Як капитани милиса такрор ба такрор мегуфт, «фармони махсус аст, то дар бораи маҷрӯҳон ба касе маълумот надиҳанд» ва сардухтурро иҷозаи сӯҳбат кардан намедод…
Қабл аз бозии навбатии тимҳои лигаи олии футболи мамлакат миёни дастаҳои пешсаф- «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки рӯзи 14-уми июн дар соати 17-30 ба вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор шуд, ҳама ҷойи шаҳр намуди идона дошт. Аллакай дар соати 13 дар варзишгоҳ ҷойи холӣ набуд. Овозхонҳои маъруфи кишвар ба монанди Содиқ Холов, Шабнами Сурайё, Зафари Аюбӣ ва дигарон бо суруду тарона маҳфилро гарм нигоҳ медоштанд.Табъи мухлисон низ болида буд. Бойиси зикр аст, ки ин майдон фақат як бори дигар чунин қабои идона дошту бас: рӯзи ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоби бостонӣ.
Чанд дақиқа пеш аз оғози бозӣ, муовини раиси федератсияи футболи Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ ба варзишгоҳ омад. Зимни суханронӣ ба майдони пур аз ҳаводорони варзиш рӯ оварда гуфт: «салом ба мухлисони «Равшан». Барои футболбозони кӯлобӣ дар ин сабқат бурдборӣ таманно мекунам».
Баъдан, раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев аз номи сокинони шаҳр ӯро хайрамақдам гуфт ва ҷомаву як тоқии гулдузии кӯлобӣ барои эшон ҳадя кард. Инчунин, аз ҷониби мухлисон барои Рустами Эмомалӣ 3-тӯҳфаи дигар низ супурда шуд. Дар майдон бошад, барои аъзоёни дастаи «Истиқлол» ва «Равшан» тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби мухлисони футбол тақдим гардида, ҳуштаки довар аз оғози бозӣ хабар дод
Ҳисоб ба мухлисон таъсири манфӣ гузошт
Таҳти нидову фарёд ва қарсаки мухлисон мусобиқа оғоз гардид. Қисмати аввали бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн ва бештар ҳунарнамоии хуби соҳибони майдон, аммо бе кушодани ҳисоб ба анҷом расид. Қисмати дуюми бозӣ тамоман ранги дигар гирифт. Футболбозони душанбегӣ бештар ба ҳуҷум гузашта, пайваста назди дарвозаи соҳибони майдон ҳолатҳои голзаниро ба вуҷуд меоварданд. Ба назар мерасид, ки бозингарони кӯлобӣ хаста шуда буданд. Дар дақиқаҳои 85-уми бозӣ ба меҳмонон муяссар гашт, ки ба дарвозаи кӯлобиҳо гол зананд. Аз ин ҳолат, баъзе аз мухлисон рӯхафтода шуда, ба сӯи бозингарону доварон ҳақорат медоданд, сангу кулӯх мепартофтанд. 3 дақиқа баъд ҳуштаки довар баланд гашта, аз анҷоми сабқат дарак дод. Табиист, ки бохти дастаи «Равшан» мухлисонро дилшикаставу рӯҳафтода карда буд ва онҳо оҳиста-оҳиста, дашному ҳақораткунон ҷониби баромадгоҳ мерафтанд. ..
Оҳу нолаи мухлисон дар варзишгоҳ
Дар ҳамин маврид, ногоҳ болои мардуми дар як ҷониби нишастгоҳ буда, таркиши гӯшхарош садо дод. Ногуфта намонад, ки маҳз ҳамин мухлисони қисмати нишастгоҳ аснои бозӣ якчанд маротиба ҷониби милисаву кормандони ОМОН, сангу кулӯх партоб карда буданд. Дар натиҷаи таркиш, як қатори ҷои нишаст хароб гаштаву чанд тани дигар захм бардоштанд. Миёни нишастгоҳ як кӯдаки тақрибан 12-14-сола ва чанд ҷавон фиғону нола мекарданд. Боқӣ ҳама бо ҳаяҷону тарс титу парешон гаштанд. Кормандони милиса кӯдак ва он ҷавононро ба мошини ёрии таъҷилӣ шинонда, ба беморхона интиқол доданд. Як корманди дигаре бо либоси мулкӣ пайваста дод мезад, ки мардумро аз варзишгоҳ ҳар чӣ тезтар берун баред.
Рустами Эмомалӣ, муовини раиси федератсияи футболи ҷумҳурӣ бо чанд нафар аз масъулини ин федератсия ва меҳмонон, ҳамчунин раиси шаҳри Кӯлоб то ҳанӯз дар бинои варзишгоҳ буданд.
Пас аз чанд лаҳзаи дигар ҳамин гуна таркиши баланд дар беруни варзишгоҳ ба амал омад. Баъзеҳо мегуфтанд, ки мухлисон чизи таркандае доштаанду аз он истифода мебаранд. Аммо муайян гашт, ки таркишро кормандони ОМОН тариқи пакети газӣ ба амал оварда, издиҳомро пароканда карданианд.
Дар беруни варзишгоҳ аллакай ҳазорон нафар мухлисон роҳҳоро банд кардаву бо сангу ҳар гуна ашё болои милисаву омончиён мезаданд. Дар навбати худ, омончиён, ки бо автомату дубинка ва дигар лавозимот мусаллаҳ буданд, болои мардум пакети газӣ мепартофтанд ва бо тирҳои резинӣ тирпарронӣ доштанд. Милисаҳо низ барои иҷрои вазифа ба сӯи мардум ҳаракат карда, чанд тан аз бетартибгаронро дошта меоварданд. Гуфта мешавад, 6-маротиба болои мардуми ба қиём омада кормандони ОМОН норинҷакҳои газӣ партоб карданд, ки бойиси маҷрӯҳ шудани одамон гардид.Аз ҷониби кормандони милиса ҳам дасти кам 5-нафар ҷароҳати сабуку вазнин гирифтанд. Кашмакаши мухлисони футболу бо ОМОНу милисаҳо то нимаи шаб идома дошт.
«Фармони махсуси боло», яъне чӣ?
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сардухтури беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, шаби гузашта ба беморхона 8-тан аз сокинони шаҳр, ки дар натиҷаи таркиши норинҷакҳои газии омончиён захмиву ҷароҳат бардоштаанд, муроҷиат кардаанд. Аз ин шумора, як нафар бо исми Азизбек Ашӯров корманди ОМОН будааст, ки устухони шохчаи оринҷи дасташ осеб дида, шикастааст. Дигарон шаҳрвандони оддӣ будаанд, ки ҷароҳатҳои оҳанпорагӣ, ё худ «осколочные ранение» гирифтаанду ҳам контузия.
Дар беморхонаи ёрии таъҷилӣ бошад, боз 7-нафари дигар аз мухлисон муроҷиат кардаанд, ки низ бо ҷароҳатҳои сангчаву оҳанпоразада ва контузия будаанд. Аммо дар ин беморхона шумораи зиёди милисаҳо ҷамъ омадаву барои маълумот гирифтан ҳатто барои мо, журналистҳо иҷоза намедонанд. Як капитани милиса такрор ба такрор мегуфт, «фармони махсус аст то дар бораи маҷрӯҳон ба касе маълумот надиҳанд» ва сардухтурро иҷозаи сӯҳбат кардан намедод.
Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, мухлисони кӯлобӣ баъди мағлуб гаштани тими дӯстдоштаашон ҳарчанд дилгиру хиҷил гашта буданд, вале бо бо дашному ҳақорат ва сангпартоии кӯтоҳ тарки варзишгоҳ мекарданд, ки ин хоси мухлисони ба истилоҳ «фанат»-ҳои футболи тамоми дунёст. аст. Аммо бо айби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла ОМОН-и Душанбе, ки тавре гуфтем, бе ягон сабаб болои мардум пакетҳои газӣ партоб карданд ва ин амал бойиси нороҳатии ҷавонони мухлис гашта сабабгори бетартибии оммавӣ гардид. Ба андешаи шоҳидон ин амалиёт ба «як саҳнаи қаблан тарҳрезишуда» монанд буд, ки дастандаркоронаш варзишро ба сиёсат олуда кардан мехостанд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки писари райисҷумҳур барои нахустин маротиба ва ба таври расмӣ ҳамчун муовини раиси федератсияи футбол барои боздид ва тамошои футболи дастаи «Равшан» ба Кӯлоб омада буд.
Ва акнун ба ҷои анҷом
Дар ибтидо гуфтем, Кӯлоб қабои идона дошт, футбол боз ҳам ин идро шукӯҳмандтар карда буд, аммо афсӯс поёни ин ид ҳузнангез буд. Варзишгоҳи нимашикаста, чанд нафар захмӣ ва иддае рӯҳшикаста пас аз ин бозӣ қарор доранд. Акнун суоли боз ин аст, ки кӣ дар «вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиши шаҳрвандон» даст дорад? Метарсам, ки боз ҳам мухлисони қаторӣ ва сокинонро гунаҳкор накунанд… Ба ҳар сурат ин қазия, таҳқиқи ҷиддии масъулини мақомоти интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқро интизор аст.{jathumbnail off}
Аслиддин Достиев, Кӯлоб
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |