Бахшҳо
14 июн 2011 12:53Гузориш

«Офаттамошо»-и масъулин ва ҳайронии кишоварзони Суғдӣ

Сокинони ноҳияи Ғончӣ мегӯянд, ҳеч нафаре аз мақомотҳои давлатӣ ба онҳо кӯмак накардааст ва онҳо низ умед надоранд, ки масъулин дар ояндаи наздик кӯмакашон кунанд.


Аз омадану дидану рафтани масъулини ҳукумат чӣ фоида?
Бо гузашти ду рӯз аз боридани борону жолаи шадид дар ноҳияҳои Ашту Ғончӣ ва Панҷакент то ба ҳол хисороти ворида бар сари заминҳои кишти картошкаву сабзӣ дар ноҳияи Ғончӣ ва манозили тахрибгаштаву чорвои ба  коми сел фурӯрафтаи мардуми навоҳии Ашту Панҷакент дақиқан маълум карда нашудааст. Ҷамшед Кучаков, ёвари сардори ситоди изтирории  Суғд ба «Озодагон» гуфт, бо  вуҷуди таъсиси ситоди вижа ба ин ҳол зарари воридшуда аз ин офати табиӣ   дар шимоли кишвар пурра маълум нашудааст. Ба қавли ӯ,тахриби зиёди заминҳои кишт кори ситодро мушкил ва боиси ба дарозо тӯл кашидани он шудааст. Вай афзуд, феълан ҳама масъулини ситод дар ҷои ҳодиса кор мебаранд.     
Ёдрас менамоем, пас аз зӯҳри 12- уми июн бар асари боридани жола дар ин навоҳии Суғд селхезӣ ба вуҷуд омада, манзили даҳҳо хонаводаро тахриб, садҳо чорвою қитъаи заминҳои киштзори сокинонро ба коми худ кашидааст. Ин дар ҳолест, ки заминҳои киштзори тахрибгаштаи картошкаву сабзӣ аз васоили умдаи рӯзгузаронии мардуми ин минтақа ба шумор мераванд.
Сокинони заминҳои селрасидаи навоҳии Суғд аз он нигаронанд, ки бо вуҷуди хисороти мавҷуда ҳеч кадом аз масъулини ҳукумат ваъдаи кӯмак ба хонаводаҳои офатзадаро то ҳанӯз надодааст.
Як сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, ба хабарнигори «Озодагон» гуфт: «Дар рӯзи борони шадид ва ҷоришавии сел, масъулини ноҳия ба деҳаи мо омаданд ва, аммо изҳор карданд, ки бар асари хисороти ворида бар заминҳои киштзори сокинон, хукумати ноҳия имкони кӯмак ба деҳқононро надорад».
Аммо сокинони ин ноҳия мегӯянд, ҳеч нафаре аз мақомоти давлатӣ ба онҳо кӯмак накардааст ва онҳо низ умед надоранд, ки масъулин дар ояндаи наздик кӯмакашон кунанд.  
Дар чунин ҳол, аз ташрифи мусъулин ба ноҳияҳои офатрасидаи Суғд  чӣ суд аст?  Магар тамошои пайи офат, боқӣ ҳеч…
Қамари Аҳрор, Хуҷанд
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)