Зебинисо Рустамова аз ташаббускорони ин мусобиқот ба хабарнигори «Озодагон» дар вилояти Суғд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории инчунин мусобиқот бо иштироки наврасони маълул мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтани онон аст. Ӯ гуфт, «мутаасифона нафарони имконияти маҳдуд дошта дар шаҳру манотиқи кишвар аз таваҷҷӯҳи мақомот ва ҳам ҷомеа дуранд ва шароити танҳоӣ онҳоро яъсу навмед месозад». Ҳол он ки мегӯяд хонум Зебинисо, ин наврасон ҳам дар баробари дигар хамсолони ҷисман солими худ, ҳунару маҳорати зиёд доранд.
Мӯҳрабозӣ, ки бо иштироки наврасони имконияти маҳдуд дошта баргузор гардид, дар ду марҳила, миёни ҷавонписарон ва духтарон ҷараён гирифт. Аз миёни писарҳо ҷои аввал насиби Ҳофиз Улмасов аз шаҳри Исфара гардида, барандаи мақоми дуввум Раҳмон Каримов аз ҳамин шаҳр гардид. Ҷойи сеюми ифтихориро Бунёд Муродов аз ноҳияи Спитамен ишғол кард.
Бозӣ миёни бонувон ба ин натиҷа ба поён расид: ҷойи аввал Рухшона Шарипова аз шаҳри Хуҷанд, ҷои дуюм насиби Фарзона Қурбонова аз шаҳри Хуҷанд ва ҷои сеюмро Нигина Эргашева аз ноҳияи Спитамен соҳиб шуд.
Маврид ба ёдоварист, айни замон Федератсияи варзишгарони маълули вилояти Суғд 150 нафар узв дошта, аъзои ин иттиҳодия то ин дам, дар намудҳои гуногуни варзиш дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ ширкат ва соҳиби ҷоиза шудаанд.{jathumbnail off}Қамари Аҳрор
Мӯҳр« Январ 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | ||
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 |