Бахшҳо

Маркази намунавии «Тандурустии босифат» дар шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ гардид

«Тандурустии босифат»-ро сафорати Амрико аз шаҳри Ваҳдат шурӯъ кардааст.


Тавре ба «Озодагон» аз сафорати ин кишвар дар Душанбе иттилоъ доданд, Кен Гросс ва муовини аввали вазири тандурустӣ, ҳамчунин райиси ҳукумати шаҳри ваҳдат Анвари Вайсиддин дар маркази саломатии ин минтақа имрӯз маркази намунавиро ифтитоҳ карданд.
Ба гуфти ҷаноби Гросс  лоиҳаи «Тандурустии босифат» ва Маркази намунавии шаҳри Ваҳдат, ки аз тарафи USAID дастгирӣ мешаванд, намунаи қолаби мукаммали кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) мебошад, ки барои аҳолӣ дастрас ва арзон аст. Дар Марказ ҳам омӯзиш ва ҳам хизматрасонии тиббии босифат пешниҳод мешавад. Маркази намунавӣ монанди дигар марказҳои шаҳрҳои Конибодом, Истаравшан, Панҷакент ва Душанбе, ки аз ҷониби USAID дастгирӣ мешаванд, ба беҳтар намудани вазъи тандурустии  Тоҷикистон тавассути хизматрасонии тиббии босифат ва омода намудани кормандони тиб мусоидат мекунад, ки дар муассисаҳои худ хизмати тиббӣ мерасонанд. Комёбии фаъолияти марказҳои мазкур боиси ҷорӣ намудани ин намунаи тандурустӣ дар лоиҳаҳои Корпоратсияи Швейтсария оид ба рушд ва Шабакаи тандурустии Хазинаи Оғоҳон дар Тоҷикистон гардид.
Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи USAID -«Тандурустии босифат» яке аз тарҳҳои сершумори кӯмакрасони USAID мебошад. Аз соли 1992 Сафорати ИМА дар Тоҷикистон тахминан 984 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон пешниҳод намудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)