Вазъи Тоҷикистон ба шумо маълум, мо бояд «почаамонро ба чени кӯрпаамон дароз кунем», мегӯяд Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон. Аммо иддае аз масъулини соҳа аз ин нигаронӣ доранд…
Мардум ба тибби хусусӣ таваҷҷӯҳи бештар доранд Ҳудуди 40-50 дарсади муассисаҳои тиббиро дар дунё муссисаҳои тиббии хусусӣ ташкил медиҳанд. Гузашта аз ин таҳлилҳо нишон доданд, ки дар Русия то 40%-и аҳолӣ ба муассисаҳои тибби хусусӣ муроҷиат мекунанд. Дар давлатҳои Аврупо бошад 80 % мардум рӯ ба тибби хусусӣ овардаанд, аммо дар Тоҷикистон то ҳол мо ба чунин маълумоти расмӣ дастрасӣ надорем. Маълум нест, ки чанд фисади аҳолӣ ба муассисаҳои тибби хусусӣ ташриф меоранд. Яъне барои муайян кардани он ки мардуми мо бештар ба тибби хусусӣ таваҷҷӯҳ доранд ва ё ба тибби расмӣ, як назарсанҷӣ дар миёни мардум гузаронидан лозим аст, гуфт Дӯстмуҳаммад Аҳмадов, ҷонишини директори
маркази ташхиси табобатии "Шифо". Ба қавли номбурда, феълан дар Тоҷикистон тамоми заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ барои рушди соҳаи тибби хусусӣ фароҳам оварда шудааст, ки ин ба ташаккули ин соҳа мусоидат мекунад. Дустмуҳаммад Аҳмадов як тафовути тибби хусусиро аз тибби давлатӣ дар он медонад, ки муассисаҳои тибби хусусӣ шароиту имкониятҳои хуби ворид кардани фанноварии муосирро доранд, ки бо чунин технологияи замонавӣ онҳо метавонанд рақобат кунанд.
Аз имтиёз то подарозкунӣ
Дар ҳамин ҳол, Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустии кишвар гуфт, имкониятҳое, ки имрӯз муассисаҳои тибби давлатӣ доранд, муассисаҳои тибби хусусӣ аз онҳо бархӯрдор нестанд, ки ин сад дар сад дуруст аст. Ӯ мегӯяд: «Бояд ҳамин хел бошад, чун ки онҳо муассисаи давлатиянд ва сиёсати иҷтимоии давлатро амалӣ мекунанд». Ба қавли номбурда, онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки ба муассисаҳои тибби хусусӣ имкониятҳо дода шавад, аммо ин муроҷиати онҳо амалӣ нагашт:
-Мо ба хукумат муроҷиат кардем, то ба муассисаҳои тибби хусусӣ ҳар гуна имкониятҳо диҳанд, яъне барои фаъолияти онҳо замин чудо карда шавад, барои ворид кардани ҳар гуна таҷҳизотҳо шароит фароҳам оранд, то ин соҳа зудтар рушд кунад, вале муттаасифона бӯҳрони молиявӣ мушкил эҷод кард ва ин тарҳу пешниҳод иҷро нашуд. Вазъи кишварамон ба шумо маълум, мо бояд почаамонро ба чени кӯрпаамон дароз кунем.
Соҳибназар Раҳмонов, мегӯяд, як имтиёзи хеле хуб барои муассисаҳои тибби хусусӣ ин аз оғози соли равон ба миён омадани ҳамон андози 18- фисада шуд, ки нархномаҳояшонро баланд карданд ва ин ба сохторҳои муассисаҳои тибби давлатӣ дахл надорад. Ба қавли номбурда, айни ҳол 90 -фисади муассисаҳои тибби хусусӣ иҷоранишинанд, ки барои пардохти ин ҳама маблағ лозим аст. Дар муассисаҳои тиббии давлатӣ ба таври ғайрирасмӣ пул мегирифтанд, аммо дар хусусӣ бошад ба таври расмӣ. Ҳамин фарқият буд, ки мардум бештар ба муассисаҳои тибби давлатӣ меомаданд, ки бо қабули як қарори ҳукумат ин масъаларо ҳал намудем. Яъне, мо кормандони соҳаи тибби давлатӣ барои муассисҳои тибби хусусӣ як хизмати хирсона мекардем. Феълан, арзиши нархи дору дар муассисаҳои давлатӣ нисбати ҳусусӣ арзон аст, афзуд Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ. Бо вуҷуди он ки ҳамсӯҳбатамон шароити фаъолияти муассисаҳои тибби хусусиро хуб унвон кард, аммо иддае аз масъулини ширкатҳои хусусии тиббӣ ин гуфтаҳоро рад намуданд.
«Виҷдон»-и Махсуми Одина
Юлдош Султонов, директори ширкати «Тиб барои Шумо» аз андозбандӣ, аз пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми вороидоти дору аз хориҷи кишвар, изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, дар ин росто проблемаҳо хеле зиёданд. Ӯ мегӯяд, набояд чунин мушкилолтҳо дар пеши роҳи соҳибкорони ватанӣ бошанд. Номбурда қайд кард, аз ширкаташон доруро нисбати дигар ҷойҳо то 20-30% арзон мефурӯшанд. Ин
ҳама дар ҳолест, ки Махсуми Одина, табиби мардумӣ, дар робита ба ин масъала иброз медорад, ки хоҳ муассиаи давлатист, хоҳ хусусӣ аз виҷдони худи масъулин вобастагӣ дорад. Ҷаноби Одина аз савияи донишу истеъдоди бархе аз табибон ва ҷавононе, ки донишгоҳҳои тиббиро хатм кардаанд, изҳори ташвиш намуд ва таъкид кард, ки агар минбаъд масъулин бо онҳое, ки иҷозати табобат карданро гирифтаанд, ҷиддӣ муносибат накунанд, оқибатҳои нохубро ба миён меорад. Номбурда афзуд, нафароне ҳастанд, ки ихтиёран бо тариқи ҳар гуна гиёҳҳо худро табобат мекунанд, табибоне ҳастанд, ки ба онҳо тавсия медиҳанд,то ба гиёҳҳо табобат накунанд, ки ин гуфтаҳо комилан хатост. Ӯ мегӯяд, бубинед, ҳанӯз Ибни Сино дар гузашта дар асоси хосияти растаниҳо табобат мекард, ки ин ҳоло аз хотири бисёриҳо баромадааст. Абдушафеъ Ҳоҷиев, директори генералии маркази диагностикӣ ва тиббии «Шифо» бошад, бар ин назар аст, ки бе иштироки тибби хусусӣ дастрасии мардум ба табобат ва хизматрасонии тиббӣ мушкил аст. Ӯ мегӯяд, дар баъзе кишварҳои хориҷа як консепсияи махсуси тибби хусусӣ вуҷуд дорад, ки чунин дурнамо фаъолияти онҳоро хуб ба танзим медарорад. Номбурда барои Тоҷикистон ҳам қабули чунин косепсияи вижаро зарур медонад.{jathumbnail off}
Алишер Зарифӣ
Мӯҳр