Муҳаммад Зоҳири Акбар, президенти кумитаи миллии олимпии Афғонистон бо як сафари чоррӯза ба Душанбе меояд.
Ии боздид 24 июн оғоз гардида, 28-уми моҳи ҷорӣ ба итмом мерасад.
Тавре ба «Озодагон» аз кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни ин сафар Муҳаммад Зоҳири Акбар бо раҳбарияти кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Ҳамчунин, имзои шартнома миёни кумитаҳои олимпии ҳарду кишвар, ки қаблан мувофиқа шуда буд, пешбинӣ гардидааст.Тибқи барномаи сафар боздиди меҳмонон аз иншоотҳои варзишии шаҳри Душанбе дар назар буда, ҳамчунин онҳо дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, ки ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд, ширкат хоҳанд кард. {jathumbnail off}
Мӯҳр