Форуми тиҷоратии соҳибкорони Эрону Тоҷикистон дар Душанбе сурат пазируфт.
Дар ин ҳамойиш ҳайати Тоҷикистонро Сайидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ва ҷониби чумҳурии Исломии Эронро Ирмонӣ Муҳаммад Козимӣ, роҳбари ширкати «Суруши байналмилалӣ» сарварӣ доштанд. Дар ин нишаст, ба ҷуз тоҷирону соҳибкорон, ҳамчунин намояндагони масъули вазорати тандурустӣ, роҳбарону намояндагони сершумори ширкатҳои ҳарду кишвар иштирок намуданд. Ба иттиллои маркази матбуотии вазорати рушди иқтисод ва савдо, зимни ин форуми тиҷоратӣ, масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф, хусусан дар бахши тандурустӣ ва дорусозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми форуми тиҷоратӣ якчанд санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла санади ҳусни тафоҳум байни вазорати тандурустии Тоҷикистон, хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ҷумҳурӣ ва ширкатҳои эронӣ ба имзо расид, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр