«Ҳизби муҳоҷирон дар наздиктарин фурсат ба нерӯи устуворе табдил ёфта, яке аз маъруфтарин аҳзоб дар Тоҷикистон ба шумор хоҳад рафт.Ҳамчунин дар интихоботи навбатии парлумонӣ дар Тоҷикистон ин ташкилоти сиёсӣ бояд аксари курсиҳоро соҳиб шавад". Ин изҳороти Каромат Шарифов, раиси "Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия"дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садои зиёдро ба бор овард. Ҳадаф аз таъсиси "Ҳизби муҳоҷирон" -ро Каромат Шарифов дар таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон хориҷ аз кишвар арзёбӣ намуда, мегӯяд, ки дар сурати таъсис ва фаъолият ҳизби ӯ ҷойгоҳ ва нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро зери суол хоҳад бурд.Ин ҳам дар ҳолест, ки таъсиси чунин нерӯи сиёсӣ дар хориҷи кишвар мавзӯи нав набуда, он дар чанд соли ахир дар баҳсҳои гарми матбуотиву доираҳои коршиносӣ қарор дошт.
Аммо пас аз анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ахиран дар меҳвари гуфтугӯҳои зиёди матбуотиву коршиносӣ қарор дошт, садо додани чунин изҳоротро бархе аз коршиносон "шубҳаовар" меҳисобанд. Масъала бо он ҷиҳат ҷиддӣ дониста мешавад, ки қабл аз анҷумани ҲНИТ Каромат Шарифов ба унвонии раҳбарияти ҳизб ва вакилони анҷуман номаи шодбошӣ фиристода, онро як нерӯи фарогир ва таъсиргузори ҷомеаи Тоҷикистон унвон карда буд. Ҳамчунин қабл аз анҷуман раҳбари ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ба манотиқи гуногуни Русия сафар анҷом дода, бо намояндагони гуногуни муҳоҷирони кории тоҷик сӯҳбатҳо дошту гуфта мешуд мавриди истиқболи ҳамватанони мо қарор гирифта буд. Илова ба ин тибқи хабарҳо Муҳиддин Кабирӣ ва Каромат Шарифов дар якҷоягӣ иқдомҳое дар назар доштанд. Анҷумани ахири ҲНИТ ба қавли бархе аз таҳлилгарон нишон додани ҳашамати ин нерӯи сиёсӣ барои ҷомеаи ватанӣ ва хориҷӣ гардид, вале пас аз ин анҷуман раҳбари "наву кӯҳна"-и ҲНИТ эълон дошт, ки ҳадафи онҳо гирифтани қудрати сиёсӣ нест ва онҳо фақат ба фаъолиятҳои парлумонӣ иктифо хоҳанд кард.
Пас чаро мавзӯъ дар ин шакл ва ба чунин кургиреҳ мувоҷеҳ шуд? Оё дар ин ҳолат гуфтан мумкин аст, ки ахиран пас аз анҷумани ҲНИТ ҳам Каромат Шарифов ва ҳам гурӯҳои ба ӯ таъсиргузор аз нуфузи наҳзатиҳо дар байни муҳоҷирони кории тоҷик хавф пайдо кардаанд?
Ин суолҳо дар ҳоле бояд ҷиддитар шаванд, ки дар анҷумани ахири худ ҲНИТ эълон кард рисолати ин ҳизби сиёсӣ феълан аз маҳдудаи Тоҷикистон фаротар бояд баҳогузорӣ шавад. Пас чунин тобиши масъала ба чӣ иртибот дорад?
"Озодагон" кӯшиш мекунад, ба ин ҳама суолҳо посух дарёбад…
Бояд тазаккур дод, ки таъсиси як ҳизби муҳоҷирон пешниҳод нав набуда, қаблан гурӯҳе аз фаъолони кишвар, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ оиди таъсиси як ниҳоди вижа, ҳато вазорати муҳоҷирон сару садо баланд карда буданд. Ба бовари онҳо муҳоҷирони тоҷик берун аз кишвар, бахусус дар Русия мушкилоти зиёде доранд, ки барои бартараф кардани он бояд ниҳоди давлатӣ талош варзад. Ахиран сӯҳбатҳо аз таъсиси як вазорат ё кумитаи давлатӣ мерафт, ки пас аз интихоботи парлумонӣ ҳукумат Хадамоти муҳоҷиратро аз доираи вазорати корҳои дохилӣ берун карду ба як сохтори мустақил табдил дод. Аммо боз ҳам таҳлилгарону онҳое, ки пешбарандаи таъсиси ин ниҳод буданд, изҳор доштанд, ки дар чунин шакл ва рисолат таъсис додани ниҳоди давлатӣ ҳадафи аслии онҳо набуд ва ин сохтор наметавонад мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷикро, ки аз буҷаи мамлакат мабла?ҳои бештар ба иқтисоди Тоҷикистон ворид мекунанд, ҳал кунад. Мавқеи Каромат Шарифов ва созмонҳои мустақили ҷамъиятии Тоҷикистон дар ин росто ба ҳам меомад ва онҳо бештар аз камфаъолиятӣ ё бефаъолиятии сафорати мамлакат дар Русия изҳори назар мекарданд. Аммо ахиран хабарҳое паҳн гардиданд, ки Каромат Шарифовро намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба нишастҳои муҳими худ даъват намуда, ба сифати меҳмони хоса пешвоз гирифтаанд. Бовуҷуд пас аз ин муроот ӯ дар сӯҳбатҳои матбуотии худ ба наҳвае аз фаъолиятҳои ҳукумат, хоса сафорати он дар Маскав интиқодоте сар медод. Коршиносон мегуфтанд бояд дар ин гуна бархӯрд кадом як бозии дигарро бояд интизор шуд. Зеро дар ин авохир муносибати сиёсиву иқтисодии Тоҷикистону Русия ба сардӣ гаравида, "фишанги бензинӣ" аз сӯҳбатҳо дурр набуд ва акнун гуфта мешуд ба сифати нерӯи ахир аз омили муҳоҷирони корӣ дар Кремл истифода ё сӯйистифода хоҳанд кард. Вале ин танҳо ҳарфҳои коршиносона буду бидуни кадом як далели мӯътамад. Пас аз изҳороти Каромат Шарифов ва ҳимояи мақомдорони Тоҷикистон аз изҳороти ӯ назарҳо боз ҳам ҷиддитар гардиданд.
Чаро?
Чаро соҳиби пешниҳод хомӯширо беҳтар донист?
Барои тафсири бештари масъала "Озодагон" ба Каромат Шарифов, райиси "Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия" бо номаи зайл муроҷиат кард:
"Дуруд бар шумо, ҷаноби Каромат Шарифов
Ман Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори ҳафтаномаи "Озодагон"
Дар робита ба изҳороти Шумо оид ба таъсиси Ҳизби муҳоҷирон чанд пурсише ин ҷо пайдо шуд, хоҳишмандем ба онҳо посух бигӯед:
а) Идеяи таъсиси ҳизб солҳо боз идома дорад. Аммо чаро имрӯз нияти таъсиси онро ҷиддитар мешуморед? Кадом омилҳо ва фазои мушаххас инро ба шумо таҳрик медиҳад?
б) Ҳукумат ахиран бо пешниҳоди созмонҳои ҷамъиятӣ, ниходи вижае вобаста ба муҳоҷирон таъсис дод, ҳарчанд коршиносон мегӯянд ин ниҳод ҳам натавонист хостаи онҳоро бароварда созад. Пас, таъсиси як нерӯи сиёсӣ то куҷо ҳалли мушкилотро осонтар, ё баръакс душвортар мегардонад? Умуман дурнамои фаъолияти онро чӣ гуна мебинед?
в) Дар Тоҷикистон сару садои зиёде дар мавриди эҳтимоли пуштибонӣ ёфтани Шумо аз ҷониби ҳукумати Русия зиёд аст, Шумо чӣ назар доред?
г) Чаро зимни пахши изҳорот Шумо аз эҳтимоли аз даст додани ҷойгоҳ ва нуфузи ҲНИТ ёдовар шудед? Дар ҳоле, ки ҳамроҳ бо Муҳиддин Кабирӣ чанд иқдоми якҷоя низ доштеду дар номаи табрикотии худ ба пешвози анҷумани ҲНИТ онро як нерӯи фарогиру таъсиргузор номидед. Оё эълони таъсиси ҳизби нав маънои ихтилофи назар бо Кабирӣ дар масоили муҳоҷирон бо Шуморо дорад, ё сухан аз манфиатҳову таъсиргузории як ҳизби ватанӣ меравад, ки доираи фаъолиятҳои шуморо маҳдуд хоҳад кард?
д) Ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи шумо маълумоти собит надорад. Гоҳ мешунавем, ки бо ҳукумат сӯҳбатҳое дореду дар маъракаҳои онҳо ширкат мекунед, гоҳи дигар мебинем ки интиқоди шадид аз фаъолиятҳои онҳо доред. Решаи ин ҳама ихтилофи назарҳоро аз куҷо бояд ҷустуҷӯ кард?
Барои ҳамкорӣ қаблан сипосгузорем
бо эҳтиром,
Ҳумайро"
Бо фиристодани ин нома ба нишонии электронӣ паёмаке ба телефонии ҳамроҳи ҷаноби Шарифов низ фиристодем. Бо гузашти ду соат аз ҳамон телефон ба мо занг омад ва хоҳиш карданд, то дубора номаро бифиристем, ки чунин ҳам кардем. Аммо дар натиҷа то замони чопи рӯзнома аз Каромат Шарифов посухе дар робита ба пурсишҳои худ нагирифтем.
Чун аз ҷаноби Шарифов ба мо ҷавобе нарасид, тасмим гирифтем дар робита ба изҳороти эшон мавқеи ҳукумати Тоҷикистон ва нерӯҳои сиёсиро бипурсем.
Қурбоналӣ Раҳмонов, мушовири раисҷумҳур оид ба илм ва фанноварӣ (технология)-и муосир мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон аз изҳороти Каромат Шарифов хуш истиқбол намуд. Агар иқдоми мазкур ба хотири беҳдошти вазъи муҳоҷирон-шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар гирифта шудааст, пас ҳукумат аз он ҳатман пазироӣ дорад. Дар робита ба суханони ҷаноби Шарифов роҷеъ ба танг намудани доираи фаъолияти ҲНИТ ва ҳамзамон аз худ кардани бештари курсиҳои парлумони Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов мегӯяд, ки инро танҳо вақт нишон медиҳад. "Фаъолият ё таъсиси "Ҳизби муҳоҷирон" набояд рабте ба ҲНИТ ва фаъолияти ин ҳизб дошта бошад. Дар Тоҷикистон ҳар гурӯҳҳои ҷамъиятиву сиёсӣ тибқи Сарқонун амал мекунанд. Агар мақсади аслии Каромат Шарифов беҳтар кардани вазъи муҳоҷирон дар хориҷ аз кишвар аст, ба назари ман ҳеч ҳизби сиёсие дар Тоҷикистон аз он канораҷуӣ намекунад" мегӯяд Қурбоналӣ Раҳмонов. Ба гуфтаи номбурда муносибати ҳукумати Тоҷикистон бо аҳзоби сиёсӣ низ дар доираи қонун буда, феълан бояд мунтазир шуд ва дид, ки ҳизби Каромат Шарифов то чӣ андоза миёни шаҳрвандон маъруфият пайдо мекунад.
Дар робита Сайидиброҳими Назар, масъули ҲНИТ мегӯяд, ки қабл аз таъсиси ҳизб Каромат Шарифов набояд ҷойгоҳу нуфузи ҳизби дигареро зери суол бибарад. Зеро ҲНИТ дар тамоми масоили марбут ба шаҳрвандону давлати Тоҷикистон омодааст, бо аҳзоби дигар ҳамкориро ба роҳ бимонад. "Ба фикри шахсии ман инҷо ҷаноби Каромат Шарифов як каме ҳангомаҷӯӣ кардааст. Ҳизбро таъсис надода, чӣ гуна метавон аз фаъолияти ҳизби дигар эрод гирифт. Ҳоло мардуми Тоҷикистон аз шахсият ва фаъолияти Каромат Шарифов шинохти комил надорад. Мо намедонем, ки оё муҳоҷирон ӯ ва иқдомҳояшро қабул доранд ё на. Эҳтимол меравад, ҳамон гурӯҳи муҳоҷироне, ки Каромат Шарифов ба онҳо такя кардааст, ҳаводорони ҲНИТ бошанд",- иброз дошт Сайидиброҳими Назар. Номбурда дар идома гуфт, ки ҳеч нерӯ ва ҳизбе наметавонад ба зудӣ мавқеъ ва маъруфияти феълии ҲНИТ-ро аз байн бубарад.
Дар тақвияти ин суханҳо Абдулғанӣ Маҳмадазимов раҳбари Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷомеа ба зудӣ пайдо кардани маъруфият аз ҷониби як ҳизби сиёсӣ имконнопазир аст. Илова бар ин, дарҳол пас аз анҷумани ҲНИТ дар чунин шакл эълон доштан аз таъсиси як ҳизбро метавон ҳушдоре ба Муҳиддин Кабирӣ ва ҷонибдорони вай унвон намуд. "Аз эълони Кабирӣ дар робита ба пайдо кардани маъруфият миёни муҳоҷирон ва ҳатто ба роҳ мондани фаъолият берун аз кишвар фурсати начандон зиёд гузашт. Барои ҳамин метавон гуфт, ки паси изҳороти Каромат Шарифов як гурӯҳе қарор дорад. Аммо раҳбари он кист, он чӣ гурӯҳ ва кадом аҳдоферо дар пай дорад, ҳоло намедонем. Танҳо ҳаминро мегӯям, ки пахши изҳорот дарҳол пас аз баргузории анҷумани навбатии ҲНИТ шубҳанок аст. Ба ҳар сурат метавон гуфт, ки ин изҳорот вокунише ба суханони Кабирӣ аз як ҷониб буд",- мегӯяд Абдулғанӣ Маҳмадазимов.
Аммо дар асл чиро бояд интизор шуд ва ҳадафҳо ҳамонананд, ки тахмин зада мешаванд, суолҳоеанд, ки ба онҳо танҳо бо гузашти вақт метавон ҷавоби саҳеҳ дарёфт. Дар ин робита "Озодагон" омодааст посухҳои ҷаноби Каромат Шарифовро низ дар шумораҳои дигар, агар мехоҳанд, ба нашр расонад.Агар эшон чунин тасмим бигиранд…
Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |