шумораи квота барои довталабони макотиби олӣ дар имсол камтар аз соли 2010 будааст. Сафарбой Самадов, як масъули ин вазорат ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, барои соли хониши 2011-2012 1146 адад квота ҷудо шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2010, 63-то камтар мебошад. Вазорати маориф дар ҳоле аз коҳиши шумори квота барои соли хониши 2011 - 2012 иттилоъ медиҳад, ки умдатан ҷавонони рустоӣ аз мушкили ба даст овардани он ва дохил шудан дар донишгоҳҳо изҳори нигаронӣ мекунанд.
Имсол ба фарқ аз солҳои қаблӣ масъулияти назорат ва тақсими квотаро дар вилояти Суғд на мудири шӯъбаи илм ва мактабҳои олӣ, балки ин масъулият бар дӯши шӯъбаи идеологӣ вогузор шуда ва ба ин мақсад, ки раванди таксими он шаффоф баргузор шавад ва нафарони арзанда онро соҳиб шаванд.
Аминҷон Шарипов, як масъули шӯъбаи идеологии мақомоти Суғд дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, соли ҷорӣ 292 адад квота барои 17 шаҳру навоҳии дурдасти Суғд ба ғайр аз шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии ин вилоят пешбинӣ шудааст. Оқои Шарипов мегӯяд, ки дар маъракаи тақсими квота шумори бештари довталабон бо иштироки волидон ва ҳам рохбарони синф иштирок карданд ва он дар шароити озоду шаффоф дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Аммо ба ин суол, ки оё кадоме аз ҷавонони рустоӣ имкони бештари соҳиб шудан ба квотаро доштанд, ӯ афзуд, танҳо онҳое пирӯз шуданд, ки дониши хуб доштанд:
- Шумори довталабони квотаро сарварони мактаб ва мақомотҳои маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳо ба мо пешниҳод мекунанд. Се нафар барои гирифтани як квота мубориза мебурданд.Аз миёни се нафар яке аз беҳтаринҳоро, барои ба даст овардани квота мо ва ҳам мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳо маълум менамудем. Барои соҳиб шудан ба квота ягон имтиёз пешбинӣ карда нашудааст ва танҳо ҷавонони болаёқат ва арзанда онро соҳиб шудаанд.
Нигаронӣ аз тақсими нобаробари квота
Ин ҳам дар ҳолест, ки аксар ҷавонони соҳиблаёқати рустоии суғдро мушкилот дар шеваи тақсимшавии квота, барои роҳёбӣ ба донишгоҳҳо ба изтироб овардааст. Ҳарчанд квота ё роҳхат ба донишгоҳ тариқи озмун, бояд насиби ҷавонони соҳибистеъдоду босавод бошад, аммо ҷавононе, ки барои ба даст овардани квота талош варзидаанд, изҳор мекунанд, ки барои соҳиб шудан ба он чун дигар маворид, на донишу савод, балки нақши «восита» муҳимтар аст.
Дилошӯб Носиров, аз ҷавонони ноҳияи Зафаробод чанде қабл изҳор дошта буд, ки як хоҳарзодааш орзу дошт, соли гузашта баъди хатми мактаб бо ба даст овардани квота донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ шавад ва дар оянда барои солимии ҷомеа саҳм бигирад, аммо ӯ аз гирифтани квота бенасиб мондааст. Ба гуфтаи Дилошӯб нафаре квотаро соҳиб шудааст, ки фарзанди яке аз афроди наздик ба мақомот буда:
«Соли 2010 , дар бинои ҳукумати вилояти Суғд маъракаи тақсимкунии квота ҷараён гирифт ва дар он як хоҳарзодаи ман низ ширкат варзид, зеро ӯ дар сабқати ноҳиявӣ барои гирифтани квота имкон пайдо намуда буд. Аммо дар мақомоти вилояти Суғд нафаре квотаро соҳибӣ кардааст, ки аслан дар сабқати ноҳиявӣ ширкат накарда буд ва ҳуқуқи иштирок дар сабқати вилоятиро ҳам надошт. Маълум гардид ки ӯ фарзанди яке аз сарватмандони ноҳия аст ва воситаҳои зиёдро ҳам истифода намудааст».
Гӯсола барои квота, аммо…
Дилошӯб ягона касе нест, ки аз мушкили ба даст овардани квота дар як навоҳии дурдасти Суғд шикоят мекунад. Салимҷон Раҳимҷонов, яке дигар аз ҳамсӯҳбатони мо, ки худро сокинои ноҳияи Спитамен муаррифӣ кард, мегӯяд, ҳоло барои супоридани ҳуҷҷатҳои Икром ном аз пайвандонаш омадааст. Вақте аз ӯ пурсидам, ки чаро барои квотаи президентӣ Икром довталаб нашуд, ӯ гуфт, ки рухдоди ҳодисаи ба сараш омада чандон барои соҳиб шудани квота хушбин намесозад. Вай гуфт, ки дар соли гузаштаи 2010 бародараш Наимҷон барандаи квотаи президентӣ, шуд, ҳамагон маҳорату малакаи ӯро ба чашми сар дида ва ҳеч кадоме аз довталабон дар иҷрои машқҳои ҷисмонӣ бар ӯ баробар шуда натавонистанд, аммо қариб буд, ки квотаи ӯро нафари дигар аз пушти маблағи гӯсола соҳиб шавад : «Як ҳамсояаамон, ки фарзанди ӯ ҳам аз довталабони квотаи президентӣ дар қатори бародарам меистод, ин ҳамсояи мо бо он, ки фарзандаш аз иҷрои машқҳое чун кашидани турник ва брюс набаромад, хост бо фурӯхтани як гӯсолааш квотаро харад, аммо бо шикоятҳои пайдарпайи мо бар аъзои комиссия ниҳоят квота ба фурӯш нарафт ва он насиби бародарам Наимҷон шуд. Ҳоло ӯ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Душанбе таҳсили худро давом дода истодааст».
Ба ин тартиб ин мусоҳиби мо мегӯяд, ҳодисаи ба сарашон омадаи соли гузашта ҳокӣ аст, ки бо вуҷуди доштани донишу маҳорати баланд, аммо барои соҳиб шудани квотаи президентӣ нақши «восита» муассир будааст.
Ҳине ки аз назди факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров мегузаштам, аксари довталабонро мушоҳида мекардам, ки тоблуҳои рекломавии факултаҳои ин донишгоҳро медида, нархномаи таҳсили факултаҳоро муқоиса мекарданд. Бар пояи маълумотҳои расмӣ имсол низ арзи пардохти таҳсилпулӣ дар факултаҳои донишгоҳҳои Хуҷанд аз 1660 то 2860 сомонӣ дакка хурдааст, ки бидуни тардид ин омил ҳам бар мушкили таҳсили ҷавонон меафзояд.
Шикваи омӯзгорон аз муҳоҷирати шогирдон
Дадобой Қобилов, омӯзгори мактаби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ҳамасола мактабҳои таҳсилоти умумии кишварро даҳҳо ҷавонони болаёқат хатм мекунанд, вале ба далели вазъи иқтисодӣ аксари онҳо ба саҳни донишгоҳҳо роҳ пайдо карда наметавонанд ва маъмулан роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд.
«Бисёре аз хатмкардаҳои мактаб шикоят мекунанд, ки ба донишгоҳ дохил шуда натавонистем. Ҳар як ҷавоне, ки баъди хатми мактаб, донишҷӯи донишгоҳ гардад, албатта ин ифтихори мо омӯзгорон ҳаст, зеро онҳо дастпарварони мо маҳсуб мешаванд, аммо мутаасифона ба назар мерасад, ки аксари хонандагон бо адами нодорӣ баъди ба даст гирифтани шаҳодатномаи мактаб, роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд».
Ба ин тартиб коршиносон ҳам мегӯянд, таваҷҷӯҳи нобаробар ва мушкили миёнраву хешутаборбозӣ дар низоми қабули довталабони макотиби олӣ аз омилҳоеанд, ки монеаъи аслии даҳҳо ҷавонони соҳиблаёқати рустоии кишвар гардида, аксариятро дар роҳи дохил шудан дар донишгоҳҳо хаставу дилсард мекунад ва дар бархе маворид, танҳо онҳе ҳам квотаро ба даст меоранд, ки соҳиби молу сарват ҳастанд.
Қамари Аҳрор, Хуҷанд{jathumbnail off}
Мӯҳр