Экспрессу донишҷӯву як деҳқон
Хуршед Ҷӯраев, донишҷӯи донишкадаи молиявӣ-иқтисодӣ, сокини пойтахт мегӯяд, то имрӯз ду маршут менишастам акнун бо ба миён омадани ин гуна тағйиротҳо дар хатсайрҳо ва болоравии нархи роҳкиро қариб 5 маршут менишинам, ки бароям мушкил аст. Рости сабаби чунин тағйироти хатсайрҳоро намедонам, вале аз сабаби он ки бо ин гуна тағйирот аз дарс дер мемонам, ба ин розӣ шуда наметавонам. Рустам Ибрагимов, сокини пойтахт, ки дар як гӯшаи Душанбе ба деҳқонӣ машғул аст, афзуд, ки аз саҳар то ҳол қариб 3-4 соат мешавад, мунтазири маршут ҳастам, ки маро мисли ҳаррӯза ба ҷои даркорӣ барад, вале вақте манъ мекунем, ронандаҳо мегӯянд : « то охираша намеравем» Охир, ман як одами камбағал астам, бо деҳқонӣ зиндагиро базӯр таъмин мекунам, чӣ гуна метавонам, бо чунин нархҳои гарони роҳкиро ба ду маршут равам, акнун қимат карданд маҷбурем, ки савор шавем.
Як масъули хатсайри мазкур, ки нахост номаш ифшо шавад, мегӯяд: «мақсад аз тақсими хатсайрҳо ва роҳандозӣ намудани экспресс ин осон кардани мушкилоти мусофирон мебошад, хатсайрҳое, ки беш аз 16 км-ро ташкил медиҳанд, онҳоро ба ду қисм ҷудо кардаанд ва ин албатта ба манфиати он нафароне аст, ки то охири ин хатсайр намераванду бо 80 дирам ба ҷои хостааш мерасад. Агар бо экспресс бошад 1 сомону 60 дирам мегиранду то охири хатсайр мераванд» . Ҳамсӯбатамон гуфт, экспресс на ба микроавтобусҳои ҳамаи хатсайрҳо дода мешавад, ин ба хатсайрҳои 2, 8, 17, 19, 25, 28, 54 дода мешавад. Ӯ дар ҳоле аз беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба мусофирон дар ҷудо намудани хатсайру роҳандозии экпрес с ҳарф мезанад, ки бархе аз сокинон аз чунин тасмимҳо баръакс изҳори ташвишу саргардонӣ мекунанд.{jathumbnail off}
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |