Бахшҳо
23 май 2011 06:53Гузориш

Ояндаро ба кӣ мешавад бовар кард: Ба аробакашҳо, ё чаласаводон?

Муаллима маро аз миёни ҳамсинфон хезонда, суханони қабеҳ  зад ва гуфт: «хондан хоҳӣ пулро супор, нахоҳӣ ҳуҷҷатҳоятро гирифта рав,  ман ҳеҷ касро маҷбур намекунам».  Мо камбизоатем, падарам дар  Русия кор карда, ба мо пул мефиристонад.

Аммо ин ҳам ба зиндагии мо кифоят намекунад…

 

Давраи ҷавонӣ, аз тарки мактаб то мошиншӯиву аробакашӣ ва муҳоҷират

Ҳама сола дар моҳи май ҳафтаи ҷавонон дар Тоҷикистон таҷлил мешавад ва 23 май чун рӯзи байналмиллалии ҷавонон пазируфта шудааст. Бо вуҷуди он ки аз шиорҳое монанди «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Оянда дар дасти ҷавонони имрӯз» ва ояндасозиҳо зиёд гуфта мешавад, аммо ба дасти кӣ гузаштани ояндаи миллат, аҳли ҷомеаро бештар нигарон кардааст. Аммо ояндаи миллатро дар ихтиёри аробакашон ё ҷавононе, ки аз сабаби вазъи бади иҷтимоӣ аз таҳсилу тадрис дур мондаанд, чӣ гуна метавон тасаввур кард?

Имрӯз наврасоне, ки ҳанӯз бояд мактаб раванд, аз вазъи бади иҷтимоӣ ва сатҳи пасти зиндагӣ таҳсилро тарк карда, ба аробакашиву мошиншӯӣ ва дигар корҳои сиёҳ даст мезананд ва навҷавононе, ки ҳанӯз мактаби миёна мехонанд, бар ивази он ки таҳсилро дар ягон донишгоҳ идома диҳанд ва соҳиби маълумот гарданд, барои оянда танҳо як орзу доранд: хатми мактаб ва рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ. Чунин ҷараён гирифтани вазъ дар ҷомеа саволеро ба вуҷуд меорад, ки ояндаи миллат ба дасти ҷавони соҳибмаълумоту соҳибкасб меафтад ё муҳоҷиру аробакаш?

Муҳаммад Фармонзода, ҷавони тоҷике, ки ба таҳлили ҷанбаи иҷтимоиву иқтисодии ин мавзӯъ шурӯъ кардааст, мегӯяд, боиси дард аст, ки мизони фақр, фасоди моливу ахлоқӣ, хешовандсолорӣ, набудани ҷойи кор ин ҳама мушкилотҳоеанд, ки ҷавони имрӯзи тоҷик ягона роҳи таъмини маишии худро дар муҳоҷират мебинад. Ҳатто эҳсос мешавад, ки хонандаи имрӯзи макотиби ҳамагонӣ дар фикри рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ шудааст, ки ин хеле хатарзост. Метавон ба мушкилоти беҳдоштиву психологӣ, идеологиву ахлоқӣ мувоҷеҳ шуд.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки то сатҳи фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа нисбат ба тарбияи насли ҷавон тағйир наёбад, бекорӣ ва муҳоҷират мудом дунболагир хоҳад буд. Рӯзноманигори ҷавон, Ҷамшеди Маъруф чунин мешуморад, ки дар қиёс бо ҷавонони хориҷи кишвар, сатҳи донишу ҷаҳонбинии ҷавонони тоҷик заифтару қафомондатар аст. Зеро ба қавли ӯ,  имрӯзҳо ҷавонони дигар мамолики дунё, бо тани «турсиву майкаву футболка» ба донишандӯзӣ ҳозир мешаванду кашфи кайҳону ихтирооти ҷадид ва амсоли инҳоро мавриди таҳқиқот қарор медиҳанд ва бо фаъолиятҳои назаррасашон дар ҷаҳони мутамаддин худро муаррифӣ ҳам сохта истодаанд. Дар ҳоле, ки мо бо масъалаи «мубрами рӯз», чӣ тавр пӯшидани сару либос, ҳатман доштани галстук ва ғайраву ҳоказо мубориза мебарем. Пас, суоли матраҳ он аст, ки бо ин ҳама вазъи имрӯзаи мактабу маориф ва набудани шароити корӣ барои ҷавонон оё метавон гуфт, ки эшон созандаи ояндаи давлату миллат шуда метавонанд!? Суолест, ки шахсан маро зери шубҳа қарор медиҳад. Замоне қабл муаллимаи равоншиносамон гуфта буд, ки «таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити кунунӣ ҳатто кӯдаконе, ки дар боғча тарбият мегиранд, ба ғами зиндагӣ гирифтор шудаанд, ки онҳо қаблан аз батни модар чунин тавлид шудаанд. Яъне, то он замоне, ки сатҳи камбизоатӣ, норасоии шароити иқтисодӣ ва набудани ҷойи кори доимӣ бартараф нагардад ва ё роҳи ҳалли худро дар шароити ҷаҳонишавӣ наёбад, аз замони тавлид то дами куҳансолӣ мардум ҳамоно дар фикри муҳоҷират ҳастанд. Ва чун ин масоил ба таври ҷиддӣ, гарчанде мо одат кардаем, ки «мо ҳам оҳиста-оҳиста пеш рафта истодаем», гӯён барои таскини дили хеш ва ором кардани асаби худ онро дар фикрамон талқин месозем, мисли дигар кишварҳои пешрафта роҳи ҳалли хешро ёбад, метавон гуфт, ки нақши ҷавонони имрӯза ва умуман мардум дар кишвар назаррас хоҳад буд.

 

Мактаб раванд пул талаб мекунанд, нараванд ҷарима!

То оғози таҳсил, ки ҳама сола аз сентябр шурӯъ мешавад, дар кӯчаву бозорҳо шумораи наврасоне, ки кор мекунанд ё кор мекобанд, зиёд ба чашм мерасад. Аксари онҳо ё дар бозорҳо аробакашӣ мекунанд ё дар сари роҳҳо ба мошиншӯӣ машғул мешаванд. Ҳатто як идда мактаббачагон баъди оғоз шудани соли таҳсил ҳам аз кори худ даст намекашанд. Зеро акнун онҳо бояд пули бештар ба даст оранд. Барои хона, барои худ ва барои мактаб.

Беҳрӯз Сафарови 15 сола, ки шавқи таҳсил кардан дорад, аз ҷумлаи чунин наврасонест, ки вазъи бади иҷтимоӣ ва сатҳи пасти зиндагӣ маҷбур кардааст то ду сол пеш тарки мактаб карда, ба мошиншӯӣ машғул шавад. Вай мегӯяд, соли 2009 барои ба мактаб рафтан омодагии ҷиддӣ дидааст, вале баъди се рӯзи дарс муаллима аз ӯ пули бӯр, журнал, парда, моҳ ва китобҳоро талаб кардааст. Ӯ меафзояд, ду рӯз гузашт ва ман пул надоштам, ки супорам, лекин муаллима маро аз миёни ҳамсинфон хезонда, суханони қабеҳ зад ва гуфт: «хондан хоҳӣ пулро супор, нахоҳӣ ҳуҷҷатҳоятро гирифта рав ман ҳеҷ касро маҷбур намекунам». Мо камбизоатем, падарам дар  Русия кор карда, ба мо пул мефиристонад. Аммо ин ҳам ба зиндагии мо кифоят намекунад. Ман маҷбур шудам, ки дар бозори «Сафариён» ба мошиншӯӣ машғул шавам. Вале акнун аз мошиншӯӣ ё ягон кори дигар кардан ҳам метарсам. Зеро аз рӯи қонуни нав падару модарро барои аз таҳсил дур мондани фарзанд ҷарима мекардаанд. Модарам мегӯяд, беҳуда ба кор нарав, ки пули кор кардаат ба ҷарима намерасад. Аммо ман ҳайронам, ки чаро кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба кӯдаконе, ки дар «Интернет-кафе» бозӣ карда мегарданд, кордор нестанд, вале моро, ки аз рӯи зарурат ба корҳои сиёҳ даст задаем, ҷарима мекунанд?!

Аробакаширо аввал аз куҷо омӯхтанд?

Дар шароити кунунии Тоҷикистон, ки аксари мардум камбизоатанд, на танҳо дар мактаби миёна хондан мушкил аст, балки нархи шартномаи таҳсил дар донишгоҳҳо низ хеле гарон ба назар мерасад. Дилшод, як ҷавони тоҷик, ки дар шӯъбаи ғоибонаи факултаи менеҷменти Донишгоҳи иқтисодӣ таҳсил мекунад, дар сӯҳбат мо гуфт, ки баъд аз хатми мактаби миёна ягона илоҷи таҳсилро дар донишгоҳ давом додан ва соҳиби касб гардидан ин рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ буд. Зеро барои дохил шудан ба донишгоҳ пул даркор аст ва дар Тоҷикистон, ба хусус дар навоҳии дурдасти кӯҳистон коре, ки ҳаққи заҳматаш ба шартномаи донишгоҳ кифоят кунад, ёфтан ғайриимкон аст. Вай гуфт:

-Бисёриҳо аз аробакашиву даст ба корҳои сиёҳ задани ҷавонони тоҷик дар бозорҳои Русия ор мекунанд ва чунин ақида доранд, ки ин нафарон обрӯи миллати моро дар назди дигар миллату халқиятҳо паст мезананд. Аммо боре андеша кунанд, ки ҳамин аробакаширо ҷавонони тоҷик аз куҷо омӯхтанд? Дар худи Тоҷикистон наврасон аз хурдӣ бо сабаби душвориҳои зиндагӣ ба аробакашиву мошиншӯӣ даст мезананд, ки боиси аз таҳсил дур шудан ва бемаълумоту ихтисос мондани онҳо мегардад. Вақте мушкилиҳои зиндагӣ онҳоро ба ғарибиҳо мебарад, табиист, ки ҷуз аробакашӣ дигар касберо намедонанд ва ночор барои пул кор кардан даст ба ин корҳои паст мезананд. Аробакаширо ҷавонон аввал дар кишвари худ ёд гирифтаанд. Вақте аз аробакашии ҷавонон дар кишварҳои хориҷ ор мекунем, бояд аз хурдӣ онҳоро дастгирӣ кунем ва дар руҳияи ҷавонмардӣ тарбия карда, ба мушкилоташон расидагӣ кунем.

Дар донишгоҳ савод лозим ё «таға»?

Бо вуҷуде, ки мушкилоти зиндагӣ бештари ҷавононро ба муҳоҷират ва корҳои сиёҳ водор мекунад, аммо ҳама сола мақомоти кишвар мегӯянд, ки барои фаро гирифтани ҷавонон ба таҳсил ва таъмини бекорон бо ҷои кор талоши худро карда истодаанд. Инчунин оморҳое пахш мешавад, ки солона 200 ҳазор ҷои корӣ дар ҷумҳурӣ муҳайё мешавад ва масъалаи бо кор таъмин кардан низ дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Аммо корҳое, ки пайдо карда мешавад, дар аксар ҳолат қонеъкунандаи талаботи ҳаррӯзаи мардум нест ва ҳатто барои роҳкирову наҳорӣ кифоят намекунад.

Вале дар ҳамин ҳол Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ мегӯяд, бахше аз барномаи Маркази имкониятҳои ҷавонон мусоидат барои рушди соҳибкорист, ки тибқи пешниҳоди грантҳои молиявӣ ба нафароне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд ё қадамҳои аввалин мегузоранд, имконияти кор карданро фароҳам месозад. Ин барнома барои онҳое, ки ба ҷои кор ниёз доранд, то андозае мусоидат мекунад. Вай бар ин назар аст, ки новобаста аз он ки ҳукумат хамасола 200-300 ҳазор ҷойҳои кори холӣ ба ҷавонон пешниҳод мекунад, вале ҷомеаи Тоҷикистон зиёд шуда истодааст ва агар омори шумори аҳолӣ ҷамъбаст гардад, шояд аҳолии кишвар ба 8 миллион наздик шуда бошанд ва ин худ зарурати бо ҷои кор таъмин кардани ҷавононро пеш меорад.

Рӯзноманигор Зулолаи Нур чунин мешуморад, ки барои он ки ҷавонон ояндасози кишвар бошанд, бояд аз овони кӯдакӣ онҳоро омода кунанд. Вай гуфт:

-Андешаи оне, ки ҷавонон ояндаи Тоҷикистон ҳастанд, бояд аз камолоти наврасон маншаъ бигирад.  Ба он манзур, ки рушди ҳар як ҷавон ва дар маҷмӯъ давлати тоҷикон аз вазъи зиндагиву ҳолати иҷтимоии кӯчактарин насл вобаста аст. Ояндаи ағлаби ҷавонони мо мисоли шумораи зиёди наврасони дар кӯчаву бозор паси таъмини рӯзгор сарсони мошиншӯву аробакашу салафанфурӯш норӯшан аст. Ҳар сол садҳо нафар мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро хатм кардан замон ба муҳоҷират мераванд, ки касбу кори муайян надоранд. Мушкили асосӣ боз ҳам масъалаи роҳ ёфтан ба макотиби олӣ аст, ки баробари шартномапулии баланд воситаҳои дигареро дар миён дораду чун бештари вақт дониш қадр намешавад, дилсардии ҷавононро ба вуҷуд меорад. Дигар ин ки, чун мутахассиси соҳа маоши қонеъкунанда намегирад, барои рушди ҳамон соҳа талош ҳам намекунад. Чун ҳар нафар мехоҳад шахсияти соҳибтахасус бошаду соҳиби эҳтиром, дар ин замина, агар бигӯем, ки сатҳи маърифати ҷавонони мо дар дараҷаи паст аст ва онҳо майли донишомӯзӣ надоранд, хатои маҳз хоҳад буд. Асос тангии имкониятҳост, ки садди роҳи пешрафти насли навин мегардад.

Касбиятро қабул доранд ё оиласолориро?

Гуфта мешавад, ки дар самти тарбияи насли ҷавон ва дастгирии онҳо ҳанӯз ҳам бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир мешавад. Ҷавони тоҷик, Муҳаммад Фармонзода мегӯяд, дар ҳоле, ки қишри зиёди ҷомеаи кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, мебоист бештар сари мушкилоти хонаводагӣ, таҳсил, ҷойи кори муносиб, ахлоқ ва маънавиёти имрӯзи ин ақшори муҳими ҷамъиятро мавриди таҳқиқи коршиносон, давлатмардон, аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ қарор медоданд ва ба роҳи дурустро ҳидоят мекарданд. Вале ҷойи таассуф аст, ки нисбати насли ҷавон беэътимодӣ ва бетаваҷҷӯҳии зиёд ба назар мерасад ва ҳамин фосилаҳост, ки нақши густардаи ҷавононро дар мудирияту истеҳсолот, илму фанноварӣ ва сиёсату иқтисод дидан ғайриимкон аст. Имрӯз, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба омӯзишу парвариш камранг аст ва ин ҳам бо чанд далел: заъфи фазои хонаводагӣ, нодуруст будани раванди таълим, гаронии шартномаи таҳсил, мушкилоти сунъии идеологӣ, набудани ҷойи кори тахассусӣ, вазъи хароби шароити иҷтимоии муҳассилин ва дигар омилҳоеанд, ки насли ҷадиди истиқлол дар интихоби роҳи илму ихтисос бо яъсу навмеди менигаранд. Имрӯз, мушкили аршади ҷавони тоҷик дар роҳ наёфтан ба донишгоҳу коргоҳҳо гардидааст. Агар як ниҳоде, тадқиқоти саросарии иҷтимоӣ гузаронад, шояд ошкор шавад, ки эътимоди мардум ба донишгоҳу корхонаҳо намондааст. Зеро оиласолорӣ дар ҷомеаи мо дар ҳоли авҷ аст ва ҳар тасмиме бо "қоидаҳои махсус"-е  иҷро мегардад. Умуман, эътирофи фарди ҳирфаӣ дар ҷомеаи мо вуҷуд надорад. Новобаста аз ҳама мушкилоти ҷойдошта, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияти дурусти кадрхои ҷавон, хоса мутахассиси роҳбар таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад ва талошҳои густарда дорад.

Касоди маънавӣ монеаи ояндасозӣ

Иддае аз ҷавонон чунин мешуморанд, ки ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ҳамқадами замон бояд тарбия кард. Вале барои сохтани инсонҳои ҳамқадами замон шароитҳои лозима вуҷуд надорад. Муҳаммад Фармонзода бар ин назар аст, ки феълан, дар марҳилаи давлатсозиву миллати воҳид сохтан қарор дорем ва дар ин кори сангин ҷавонони ҳушмандро бояд ҷалб намоянд. Бояд бо қишри ҷавон огоҳона ва бо ҷиддияти хос муносибат кард ва барои ҷойгузин сохтани вазифаҳои зарурӣ оиласолорӣ ва падарсолорӣ ба назар гирифта нашавад. Чун яке аз омилҳои фирори мағзҳо ва беэътимодӣ ба илму касб маҳз ҳамин падидаҳои манфист. Вазорати маорифро месазад, то як консепсияи муайянеро ба тасвиб расонад, то омӯзишу парвариши муҳассилину мударрисини макотибу мадориси кишварро ба як низоми муайян дарорад ва тарбиятгирандагони ҳирфаиро ба ҷомеа пешниҳод кунад. Чанд сол муқаддам, сиёсати вазорати маориф бештар "оморӣ" буд, феълан "натиҷавӣ" аст. Яъне бозори донишгоҳӣ ба вуҷуд омад, ҳар чи қадар донишҷӯ бештар бошад, ҳамон қадар даромаднокии донишгоҳҳо хубтар аст. Ҳол он ки талабот ба курсҳои донишгоҳӣ дар нисбати тақозои бозори меҳнат бошад, на бештар. Ҳамин нобаробарии тавозун буд, ки як навъ фақри маънавию мудириятӣ дар ҷомеа эҳсос шуд.

Дар урфият  мегӯянд, «миллате, ки касоди маънавӣ дорад, ҳеч гоҳ пешрафт нахоҳад кард». Мушкили имрӯзи насли ҷавони мо ҳам шояд ҳамин бошад, ки аз мактабу таҳсил то андозае дур шудаанд ва ин боис ба костагии маънавии ҷомеа гаштааст.{jathumbnail off}

Исфандиёр Халилӣ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)