Дар ноҳияи Айнӣ аз сабаби набудани духтури ҷарроҳ, дандонпизишк ба ҷарроҳӣ даст мезадааст. Ҳолатҳои пизишкони дандон ба ҷарроҳӣ машғул шуданашон дар баъзе навоҳӣ нигаронкунанда ба назар мерасад.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор духтур намерасад ва норасоии ҳамшираҳо аз ин рақам ҳам бештар аст. Вазири тандурустӣ, Нусратулло Салимов чанде қабл гуфт, ҳоло хушбахтона аз тарафи ҳукумат ва вазорати тандурустӣ дастгирии тибби хусусӣ рафта истодааст, ки инҳо ҳам кадранд ва ба мардум хизмат мерасонанд. Лекин ин шабу рӯз духтурон намерасанд.
Дар Тоҷикистон норасоии мутахассисони соҳаи тиб зиёд ба чашм мерасад. Ҳолатҳои пизишкони дандон ба ҷарроҳӣ машғул шудашанашон дар баъзе навоҳӣ нигаронкунанда ба назар мерасад. Як дӯстам нақл кард, ки дар ноҳияи Айнӣ аз сабаби набудани духтури ҷарроҳ, дандонпизишк ба ҷарроҳӣ даст мезадааст. Камбуди мутахассисон дар бештари соҳаҳои тиб, аз ҷумла, дар бахши бемории сил ба назар мерасад. Тавре Қурбонгул Зокирова, сармутахассиси вазорати тандурустӣ оид ба бемории сил мегӯяд, бо вуҷуди ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос аз ҷониби масъулини вазорат, духтурони ҷавон ба соҳаи силшиносӣ камтар ҷалб мешаванд. Ҳоло дар соҳаи сил ба ҷои 700 нафар 200 мутахассис фаъолият мекунад. Як омил музди ночиз бошад, сабаби дигар ҳароси духтурон аст, ки намехоҳанд дар байни беморони сил гашта, ба хатари гирифтори бемории сил рӯ ба рӯ шаванд.
Як падидаи дигар, ин муҳоҷир шудани табибон ба дигар кишварҳост, ки ба гуфтаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Убайдулло Қурбонов аз як тараф боиси ифтихор аст, ки табибони тоҷикро дар дигар кишварҳо эътироф мекунанд, аз ҷониби дигар маоши расмии кормандони соҳаи тиб дар Тоҷикистон хеле паст аст. Дар Афғонистони ҷангзада баъди ин қадар ҳодисаҳо як табиб зиёда аз 400 доллар дар як моҳ маош мегирад, мегӯяд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки мувофиқи ҳисоботи қаблии Кумитаи омори кишвар дар соли 2009 маоши кормандони соҳаи тиб ба ҳисоби миёна ҳудуди 250 сомониро ташкил медод.
Дар ҳамин ҳол мушкилоти таъмини пизишкон дар кишварро вазири тандурустӣ, Нусратулло
Салимов вобаста ба заминаҳои гуногун, аз ҷумла, заминаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ медонад. Ба гуфти ӯ, барои таъмини шароити моддӣ имрӯз мутахассисони собиқадори тиб дар кишварҳои Русия, Афғонистон ва Яман кор карда истодаанд, аммо дар дохил пизишкон намерасанд. Муовини вазири тандурустӣ таъмини мутахассисонро дар шаҳрҳо мусбат арзёбӣ карда, танҳо аз мураккаб будани вазъият дар баъзе навоҳӣ изҳори нигаронӣ кард. Вай чунин гуфт: «Имрӯз ин протсеси мигратсионӣ танҳо дар Тоҷикистон нест, тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифтааст. Қисми зиёди духтурони Русия ҳам дар Аврупо кор мекунанд. Инро ҳеч кас манъ карда наметавонад. Ҳар кас зиндагии хуб ва шароити беҳтарро мехоҳад. Лекин ба фикрам нисбати солҳои қабл раванди ба хориҷа рафтани духтурони тоҷик камтар шудааст. Дар солҳои наздик ҳамааш дар ҷои худ мешавад».
Духтур ҳам зиндагӣ дорад
Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол ба 10 ҳазор аҳолии дунё 13 пизишк рост меояд. Аммо дар ҳар қитъаи олам ҳолати тафовуткунанда ба назар мерасад. Дар Аврупо ба 10 ҳазор аҳолӣ 32 пизишк, вале дар Африқо танҳо 2 табиб рост меояд. Дар Тоҷикистон бошад, 19 духтур ба 10 ҳазор аҳолӣ рост меояд. Тавре масъулини вазорати тандурустӣ иброз медоранд, дар ноҳияҳои наздик ба маркази вилояти Суғд таъминот хуб аст, танҳо дар Масчоҳи кӯҳӣ ва ноҳияи Айнӣ камбуди мутахассис эҳсос мешавад. Дар навоҳии тобеи ҷумҳур ва вилояти Хатлон низ вазъият мураккабтар будааст.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Убайдулло Қурбонов дар як сӯҳбаташ гуфт, ки дар
Тоҷикистон ба ҳисоби умумӣ 19 духтур ба 10 ҳазор аҳолӣ рост меояд, ки ин кам аст. Меъёри ҷаҳонии тақсимоти пизишконро аз 25 то 30 адад ба 10 ҳазор аҳолӣ арзёбӣ кард. Ба қавли ӯ, дар шаҳри Душанбе 70 духтур ба 10 ҳазор аҳолӣ, дар Хуҷанд 80, Қӯрғонтеппа 50 ва дар Хоруғ 74 табиб ба ин миқдор аҳолӣ рост меояд. Вале тақсимот дар ноҳияҳо фарқкунанда аст. Масалан, дар ноҳияи Носири Хисрав 2 табиб ба 10 ҳазор аҳолӣ, дар Балҷувон 4 ва дар Шуғнон 5 духтур ба ин миқдор аҳолӣ рост меояд. Ӯ мегӯяд, ки ин мушкили бениҳоят ҷиддист, аммо табибон хоҳиши дар ноҳияҳо кор карданро надоранд. Зеро дар марказ аз як ҷониб барои такмили ихтисос, фаъолияти илмӣ бурдану таҷрибаи зиёд пайдо намудан имконият бештар бошад, аз сӯи дигар дар шаҳр нисбати навоҳӣ маблағ пайдо кардан ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ осонтар аст. Вай аз ҷумла гуфт: «Барои ба меъёри ҷаҳонӣ мутобиқ кардани таъмини мутахассисон бояд имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор духтури дигар дошта бошем. Солона 800-900 нафар ДДТТ-ро хатм мекунанд, ки бо чунин суръат наметавон ҷойҳои холиро пур кард».
Убайдулло Қурбонов мегӯяд, болои ин масъала бояд кор кунем, ки бо кадом роҳ табибони худро дар дохили кишвар нигоҳ дорем.Ӯ пешниҳод дорад, ки барои ҷалби духтурон ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъмурияти навоҳӣ ва мақомоти маҳаллӣ бояд шароити хуб фароҳам оранд, маоши бештар аз шаҳрҳоро муқаррар кунанд, ки табибон барои кор кардан дар маҳалҳо алоқамандӣ пайдо намоянд.
Дар мавзӯи баланд бардоштани маоши табибон шояд шарҳи масъулин вазъияти имрӯзаи иқтисодии кишварро ба инобат гирифтан аст. Вале то кай муаллиму духтур ба беҳ шудани вазъи иқтисодӣ интизор менишинад? Онҳо ҳам зиндагӣ доранд ва маҷбур ба Афғонистону Яман ё кишвари дигар муҳоҷири меҳнатӣ шуда ба кор мераванд.
Исфандиёр Халилӣ{jathumbnail off}
Мӯҳр