Бахшҳо
11 июн 2011 07:18Гузориш

Гандум тоҷикӣ, аммо ордамон қазоқӣ

Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ё теъдоде аз ширкатҳои воридкунандаи орду гандум бозорро дар Тоҷикистон монополия кардаанд ва нархро аз рӯи принсипи «олигополӣ» баланд мебардоранд ва ё аслан ҳосили рекордӣ «худнамоӣ» будаву бас.


Ҳамакнун дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили тирамоҳии ғалладонагӣ шурӯъ гардид. Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, кишти майдони ғалладона соли равон 184, 3 ҳазор гектарро ташкил додаст, ки дар ҳудуди 80 фоизи он гандум корида шудааст.  Ба гуфтаи Қутфулло Зиёдуллоев, сардори шӯъбаи растанипарварии Вазорати кишоварзӣ соли 2010 дар майдони 333 ҳазор гектар ғалладона кишт шудааст, ки аз он 242,2 ҳазорашро майдони кишти гандум ташкил медиҳад. Аз рӯи дурнамо дар соли 2011 ҷамъоварии ҳосили ғалладона тақрибан 1 млн. 200 ҳазор тон тахмин зада мешавад.

Тибқи омори расмӣ дар соли 2010 шумораи аҳолии кишвар ба 7 миллиону 616 ҳазор нафар баробар шудааст ва аз рӯи ин омор талаботи мардум ба орд дар як сол ба 1 млн. 43 ҳазор тонна ва ба гандум 1 млн. 429 тоннаро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Муҳаммадӣ Ормонов, сардори шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғалладонагӣ ҳосили ғалладонаи соли 2010 як млн. 261,3 ҳазор тон буда, ки аз он  911 ҳазору 821 тон гандум мебошад. Соли 2009 ҳосили ғалладона 1,4 млн. тонро ташкил додааст.

Аз сабаби он ки соли 2009 истеҳсоли ғалладона хеле зиёд буд, (1,4 млн.) бархе аз коршиносон тахмин мезаданд, ки дар давоми сол шояд нархи гандуму орд дар бозорҳо паст гардад. Вале баръакс, дар давоми сол нархи орду гандум қиматтар шуд. Иддае аз коршиносон боло рафтани нархи ордро ба афзоиши қимати ғалла дар Қазоқистон ва оташсӯзии майдонҳои ғалладонаи Русия марбут медонистанд. Аммо ин дар ҳоле гуфта мешуд, ки дар Тоҷикистон он сол ғаллаи бесобиқа истеҳсол шуда буд ва мардуми кишварро аз вобастагии гандуми мамолики хориҷӣ метавонист камтар кунад.

Бо вуҷуди он ки 2 соли ахир истеҳсоли гандум дар Тоҷикистон зиёд шуда истодааст, аммо воридоти орд аз Қазоқистон ҳанӯз ҳам идома пайдо мекунад.

«Рекорди коғазӣ» ва воқеияти бозор

Соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1 млн. тон гандум истеҳсол шудааст, ки тақрибан ниёзи аҳолиро бо ин намуди ғалладона метавонист бароварда созад.Талаботи мардум ба гандум бошад, 1,4 млн тон мебошад. Вале ба ҷойи он ки нархҳо арзон шаванд ё дар сатҳи муайян нигоҳ дошта шаванд, баръакс боз гаронтар шуданд. Қимати як халта орд дар бозорҳо соли 2010 аз 85 сомонӣ ба 105-115 сомонӣ баробар шуд. Ҳоло нархи як халта орд ба 140-160 сомонӣ расидааст. Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки оморҳои аз ҷониби вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ пешниҳодгашта чандон воқеият надоранд. Зеро бо вуҷуди дар соли гузашта ғаллаи зиёд ҷамъоварӣ шудан воридоти орд аз хориҷ мисли солҳои пешин идома дорад. Таҳлилгари масоили иқтисодӣ, Зулфиқори Исмолиён бар ин назар аст, ки аслан истеҳсоли ғалла соли 2009 ва 2010 дар умум, бо ҷаву ҷуворӣ ва гандум беш аз 1 млн тон буд ва агар танҳо ҷамъоварии гандумро ҳисоб кунем, чандон ҳосили рекордӣ нест. Зеро гандум соли 2009 ҳудуди 700 ҳазор тон ва соли 2010 наздики як млн. тон ҷамъоварӣ гаштааст ва ин аслан ниёзи аҳолии Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонад. Барои пурра таъмин кардани аҳолӣ тақрибан ба истеҳсоли 400-500 ҳазор тоннаи дигар ниёз ҳаст. Бо ин далел Тоҷикистон ба воридоти ғалла эҳтиёҷ дорад.

Агар деҳқон бозоршинӣ кунад, заминро ки саришта мекунад?

Ахиран, Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбаташ изҳор дошт, ки сабаби аслии болоравии нарх дар бозорҳо аз ҷониби тоҷирони беинсоф сурат мегирад. Онҳо бозорро «монополия»  карда гирифтаанд ва деҳқонро ба он роҳ намедиҳанд. Деҳқон ҳеч вақт қиматфурӯш набуд. Агар вазъ ҳамин тавр идома ёбад, ҷои тоҷирон ба деҳқонон дода хоҳад шуд.

Вале соҳибкор,  Шамсиддин Салимов мегӯяд, ки ин кори маъмулиест, ки як нафар дар замин кор мекунад, нафари дигар маҳсулоти ӯро ба бозор меорад ва саввумӣ онро савдо мекунад. Деҳқон агар савдогарӣ кунад, дар замин кӣ кор мекунад?, мегӯяд ӯ.

Аз як ҷониб агар тайи ду соли ахир ҳосили рекордии ғалла ба даст омада бошад, аз ҷониби дигар ба иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар кишвар 62 ширкат ба воридоти орд ва 23 ширкат ба воридоти гандум машғул аст. Бо ин далел хулоса баровардан мумкин аст, ки воридоти гандуму орд ниҳоят зиёд аст.  Аз рӯи талаботи бозор дар сурати зиёд шудани маҳсулот нархи он низ бояд паст шавад. Лекин баръакси ин раванд ба назар мерасад. Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ё теъдоде аз ширкатҳои воридкунандаи орду гандум бозорро монополия кардаанд ва нархро аз рӯи принсипи «олигополӣ» баланд мебардоранд ва ё аслан ҳосили рекордӣ  «худнамоӣ» будаву бас.{jathumbnail off}

Исфандиёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)