Бахшҳо

1 миллион сомонӣ барои таъмири як асбоби мусиқӣ харҷ гардидааст

Арғунун барои аввалин бор пас аз чанд соли хомӯшӣ ба наво меояд. Ҳамзамон, 27- июни соли равон дар Толори арғунуни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба маросими тантанавии ифтитоҳи Фестивали байналмиллалии «Навои арғунун» баргузор мегардад.Гуфта мешавад барои таъмиру тармими толори арғунун ё «шоҳ»-и асбобҳои мусиқӣ райисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 1 миллион сомонӣ ҷудо намудааст ва мутахассисони ширкати «Ригер-Клосс-Орган»-и давлати Чехия тайи се сол таъмири онро анҷом додаанд.  Ин толор аз ҷиҳати садобарорӣ (акустикӣ) ва арғунун аз ҷиҳати пайваст буданаш бо барномаи компютерӣ беназир буда, дар миқёси Осиёи Марказӣ ягона аст. Бино ба иттилои садорати донишкадаи ҳунарҳои зебо, дар фестивали «Навои арғунун» навозандагони ин намуди асбоби мусиқӣ – Рубен Абдулин аз шаҳри Қазони Русия ва Любов Шишканова аз пойтахти ин кишвар даъват шудаанд. Тибқи нақшаи қаблӣ консертҳои мусиқии арғунун рӯзҳои 27 ва 28 июн соати 17:00 дар Толори арғунун воқеъ дар донишкада баргузор мегарданд. Бояд гуфт, ҳамакнун Тоҷикистон соҳиби толори арғунунии дорои 350 ҷойи нишаст ва арғунуни дорои садои сеҳрангез гашт, аммо дар саросари кишвар ҳатто як  мутахассиси касбӣ ва ё худ арғунуннавоз нест. Ёдрас менамоем, ягона ҳунарманди тоҷикистонӣ, ки ин асбобро хуб идора карда метавонад, Зулфия Халилова аст, ки алъон муқими Олмон асту тайи чанд соли ахир он ҷо кору фаъолият дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)